Шукр, ки дар Ӯзбекистони соҳибистиқлол дар қатори дигар миллатҳо чун фарзандони як оила аҳлу тифоқона умр ба сар мебарем.
Рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон»-и дирӯза, «Овози тоҷик»-и имрӯза ҳанӯз солҳои таҳсил дар мактаби миёна ҳамдаму ҳамнафаси мо буду ҳаст. Ҳар як шеър, хабар, мақола, ҳикоя, лавҳаи дар он ба забони модариамон чопшударо бо дилу ҷон хонда, аз он забони адабӣ меомӯхтем.
Падари бузургворам Қодир Солиев муаллими забон ва адабиёти тоҷики мактаби деҳаи мо буданд. Моро ба мутолиаи ҳар як шумораи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» водор месохтанд. Баъзан ҷойҳои муҳим, шавқовари рӯзнома, хусусан панду ҳикматҳои бузургонро хонда, моҳияти онҳоро маънидод мекарданд. Пайваста таъкид менамуданд: ҳар кас, ки рӯзномаро ҳамеша мехонад, вай нақли хаттӣ ва иншоро беғалат менависад. Мо то ҳадди имкон ба ин гуфтаҳо амал мекардем. Аз эҷодиёти бузургон ва шоиру адибони муосир, инчунин суханварони маҳаллӣ огоҳ мегардидем. Шеърҳои ба дил наздики тозаэҷоди Лоиқ Шералӣ, Салим Кенҷа, Асад Гулзода ва дигаронро аз ёд карда, аз онҳо завқ, ғизои маънавӣ мегирифтем. Ҳамин тариқ, нисбати рӯзнома меҳру муҳаббатамон меафзуд. Соли 1973 нияти чун падар омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик шудан маро ба шаҳри бостонии Самарқанд бурд. Бахти донишҷӯйии факултети филологияи тоҷики ДДС насибам гашт. Баъди хатми он лозим омад, ки 38 соли расо дар мактаби азизи деҳа ҳамчун омӯзгор, роҳбар фаъолият нишон диҳам. Тӯли ин солҳо ва давраи нафақа «Овози тоҷик» ҳамнафас, анбоз, «аниси кунҷи танҳоӣ»-и банда буду ҳаст. Шодам, ки тайи солҳо дар мактаб касби падарро идома дода, то тавонистам ба дили наврасон меҳри забони модарӣ ангехтам. Шогирдонам Гулнисо Солиева ва Зулайхо Раҳимова – ғолибони озмуни ҷумҳурии фанҳои забон ва адабиёти тоҷик аз ҷумлаи онҳост.
Агар гӯям, ки «Овози тоҷик» як умр такягоҳи маънавӣ ва мояи ифтихори ман буду ҳаст, муболиға нахоҳам кард.
Аз имконият истифода бурда, аҳли қалам ва мухлисони минбари волои тоҷикони ҷумҳурӣ – «Овози тоҷик»-ро бо ҷашни 100-солагӣ табрик менамоям.
Бигузор, то ҷаҳон ҳаст, ҳамеша пойдор ва ҷовидон бимон, байрақбардори забони модарии мо – «Овози тоҷик»!
Солибой СОЛИЕВ,
Муаллими халқии
Ӯзбекистон.
Ноҳияи Пешкӯи
вилояти Бухоро.