Дар солҳои истиқлолият дорусозии замонавӣ низ дар кишвари мо тараққӣ кард. Баробари муассисаҳои профилактикиву давоӣ навъҳои зиёди дорувор сари вақт ба аҳолӣ низ дастрас гардонда мешавад.
Муҳимтарин чиз дар ҳаёти инсон тандурустист. Фарзанд ҳанӯз ба дунё наомада, волидони ӯ ғами солимии ӯро мехӯранд. Ҳар кӯдак баъди таваллуд ёфтан нафақат аз нигоҳубини модар ва аҳли хонадон, айни замон аз меҳру парвариши посбонҳои саломатӣ баҳраманд мегардад. Эътибор ба солимии модар ва тифл дар мамлакати мо ба дараҷаи сиёсати давлатӣ бардошта шудааст.
Ҳамин тавр, шахс то пиронсоливу барҷомондагӣ, яъне то нафасҳои охирини ҳаёт метавонад аз хидматҳои хушсифати тиббӣ бархурдор бошад.
Дар моддаи 48-уми Конститутсия муайян гардида, ки дар мамлакати мо ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад аз ҳисоби давлат дар ҳаҷме,ки қонун кафолат додааст, аз кумаки тиббӣ бархурдор бошад. Ҳамчунин аз ҳисоби давлат дар ташкилотҳои таълимии давлатӣ дар асоси озмун ба гирифтани маълумоти олӣ ҳуқуқ доштани шаҳрвандон дар таҳрири нави Қонуни Асосӣ муайян карда шудааст.
Таърихи қадимӣ доштани тиббиёти мо ба касе сир нест. Табобати халқӣ дар ин сарзамин аз давраи бостон нашъунамо дошт. Ба ривоҷи ин соҳа мусоидии муҳит, иқлим ва табиати диёр низ такон мебахшид. Нақлҳои афсонамонанд дар бораи хусусиятҳои мӯмиё, ки дар қаторкӯҳҳои баланди мо мерӯид, диққати мардуми оламро ба худ мекашид. Гуфта мешуд нафақат рустанӣ ва гиёҳҳо дар навъҳои гуногун, ҳатто паррандаву хазандаҳо дар ин сарзамин ҷиҳатҳои зиёди давоӣ доранд. Меваҳои дар диёри офтобӣ пухтарасидаро истеъмол мекунӣ ва худро бовар мекунонӣ онҳо баробари чун асал хуштаъм будан хусусиятҳои шифоиро ҳам моликанд.
Дар солҳои истиқлолият дорусозии замонавӣ низ дар кишвари мо тараққӣ кард. Баробари муассисаҳои профилактикиву давоӣ навъҳои зиёди дорувор сари вақт ба аҳолӣ низ дастрас гардонда мешавад. Ӯзбекистон як вақтҳо доруворро асосан аз хориҷ харид мекарда бошад, алъон баробари воридот содироти воситаҳои давоӣ низ қобили таваҷҷуҳ буда, маҳсулоте, ки корхонаҳои фарматсевтикии маҳаллӣ кор карда мебароранд, дар бозори ҷаҳонӣ ҷойгоҳи худро доранд. Онҳо бо бехатарӣ, хушсифатӣ ва таъсиргузорӣ ҷудо шуда меистанд. Дар минтақа яке аз пешсафон будани саноати дорусозии мо ба касе пӯшида нест. Алъон бештар аз 150-то корхонаҳои ватанӣ дар самти истеҳсоли дорувор ба талаботи андозаҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ мебошанд. Номгӯйи воситаҳои давоӣ бошад, наздик дуюним ҳазорторо ташкил менамояд.
Навъе аз маълумотҳо бармеояд, корхонаҳои дорусозӣ дар диёри мо барои боз ҳам бештар ва хушсифаттар баровардани маҳсулот чораю тадбирҳои амалӣ меандешанд. Бо мақсади навсозӣ ва бо таҷҳизоти асрӣ таъминнамоии ин гуна коргоҳҳо аз хориҷ сармояҳо ҷалб карда мешаванд. Татбиқи амалии худ ёфтани наздик 100 лоиҳаи сармоявӣ дар ин самт, албатта, қобили таваҷҷуҳ мебошад. Баробари ҳамин барои бо ашёи хоми маҳаллӣ таъминсозии корхонаҳои фарматсевтикӣ ҳаракатҳо самара мебахшанд. Вале мутахассисон мегӯянд, бобати истифодаи самаранок аз ашёи хом дар мамлакатамон норасоиҳо низ мавҷуданд. Фактҳо далолат медиҳанд, воситаҳои дорувории гурӯҳҳои ҷудогонаи фармакотерапевтӣ, яъне онкологӣ, эндокринологӣ, дорувории махсус ва воситаҳои психотропиро бинобар сабабҳои гуногун, тавре пештар буд, ҳамон корхонаи маҳаллии мо қариб истеҳсол намекунанд. Вазъ водор месозад ин навъ дорувор ба нархи гарон аз хориҷ харида шавад. Барои ҳамин ҳам нархи баъзе доруҳо дар дорухонаҳои мо бисёр гарон.
Муҳтарам Шавкат Мирзиёев баъди ба сари қудрат омадан дар давраи нави таърихӣ қабл аз ҳама ба тиббиёт диққат нигаронд, ба намояндагони соҳа вохӯрд, мушкилоти соҳаро омӯхт, барои бартарафсозии норасоиҳо дар соҳа тавсияҳои муҳим пешниҳод кард. Қабул карда шудани қарори ӯ «Дар бораи чораҳои минбаъд беҳтар гардонидани таъминоти аҳолӣ ба воситаҳои давоӣ ва маснуоти таъиноти тиббӣ», воқеан дар ҳалли масъалаи минбаъд мақбулгардонии шабакаи муассисаҳои тиббӣ, хоссатан гирифтани пеши роҳи ҳолатҳои беасос баланд бардоштани нархҳои воситаҳои давоӣ асоси муҳими ҳуҷҷатӣ қарор гирифт. Моҳи январи соли 2024 бошад, роҳбари давлат ба фармон «Дар бораи чораҳои иловагии ба тартиб андохтани соҳаи фарматсевтика» имзо гузошт. Дар ин ҳуҷҷат қайд карда мешавад, дар ҷумҳурии мо дар давоми солҳои охир оиди кор карда баровардани воситаҳои давоӣ, такмили ашёи тиббӣ ва такмили муомилаи техникӣ дар соҳа чораҳои маҷмӯӣ андешида мешаванд. Айни замон ҳаёт тақозо дорад ба ислоҳи соҳаи фарматсевтикӣ, таъмини амнияти маҳсулоти дорувор, аз рӯйихати давлатӣ гузаронидани воситаҳои давоӣ ва ба тартиб андохтани фаъолияти дорухонаҳо эътибори дучанд нигаронида шавад, таъкид ёфтааст дар фармон. Мувофиқи ин ҳуҷҷат ба номгӯйҳои зиёди воситаҳои давоие, ки аҳамияти иҷтимоӣ доранд, ҳамчунин ба маснуоти тиббие, ки ба таври доимӣ истифода мешаванд, акнун нархҳои ягонаи мақбул муқаррар гардидаанд.
Чӣ тавр ба фурӯш бароварда шудан ва мавриди истифода қарор гирифтани воситаҳои давоӣ, хоссатан нархҳои онҳоро комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ назорат менамояд. Як навигарӣ боз он аст,ки дар ҳузури Агентии рушди соҳаҳои фарматсевтикии Вазорати тандурустӣ фаъолияти корхонаи унитарии «Маркази амалиётҳои зарурӣ» дар шакли муассисаи давлатӣ аз нав барқарор карда шудааст.
Назорати постмаркетингии воситаҳои давоӣ, айни замон, ба амал татбиқ карда мешавад. Офарида шудани сохтори иттилоотии миллӣ-электронии «Фармаконназорат» низ воқеаи муҳим дар соҳа мебошад. Ба сохтори «Фармаконназорат» бошад, маълумотҳо доири таъсири ногувори дорувор саривақт ворид карда мешаванд.
М. ШОДИЕВ,
мухбири «Овози тоҷик».