СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР МАРОСИМИ ТАНТАНАВИИ БАХШИДА БА 32-ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Ҳамватанони азиз!

Собиқадорон, ҷавонони муҳтарам!
Меҳмонони муҳтарам!
32 сол пеш Ӯзбекистон истиқлолияти худро эълон намуд. Дар замони гузашта мо бо ҳам роҳи бузургро тай намудем, машаққат ва озмоишҳои зиёдро паси сар намудем.
Агар ба таври образнок бигӯем, кудаке, ки 32 сол пеш аз ин ба дунё омад, аллакай чун шахсияте, ки фикри мустақили худ, ҷаҳонбинӣ, орзу, ормон ва мақсадҳои худро дорад, ташаккул ёфт. Мисли ин Ӯзбекистони имрӯз, ки дар роҳи озмоишҳо обутоб ёфт ва таҷрибаи ногузирро касб намуд, чун давлати соҳибистиқлол ташаккул ёфт, ки мақсадҳои мушаххас, роҳ ва мавқеи худро соҳиб аст.
Ин дастовардҳои таърихии тамоми халқамон мебошад. Ва дар ин саҳми муносиби ҳар яки шумо ҳаст.
Меҳнати рӯзмарраи шумо, азизони ман, ки аз муҳаббат ва садоқат ба Ватан саршор мебошад, барои мустаҳкамсозии минбаъдаи истиқлолияти Ӯзбекистон хидмат менамояд. Ба ин маънӣ гуфтан дуруст аст, ки ҷашни истиқлолият — ҷашни умумии мо, Ӯзбекистони соҳибистиқлол — ифтихор ва шарафи умумии мост.
Дар ин лаҳзаҳои эҳсосотӣ, самимона аз таҳти дил бо ҷашни бузурги имрӯза муаллимон ва мураббиёни муҳтарамро, ки дар шароити гуногун ба касби худ содиқ мемонанд, ба пояҳои дониш ва илм насли наврасамонро таълим медиҳанд, духтурони шуҷоатмандамонро, ки худро барои саломатии халқ мебахшанд, деҳқонон ва фермерони кордонро, ки дар майдонҳо бо заҳмат кор карда, фаровонии мамлакатамонро таъмин менамоянд, хидматчиёни ҳарбии далерро, ки сипари Ватанамон ба шумор мераванд, соҳибкороне, ки дар роҳи рушди иқтисодиёт, баланд бардоштани некуаҳволии мардум фаъолият ва ташаббускорӣ зоҳир менамоянд, ҷавонони неруманду азмкунандаро, ки моро бо муваффақиятҳои худ шод мегардонанд, занони муҳтарамро, ки бо гармии қалб ва сифатҳои баланди инсонигарӣ қури хонаамонро гармтар мегардонанд, падарон ва модарони бошарафамонро, ки моро дар тамоми корҳоямон дуои нек мекунанд, аз Парвардигор бароямон неру ва дастгирӣ мехоҳанд, ҳамватанони азизро, ки дар кадом мамлакати ҷаҳон ҳам набошанд, бо муҳаббат ба Ватан зиндагӣ мекунанд, хуллас, тамоми мардуми 36-миллионнафараамонро табрик менамоям. 
Ҳамаи шуморо бо Рӯзи истиқлолият табрик менамоям!
Дӯстони азиз!
Табиист, ки соҳиби истиқлолият, истиқлолияти давлатии Ӯзбекистон гардидан осон набуд. Кӯшишҳои сиёсӣ ва маърифатии гузаштагонамон дар ин роҳ дар тӯли яксаду панҷоҳ сол қавӣ мегардид. Бисёр ватанпарастон, ки барои озодии Ватан мубориза бурдаанд, репрессия гардидаанд, қаҳрамонони халқ, ки барои истиқлолияти он кӯшиш кардаанд, қурбони зӯроварӣ ва қонунвайронкунӣ гаштаанд. 
Мо дар назди худ мақсад гузоштаем, ки номҳои поки ҳамватанонро барқарор созем, ки онҳо беадолатона гунаҳгор дониста, хароб гаштаанд ва ормонҳои худро дар бобати озодии мамлакати азизашон ба амал татбиқ нанамудаанд. Дар 3 соли охир аз ҷониби Суди олӣ 856 қурбонии репрессияи сиёсӣ сафед карда шудаанд. Мо албатта ин кори хайрро давом медиҳем. Адолат бояд тантана намояд.
Ба гузашта назар намуда, мо маҷбур ҳастем, ки ҳақиқати талхро эътироф намоем: пеш мафҳуми «ӯзбек» танҳо бо он таҷассум меёфт, ки рӯзу шаб дар майдонҳои пахта меҳнат менамуд.
Мутаассифона, он вақт ҳамин тавр буд. 
Монополияи пахта барои халқамон тамға гардид. Сиёсати пахта Аралро хушк кард, экосистемаи моро ба буҳрон дучор намуд, иқтисодиётамон, низоми таълимамонро аз қолаб кӯчонд. Аз ин боис якчанд насл дониши пурра нагирифт. Мо то ҳануз бо оқибатҳои он мубориза мебарем.
Ҳоло дар пахтакорӣ принсипҳои иқтисодиёти бозорӣ татбиқ гардида, соҳа соҳиби худро пайдо кард. Дар натиҷа муаллим ба мактаб баргашт, духтур — ба бемористон, соҳибкорон аз бори вазни пахта озод гардиданд, меҳнати маҷбурии бачагон решакан гардид, Ӯзбекистон аз «рӯйихати сиёҳ»-и байналхалқӣ хориҷ карда шуд.
Ба шарофати меҳнати шуҷоатнок ва азми халқамон орзуи Ӯзбекистони Нав ба воқеият табдил меёбад. Дар арсаи байналхалқӣ эҳтиром ва эътибор ба Ватанамон меафзояд. 
Дар вазифаи Президентӣ яке аз аввалин қадамҳои ман барқарор намудани муносиботи дӯстона бо мамлакатҳои ҳамсоя буд. Масъалаҳое ҳаллу фасл гардиданд, ки дар тӯли солҳои зиёд ғун гардида буданд. Робитаҳои мо бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар тамоми ҷанбаҳо ҳоло ба дараҷаи нав бардошта шудааст.
Ҳамватанони азиз!
Аз ҳеч кас пушида нест, ки дар меҳвари истиқлолияти сиёсӣ пеш аз ҳама, истиқлолияти иқтисодӣ қарор дорад. Барои пойгоҳи мустаҳками таҳкими он корҳои вусъатнок ва натиҷаҳои ноилгаштаамон дар солҳои охир хидмат менамояд. Далели аёнии он даст ёфтан ба маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат дар шаш соли охир мебошад, ки он ба беш аз 1,5 баробар афзуда, миқдори воҳидҳои соҳибкорӣ ду баробар, рушди саноатӣ аз 40 фоиз зиёд гаштааст. Дар муддати кутоҳ мо ба коҳиши қашшоқӣ ба беш аз ду баробар муваффақ гаштем.
Аммо мо бояд имрӯзро на бо дирӯз қиёс намоем, балки бо фардо қиёс кунем ва корро бино бар он ташкил намоем. Зеро оянда аз қадамҳое шурӯъ мегардад, ки мо имрӯз мегузорем.
Дӯстони азиз!
Мо барои худ суханони ҳикматноки мутафаккирони бузургро дастур мешуморем: «Вазифаи давлат — ҳаёти одамонро хушбахттар намудан ва ин бо дониш ва ахлоқи ҳамида ба даст меояд».
Тавре ки маълум аст, мо як сол пеш панҷ самти асосии рушди мамлакатро муайян намуда будем. Инкишофи соҳаи маориф ба сифати вазифаҳои аввалиндараҷа ва афзалиятнок ҷойгир карда шудаанд.
Ман беҳуда ҳамеша аҳамияти таълим ва мақоми муаллимро таъкид намекунам. Бе таълими замонавӣ мо ба тараққиёти босуръат муваффақ намегардем. Таълим, бешубҳа, роҳи ҳалли ҳар гуна мушкилот ва омили муҳими рӯзи ояндаи мо ба шумор меравад. 
Соли 2022 дар мамлакатамон 72 мактаби нав сохта шуда, 279  мактаб аз таъмири аслӣ ва 514 мактаб таъмир гардонда шудаанд. Барои мактабҳо беш аз 30 ҳазор компутер харид карда шуд. Аз соли хониши нав машғулот дар мактабҳои ҷумҳурӣ барилова бо 500 нафар мутахассисони хориҷии даъватгардида аз фанни забони англисӣ бурда хоҳад шуд. Хонандагони синфҳои ибтидоӣ бинобар барнома ва китобҳои дарсии нав таълим мегиранд, ки дар асоси таҷрибаи хориҷӣ таҳия гаштаанд.
Инчунин, лоиҳаҳои бузург оид ба рушди соҳаи тандурустӣ, тиҷорат, такомули низоми суд, ҳалли мушкилоти об ва гармиву энергетикӣ оғоз ёфтаанд. Бори дигар мехоҳам таъкид намоям, ки: ин самтҳои бартариноки муайяннамудаамон ҳамеша дар маркази эътиборамон қарор хоҳанд гирифт.
Муҳтарам иштирокдорони тантанаҳои ҷашнӣ!
Таърихи сеҳазорсолаи давлатдориамон аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ниёконамон ҳамеша ба инкишофи тамаддуни ҷаҳонӣ натанҳо бо меҳнати ҷисмонии худ, балки бо фаъолияти зеҳниашон саҳми бузург гузоштаанд.
Мо меросдорони шахсиятҳои бузург мебошем, ки ҷаҳонро натанҳо бо захираҳои моддӣ, аммо пеш аз ҳама бо ҳосили илм, маърифат, арзишҳои маънавӣ ғанӣ гардондаанд. Бешубҳа, сифатҳои баланди барояшон хос, анъанаҳои шарофатноки бавуҷудовардаашон имрӯзҳо низ дар қалбҳо, шуурамон зиндаанд, дар ҳаёти рӯзмарраамон ҳозиранд.
Ва ман низ эътимод дорам, ки мо бо шоистагӣ ин роҳи таърихиро идома медиҳем. Маҳз ҳаминро мақом ва ҷойгоҳамон дар арсаи ҷаҳонӣ, мақсад ва қуллаҳои баландамон тақозо менамояд, ки дар назди худ гузоштаем.
Бинобар ин мо дар қатори низоми нақлиёту логистика ба рушди босуръати илм, инноватсия, технологияи иттилоотӣ ва дигар соҳаҳо эътибори бартаринок медиҳем, ки ба фаъолияти зеҳнӣ асос ёфтааст, ки инро замона тақозо дорад. Маҳз ҳамин самтҳо дар ояндаи наздик локомотиви иқтисодиёти Ӯзбекистон хоҳанд гардид.
Дӯстони муҳтарам!
Боз як масъалаи муҳим  ин мушкилоти экологӣ ва дар робита бо он танқисии об мебошад. Агар дар як санги тарозу ногузирии рушди сохтмон, саноат, кишоварзӣ қарор дошта бошад, дар дигараш масъалаҳои барои ҳар якамон муҳими ҳифзи об, бартарафсозии ифлос намудани муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираи замин мебошад.
Вазифаи мо аз нигоҳ доштани таносуби ҳар ду ҷониб иборат мебошад. Мо ҳеч гоҳ набояд фаромуш кунем, ки захираҳои табиӣ ин боигарие мебошад, ки ба наслҳои оянда тааллуқ доранд. Аз ин боис, мо онҳоро бояд оқилона истифода намоем, нафақат дар фикри имрӯз, бояд ояндаро низ фикр кунем.
Дар самти мазкур гузариши босуръат ба чунин иқтисодиёте, ки ба муносибати эҳтиёткорона ба захираҳои об, энергетика ва ғайраи табиӣ асос меёбад, аҳамияти муҳимро молик аст. Инчунин, барои мо вазифаи ба вуҷуд овардани технологияи «сабз» ва рақамӣ, корхонаҳои истеҳсолии инноватсионӣ муҳим мебошад. 
Ҳамватанони азиз!
Дар Конститутсияи таҷдидёфта дақиқ муайян гаштааст, ки Ӯзбекистон ин давлати дунявӣ мебошад, мамлакате, ки маданиятҳои гуногун ҳамоҳанг мебошанд. Маҳз қувваи мо дар ҳамин ифода меёбад ва мо бояд он боигариро ҳифз намоем. Таърих гувоҳ аст, ки дар тӯли асрҳо дар сарзаминамон намояндагони афкор ва эътиқод, дин ва маданиятҳои гуногун бо таҳаммул зистаанд.
Мо халқе мебошем, ки роҳи сулҳро интихоб намудаем, на роҳи ҷангро дар ҳалли ҳар гуна низоъ. Мо ҳамеша дар фазои мусолиҳа, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо тамоми халқҳо зистаем. Ва дар роҳи рушди имрӯза инчунин ба ин принсипҳо такя менамоем.
Дар навбати аввал бароямон ҷамъияти неруманди шаҳрвандӣ зарур аст, зеро ки ҳар гуна ислоҳот пеш аз ҳама дар қалбу шуури ҳар яки мо бояд оғоз гардад. Мо бояд аз рӯйи виҷдон бинобар қонунҳои адолатнок зиндагӣ кунем, бояд боваринок ва бо ҳамбастагӣ ба пеш, ба хотири ояндаи мамлакат ҳаракат кунем.
Имрӯз вақте ки сухан дар бораи ташаккули ҷамъияти инкишофёфтаи шаҳрвандӣ меравад, тасаввури он бидуни озодии баён ва матбуот тасаввурнопазир аст.
Дар тамоми ҷаҳон журналистон барои ҳақиқат, барои ҳуқуқи баён ва навиштан дар мавзӯъҳое, ки онҳо ва умуман ҷамъиятро ба нигаронӣ водор месозад, мубориза мебурданд ва хоҳанд бурд.
Бинобар ин қатъан метавонам бигӯям, ки ман ҳамеша ҷонибдори журналистони озодфикр будам ва ҳамеша дар ин мавқеъ мемонам. Ҳамзамон дар фазои иттилоотӣ маҳаки асосӣ бояд эътимоднокӣ ва холисӣ бошад. 
Муҳтарам иштирокдорони маросими мутантан!
Агар бо суханони мутафаккири бузургамон Абдурауфи Фитрат ифода намоем, «занон — модарони миллатанд». Барои он ки насли муносиб тарбия гардад, онҳо худ бояд таълими баланд дошта бошанд.
Бинобар ин боз як вазифаи муҳимамон ба вуҷуд овардани имконоти баробар барои занон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъият ба шумор меравад. Дар давраи гузашта мо корҳои зиёдро дар бобати баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар ҷамъият, таъмини ҳуқуқ ва манфиати он, рушди касбиашон анҷом додем. Ҳамзамон мо дар ин роҳ ҳанӯз корҳои зиёд дар пеш дорем.
Маълум аст, ки занони муҳтарам ба ғайр аз вазифаҳои хидматӣ, инчунин вазифаҳои муҳим, мисли тарбияи фарзандон, фароҳам овардани муҳити солим дар оила, идома додани анъанаҳои маънавиву ахлоқиро иҷро менамоянд. Пас, занони ғамгусори мо ба дастгирии ҳамаҷониба ниёз доранд.
Имсол мо қонунро дар бораи роҳ надодани зӯроварӣ дар оила қабул намудем. Мақсади асосии он аз мустаҳкам намудани оила, ҳимояи ҳуқуқи занон иборат аст. Мо тадриҷан корро дар ин самт идома медиҳем.
Ҳамватанони азиз!
Ҳар як шаҳрванди Ӯзбекистон таъмини ҳамдилии халқамон, якпорчагии мамлакатро қарзи ҳаёти худ бояд бидонад.
Танҳо дар ҳолати ҳамбастагӣ мо халқи ягона, танҳо бо ҳам мамлакати қудратманд шуда метавонем! 
Ҳамватанони муҳтарам!
Тавре ки шумо медонед, дар 5-6 соли охир инсоният бо чунон заҳматҳое дучор гардид, ки миқдори онҳо бо рӯйдодҳои 100 соли охир қиёспазир аст.
Пандемия, даҳшатҳои табиӣ, зилзила, муноқишаҳои мусаллаҳона, гармшавии ҷаҳонӣ, хушксолӣ — ҳамаи ин инсониятро ба озмоишҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ менамояд ва ба он идома медиҳад.
Чунин вазъияти мураккабро метавон бо туфони муқтадир қиёс кард. Дар натиҷаи чунин фоҷеаҳо ҳатто метавонад дарахтҳои бузург зарар бинад — метавонад хазон гардад, бишканад, танаву ҳосили варамидааш бирезад. Аммо дарахтоне, ки решаҳои мустаҳкам ва амиқ доранд, ба ин озмоишҳо тоб меоваранд. Бо решаҳои худ онҳо боз ҳам муқтадиртар ба замин часпанд. Дар шохҳои онҳо муғча, шоха ва ҳосили нав падид меоянд. Ин қонуни ҳаёт аст.
Халқи мо решаҳои қадима ва муқтадир дорад. Ин таърих, арзиш, анъана ва суннат, аслияти миллии мо мебошад. Дар ин решаҳои амиқ ман ғояи бузурги ваҳдати миллии муттаҳидкунандаи мамлакатро мебинам.
Вақте ки дар бораи вазифаҳои аввалинамон гап мезанем, таъкид мекунам, ки мо ба баланд бардоштани потенсиали Қувваҳои мусаллаҳамон эътибор медиҳем, ки замонати боварибахши истиқлолияти Ватанамон, ҳаёти осудаи халқ ва инчунин бавуҷудовардани шароити ҳар чӣ муносиб барои хидматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо ба шумор меравад. 
Мо муносиботи дӯстона ва ҳамкории муфиди тарафайнро бо давлатҳои хориҷии наздик ва дур, хусусан бо мамлакатҳои ҳамсоя, ташкилотҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ ба дараҷаи нав мебардорем. Ба ин муносибат хидматҳои дипломатҳои худамон ва хориҷиро бояд таъкид кард.
Аз фурсат истифода намуда, сафирони муҳтарами давлатҳои хориҷӣ, вакилони ташкилотҳои байналхалқиро, ки имрӯз дар тантана иштирок доранд, самимона истиқбол менамоям, барояшон сулҳ ва шукуфоии мамлакат ва халқҳояшонро таманно дорам.
Ҳамватанони азиз!
Мехоҳам, ки шумо бидонед: тамоми кӯшишу ҳаракатамон ба хотири шукуфоии мамлакат, ба хотири фараҳмандии халқамон, барои аҳволи неки шумо, ҳамватанони азиз мебошад!
Вазифаҳоямон то чӣ андоза муҳим ва мураккаб ҳам бошанд, ки мо ҳоло дар назди худ гузоштаем, ҳамаи мо якҷоя молики қувва ва имконоти иҷрои онҳо ҳастем.
Мо аз ҷумлаи дирӯзагон нестем ва халқамон низ пешина нест. 
Тавре ки таърих гувоҳӣ медиҳад, халқе, ки вақтро ба имконот, имконотро ба тавфиқ, тавфиқро ба пойгоҳи тараққиёт табдил дода тавонист, ин халқи бузург аст. Имрӯз халқи меҳнатқарин, шуҷоатнок ва шарифамон маҳз чунин сифатҳоро зоҳир менамояд.
Аз фурсат истифода намуда, аз таҳти дил ба ҳамаи ҳамватанон, ба тамоми халқамон миннатдорӣ изҳор менамоям, ки онҳо шуҷоатмандона дар роҳи сохтмони Ӯзбекистони Нав меҳнат мекунанд.
Бори дигар самимона, аз таҳти дил ҳамаи шумо, азизонамро бо ҷашни бузург — 32-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон табрик менамоям.
Ба ҳамаатон тансиҳатӣ, бахт ва ба хонаводаҳоятон фараҳмандӣ таманно дорам.
Зинда бод халқи мо — бунёдкори тамоми дастовардҳоямон!
Бигзор дар мамлакати зебои мо ҳамеша сулҳу субот ҳукмрон бод!
Бигзор Офаридгор ҳамеша Ватанамонро ҳифз намояд!
Бигзор истиқлолиятамон ҷовидон бошад!

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: