Ўзбекистон – Олмон: ҳамкорӣ бо Донишгоҳи илмҳои амалии Олмон «Weihenstephan-Triesdorf» густариш меёбад

Ҳайати вакилон таҳти роҳбарии сардори департаменти Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия А.Халиқов бо мақсади густариши омодасозии кадрҳо дар асоси барномаҳои муштарак, таҳияи барномаҳои таълимӣ, ташкили таҷрибаомӯзии донишҷӯён, баҳодиҳии дониши донишҷӯён ва таълим ба Олмон сафар кард.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки аз соли хониши оянда теъдоди стипендияҳоеро, ки барои донишҷӯёни барномаи муштарак ҷудо карда мешаванд, зиёд кунанд.

Ҳамзамон, шароити таҳсил ва зиндагии донишҷӯёни донишгоҳҳои Ӯзбекистон мавриди омӯзиш қарор гирифта, аз корхонаҳое дидан карда шуд, ки донишҷӯён таҷрибаомӯзӣ мекунанд.

Зимни суҳбат бо донишҷӯён оид ба таҳсил ва фаъолияти минбаъдаи онҳо тавсияҳо дода шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: