Шавкат Мирзиёев: Ҳамаи ислоҳот ва ҳаракатҳоро якҷоя бо ҷамъият амалӣ менамоем

  • Шавкат Мирзиёев: Ҳамаи ислоҳот ва ҳаракатҳоро якҷоя бо ҷамъият амалӣ менамоем
  • Шавкат Мирзиёев: Ҳамаи ислоҳот ва ҳаракатҳоро якҷоя бо ҷамъият амалӣ менамоем
  • Шавкат Мирзиёев: Ҳамаи ислоҳот ва ҳаракатҳоро якҷоя бо ҷамъият амалӣ менамоем
  • Шавкат Мирзиёев: Ҳамаи ислоҳот ва ҳаракатҳоро якҷоя бо ҷамъият амалӣ менамоем
  • Шавкат Мирзиёев: Ҳамаи ислоҳот ва ҳаракатҳоро якҷоя бо ҷамъият амалӣ менамоем
  • Шавкат Мирзиёев: Ҳамаи ислоҳот ва ҳаракатҳоро якҷоя бо ҷамъият амалӣ менамоем
  • Шавкат Мирзиёев: Ҳамаи ислоҳот ва ҳаракатҳоро якҷоя бо ҷамъият амалӣ менамоем

Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 26 январ бахшида ба баррасии Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026 ва татбиқи он дар соли ҷорӣ ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.

Имрӯз мардуми сермиллати 35 миллионнафараи мо бо мақсади бузурги расидан ба сатҳи зиндагии ба кишварҳои пешрафта мувофиқ, бунёди ҷомеаи одилона, озод ва шукуфон зиндагӣ мекунанд. Аз ин рӯ, Шавкат Мирзиёев дар интихоботи президентии соли гузашта ғояҳои «Ба хотири шаъну шарафи инсон» ва «Давлат барои мардум»-ро ба миён гузошта буд. Бо мақсади татбиқи онҳо бо назардошти фикру пешниҳодҳои аҳолӣ Стратегияи рушд барои солҳои 2022-2026 таҳия шудааст.

Ин ҳуҷҷати барномавӣ муайян менамояд, ки тамоюли рушди кишвари мо дар ояндаи наздик ва миёна чӣ гуна хоҳад буд, афзалиятҳоро дар ин самт муқаррар мекунад. Дар он таваҷҷуҳи хоса ба таъмини пай дар пайӣ ва давомнокии ислоҳот дар асоси тамоюли “Аз стратегияи ҳаракат – ба Стратегияи рушд” дода шудааст.

Бо назардошти қоидаҳои стратегияи нав лоиҳаи барномаи давлатии “Соли гиромидошти қадри инсон ва маҳаллаи фаъол” низ таҳия гардид.  Дар рафти муҳокимаи кушоди лоиҳаи мазкур аз аҳли чамъият зиёда аз 17 ҳазор пешниҳод ворид гардид. Онҳо тасниф ва ҷамъбаст карда шуданд, лоиҳаи барнома бо зиёда аз 300 ташаббус пурра гардид.

Сарвари давлатамон барои чунин фаъолнокӣ, эътимод ва иштирок дар ислоҳот ба мардуми мо миннатдорӣ баён кард.

– Мафҳуми шаъну шарафи инсон барои мо як навъ мафҳуми абстрактӣ, пурҳашамат нест. Вақте ки мо дар ин бора сухан меронем, пеш аз ҳама, таъмини ҳаёти осудаю бехатари ҳар як шаҳрванд, ҳуқуқу озодиҳои асосии ӯро дар назар дорем. Мо қадри инсонӣ гуфта, фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ва инфрасохтори замонавӣ барои ҳар як шаҳрванд, дастрасӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ, таҳсилоти босифат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳити солими экологиро дар назар дорем. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф мо дар назди худ вазифа гузоштаем, ки аз имкониятҳои ниҳоди маҳалла, ки як сохтори нодири демократии ҷаҳон аст, самаранок истифода бурда, ваколатҳои онро боз ҳам васеътар гардонем, то ки дар ниҳоят маҳалларо ба як ҳалқаи ҳалкунандаи ҷомеаамон табдил диҳем. Агар дар маҳалла сулҳу осоиш ҳукм фармояд, дар кишвар осудагӣ мешавад. Агар маҳалла обод бошад, тамоми кишвар низ обод мешавад, – таъкид кард Президент.

Стратегияи рушд аз 7 самти афзалиятнок ва 100 мақсад иборат аст. Ин:

  1. Бунёди давлати халқӣ бо роҳи таъмини манфиатҳои инсон ва инкишофи минбаъдаи ҷамъияти озоди шаҳрвандӣ;
  2. Ба шарти асосӣ ва зарурии рушди мамлакат табдил додани тамоюлҳои адолат ва волоияти қонун;
  3. Рушди иқтисодиёти миллӣ, таъмини суръати баланди афзоиши он;
  4. Татбиқи сиёсати одилонаи иҷтимоӣ, инкишофи сармояи инсонӣ.
  5. Таъмини инкишофи маънавӣ, ба марҳалаи нав баровардани ин соҳа;
  6. Муносибат ба проблемаҳои умумибашарӣ бо назардошти  манфиатҳои миллӣ;
  7. Мустаҳкам намудани амният ва қобилияти мудофиавии мамлакат, пеш бурдани сиёсати ошкоро, амалӣ ва фаъолонаи хориҷӣ.    

 

Дар Барномаи давлатии татбиқи Стратегияи рушд дар соли ҷорӣ 398 тадбир пешбинӣ шудааст, ки барои татбиқи онҳо 55 триллион сӯму 11,7 миллиард доллар ихтисос дода мешавад.

Дар ҷамъомад Сарвари давлат таъкид дошт, ки тамоми кӯшишу маблағҳои ҷудошуда бояд ба ҳар як маҳалла расида, ба беҳбудии оилаҳо хизмат кунанд.

Президент перомуни ҳар яки ҳафт самти устувор истода гузашта,  ҷиҳатҳои муҳимтаринро нишон дод.

Аз ҷумла, зарурати ба звенои такягоҳи идоракунии ҷамъиятӣ ва назорат, такмил додани низоми мулоқот бо халқ, татбиқи барномаҳои минтақавӣ бо назардошти афкори умум табдил додани маҳалла таъкид гардид.  

Қайд карда шуд, ки аз ҳисоби минбаъд васеъ гардондани имкониятҳои бонувон барои таҳсил ва меҳнат бекории байни онҳоро ду баробар кам кардан мумкин аст.

Сарвари давлатамон дар бораи самти дуюм сухан ронда, қайд намуд, ки яке аз вазифаҳои асосӣ ба қатори кишварҳои дорои «индекси волоияти қонун» дохил шудан аст. Бо ин мақсад низоми нави таъмини кафолатноки ҳуқуқи шаҳрвандон ва соҳибкорон аз ҳисоби ҳифзи боэътимоди моликият ва васеъ намудани ваколатҳои судҳои маъмурӣ таъсис дода мешавад.

Идоракунии ҳаракати нақлиёт бо мақсади фароҳам овардани шароити бехатар дар роҳҳо, ба таври назаррас коҳиш додани садамаҳои нақлиётӣ ва марговар ба таври пурра рақамӣ карда шуда, назорат ва масъулият дар соҳаи таълими ронандагон пурзӯр карда мешавад.

Сарвари давлатамон ба аҳамияти босуръат тараққӣ додани иқтисодиёти миллӣ дахл кард.

 – Пўшида нест, ки имрўз ҳифзи сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими истиқлолият, таъмини тамомияти арзии кишвар, дахлнопазирии сарҳадҳоямон вазифаи аз ҳама муҳим, агар хоҳед, аввалиндараҷа мебошад. Танҳо иқтисодиёти устувор имкони ҳалли мушкилоти иҷтимоиро фароҳам меорад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.  

Аз ин рӯ, дар стратегия як қатор тадбирҳо ҷиҳати рушди ҳамаҷониба ва пешрафтаи бахшҳои иқтисод, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ пешбинӣ шудаанд.

Аз ҷумла, мақсади дар панҷсолаи оянда ба 100 миллиард доллар расондани маҳсулоти нохолиси дохилӣ гузошта шудааст. 1,4 баробар зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти саноат ва камаш 2 баробар коҳиш додани камбизоатӣ пешбинӣ шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз ҳисоби рушди илму навоварӣ, ҷорӣ намудани механизмҳои бозорӣ дар соҳаи кишоварзӣ даромади фермеронро ду баробар зиёд кардан ва афзоиши солонаро дар  соҳаи кишоварзӣ камаш ба 5 фоиз расонидан мумкин аст, таъкид гардид дар ҷамъомад.

Ҳамчунин, ҷалби 120 миллиард доллар ба иқтисодиёт, аз он ҷумла 70 миллиард доллар сармояи хориҷӣ дар тӯли панҷ соли оянда, зиёд гардондани содироти солона ба 30 миллиард доллар дар назар аст.

 – Аз ҳама душвораш он аст, ки иҷрои ин вазифаҳои бузург дар шароити пандемия ва бӯҳрони ҷаҳонӣ рост меояд. Ин аз мо қувваи бузург ва захираҳо, иродаи мустаҳкам ва интизоми қатъӣ, пурра сафарбар намудани тамоми имкониятҳоро тақозо дорад, – гуфт раҳбари давлат.

Вазифаҳои асосии соҳаи иҷтимоӣ низ муайян карда шуданд. Аз ҷумла, дар панҷсолаи наздик дар мактабҳо ба таври илова 1 миллиону 200 ҳазор ҷои талаба ташкил карда, китобҳои дарсӣ нав карда мешаванд. Аз ҳисоби зиёд гардондани шумораи боғчаҳои давлатӣ ва хусусӣ фарогирӣ бо муассисаҳои томактабӣ ба 80 фоиз мерасад.

Инчунин, ворид намудани муассисаҳои таълими олӣ ба рейтингҳои бонуфузи байналмилалӣ ва сохтмони хобгоҳҳои донишҷӯён иборат аз 100 ҳазор ҷой дар асоси шарикии хусусӣ вазифаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.

Зарурати баланд бардоштани сифат, таҳкими пойгоҳи моддию техникии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, ба таври васеъ ҷорӣ намудани тибби рақамӣ таъкид шуд. Пешбинӣ шудааст, ки маблағи буҷет барои дору ва асбобу анҷоми таъиноти тиббӣ 3 баробар зиёд карда шавад.

Зимни баррасии тадбирҳо дар соҳаи маънавиёт аҳамияти истифодаи самараноки имкониятҳои зиёда аз 12 ҳазор китобхона, муборизаи муштарак бар зидди таҳдидҳои идеологӣ дар асоси ғояҳои миллӣ таъкид гардид.

Вазифаҳо гузошта шуданд, ки шумораи одамоне, ки мунтазам бо тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғуланд, то 33 фоиз зиёд карда, харакати олимпӣ ва паралимпӣ боз ҳам инкишоф дода шавад.

Ба масъалаҳои экология ва ҳифзи муҳити зист, татбиқи лоиҳаи миллии «Макони сабз» эътибори ҷудогона дода шуд.

Доир ба ташкили мунтазами муҳоҷирати меҳнатӣ, омӯзонидани шаҳрвандон ба забону касбҳои хориҷӣ, густариши робита бо ҳамватанон дар хориҷа дастурҳо дода шуданд.

Боз як самти муҳими Стратегияи рушд мустаҳкам кардани бехатарӣ ва иқтидори мудофиавии Ватанамон, пеш бурдани сиёсати фаъоли хориҷии ошкоро ва прагматикӣ ба ҳисоб меравад.

Ба ин мақсад консепсияи бехатарии Ӯзбекистони Нав қабул карда мешавад. Низоми  пешгирии ҳамлаҳои технологияҳои иттилоотӣ ва таъмини киберамният таъсис дода мешавад. Системаи идоракунии ҳолатҳои фавқулодда такмил дода мешавад. Супориш дода шуд, ки механизмҳои нави мониторинги ҷараёнҳои молиявии дохилӣ ва хориҷӣ, пешгирии хатарҳои марбут ба онҳо таҳия карда шаванд.

Президент талаб гузошт, ки ҳуҷҷатҳои марбут ба Стратегияи рушд ва вазифаҳои дар ҷаласа гузошташуда пухта тайёр карда, дар бораи иҷрои онҳо дар назди ҷомеаи васеъ мунтазам ҳисобот дода шавад.

– Одамон бояд тамоми дигаргуниҳо, иҷрои амалии барномаҳоро дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ ҳис кунанд. Ҳадафи асосӣ ҳамин аст, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Ба Девони Вазирон оид ба ташкили иҷро ва назорати татбиқи Стратегияи рушд ва барномаи давлатии соли ҷорӣ супоришҳо дода шуданд. Ба ҳокимиятҳо супурда шуд, ки барномаҳои минтақавиро ба ҳуҷҷатҳои муайяншуда мутобиқ гардонда, муҳокимаи ҷамъиятии онҳоро гузаронанд.

– Ҳамаи ислоҳот, тамоми ҳаракатҳоро якҷоя бо ҷамъият амалӣ менамоем. Ҳамаи мо бояд муттаҳид шуда, ба халқамон хидмат кунем, – гуфт Президент.

Бинобар масъалаҳои дар ҷамъомад баррасишуда Сарвазир ва муовинони ӯ, вазирон, ҳокимҳо ва намояндагони ҷомеа нутқ эрод намуданд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: