Чаро мо асири одатҳои худ мешавем?

Ақли мо хуб медонад, ки бояд аз одатҳои зараровар даст кашем. Пас, чаро боз ҳамон хатоҳоро такрор мекунем? Чаро телефонро аз даст гузоштан душвор аст ва барои лаззати яклаҳзаина ба саломатии худ зиён мерасонем? Дар асл, инсонро чӣ идора мекунад: ақл, эҳсосот ё хоҳишҳои ниҳонӣ?

Чаро баъзан худи мо ба пешрафти худамон халал мерасонем? Чаро ирода заифӣ мекунад? Одат кай ба вобастагӣ табдил меёбад?
Дар суҳбат бо доктори илмҳои тиб, нейропсихолог Зарифбой Ибодуллаев дар бораи ҳамин паҳлуҳои мураккаби равони инсон, ки ба ҳар яки мо дахл доранд, сухан рафт.
Оё инсон соҳиби хоҳишҳои худ аст ё асири онҳо?
Мо инсонем ва ҳамеша ба чизе ниёз дорем. Масалан, ҳангоми гуруснагӣ хӯрок мехӯрем, баъди хастагӣ истироҳат мекунем ва дар танҳоӣ ҳамсуҳбате меҷӯем. Аммо баъзе ниёзҳо тадриҷан ба одат ва баъдан ба иллат табдил меёбанд. Тамокукашӣ, истеъмоли машрубот, қиморбозӣ, вобастагӣ ба телефон, аз ҳад зиёд телевизор тамошо кардан ва ба силсилафилмҳо дода шудан аз ҷумлаи онҳоянд. Ҳарчанд оқибатҳои зараровари ин рафторҳоро медонем, на ҳамеша сари вақт аз онҳо даст кашида метавонем.
Дар маҷмӯъ, дар ҷаҳони пуртазоди имрӯза инсон бояд худро бишносад, дарк кунад ва хоҳишу майлҳои худро идора намояд. Аммо ин кор чандон осон нест.
Суҳбати мо бо доктори илмҳои тиб, профессори фахрии Донишкадаи олии офиятбахшии психомотории Фаронса, нейропсихолог Зарифбой Ибодуллаев атрофи ҳамин масъалаҳо сурат гирифт.
– Сабаби асосии аз одатҳои зараровар даст кашида натавонистани инсон дар чист?
– Сабаби асосӣ ба «маркази мукофот»-и майна ва механизмҳои равонӣ вобаста аст. Масалан, ҳангоми бо шавқ тамошо кардани силсилафилм дар организм допамин, ки онро ба забони омма моддаи масъул барои эҳсоси лаззат меноманд, фаъол мешавад. Майна ба манбаъҳои осон ва зуддастраси лаззат одат мекунад.
Умуман, одамон барои раҳоӣ аз изтироби ботинӣ, танҳоӣ, хастагӣ ё осебҳои равонӣ ба чунин воситаҳо рӯ меоранд. Аммо онҳо танҳо нақши «бедардкунандаи равонӣ»-ро иҷро мекунанд, яъне барои муддате инсонро аз мушкилоти аслӣ дур месозанд.
Ҳангоми ташаккул ёфтани вобастагӣ фаъолияти қишри пешонии майна, ки барои ақлу идрок ва қабули қарорҳо масъул аст, суст мешавад. Дар натиҷа, эҳсосот ва хоҳишҳои ногаҳонӣ бар қарорҳои оқилона ғолиб меоянд. Мутаассифона, зиндагии чунин одамон на ба ақлу идрок, балки бештар ба эҳсосот тобеъ мегардад.
– Майнаи инсон аз чӣ лаззат мебарад? Масалан, як қисми силсилафилмро тамошо мекунем ва мехоҳем қисми дигарро ҳам бинем. Телефонро барои панҷ дақиқа мегирем, вале баъди ним соат ҳам онро ба канор нагузоштаем. Дар чунин ҳолат кадом ниёзҳои мо фаъол мешаванд?
– Майна, пеш аз ҳама, аз навигарӣ, ошкор шудани чизҳои номаълум ва зуд ҳал шудани масъалаҳо лаззат мебарад. Ҳангоми тамошои силсилафилм ё истифодаи телефон якчанд механизми равонӣ ва нейробиологӣ фаъол мешаванд.
Аввалан, ҳар як қисми силсилафилм дар лаҳзаи ҳассостарин ва номуайянтарин ба охир мерасад. Низоми допаминии майна на танҳо ҳангоми гирифтани мукофот, балки ҳангоми интизории он низ фаъол мешавад. Саволи «Баъд чӣ мешавад?» дар зеҳн кунҷковии зиёд ба вуҷуд оварда, инсонро ба тамошои қисми навбатӣ водор мекунад.
Дуюм, шабакаҳои иҷтимоӣ ва наворҳои кӯтоҳ ба майна имкон медиҳанд, ки бо сарфи неруи кам пайваста иттилооти нав ва ангезандаҳои дидорӣ гирад. Ҳар як «лайк», паёми нав ё навори тоза барои майна як навъ мукофоти хурд аст.
Сеюм, инсон мехоҳад аз ташвишҳои рӯзмарра, хастагии равонӣ ва стресс каме дур шавад. Ҷаҳони маҷозӣ ва сюжети филмҳо имкон медиҳанд, ки ӯ мушкилоти худро муваққатан фаромӯш кунад.
Чорум, ҳангоми пурра ба телефон ё силсилафилм машғул шудан, диққати инсон ба он равона мегардад. Дар натиҷа, назорати вақт ва идора кардани диққат душвор мешавад ва ӯ пай намебарад, ки чӣ гуна чанд соат гузаштааст.
– Чаро одатҳои зарароварро зуд аз худ мекунему одатҳои муфидро бо душворӣ мепазирем? Масалан, барои китобхонӣ ё машқи ҷисмонӣ кардан худро базӯр омода месозем. Аммо барои саргарм шудан бо телефон ё тамошои телевизор касе моро маҷбур намекунад, вале худамон ба он майли зиёд дорем...
 – Ин ҳолат ба принсипи сарфаи неру аз ҷониби майна ва суръати ташаккули робитаҳои нейронӣ вобаста аст. Сабабҳои асосиро метавон ба се омил ҷудо кард.
Якум – «мукофоти фаврӣ» ва «натиҷаи деррас». Тамошои телефон ё хӯрдани ширинӣ ба майна зуд эҳсоси лаззат мебахшад. Ба ибораи дигар, инсон бо сарфи неруи кам лаззати фаврӣ мегирад. Аммо натиҷаи варзиш, китобхонӣ ё субҳи барвақт аз хоб хестан дертар эҳсос мешавад. Саломатии беҳтар, қомати зебо ва неруи ҷисмонӣ танҳо баъди чанд вақт намоён мегарданд.
Аз ин рӯ, майна, ки дар ҷараёни таҳаввул ба сарфаи неру одат кардааст, аксаран мукофоти зудро афзал медонад.
Дуюм – заҳмати ҷисмонӣ ва равонӣ. Одатҳои хуб, аз қабили варзиш, китобхонӣ ва донишомӯзӣ, аз қишри пешонии майна талоши зиёд ва иродаи қавӣ талаб мекунанд. Майна табиатан кӯшиш мекунад аз сарфи неруи зиёдатӣ худдорӣ намояд. Одатҳои зараровар бошанд, аксаран заҳмати зиёд намехоҳанд. Аз ҳамин сабаб, майна ба онҳо камтар муқобилат мекунад.
Сеюм – ташаккули робитаҳои нейронӣ. Амалҳои осон ва камзаҳмат дар майна зудтар занҷираҳои устувори нейронӣ ба вуҷуд меоранд. Барои аз худ кардани амалҳои мураккаб ва заҳматталаб бошад, роҳҳои нави нейронӣ бояд ташаккул ёбанд ва тавассути такрори пайваста ба низоми автоматӣ табдил ёбанд. Ин раванд вақт мехоҳад.
Баъзан ба донишҷӯёни танбал бо шӯхӣ мегӯям: «Танбал шумо нестед, майнаатон танбал аст. Шумо бошед, гуфтаи онро иҷро мекунед».
– Одат чӣ гуна ба хислати инсон табдил меёбад? Масалан, касе аввал танҳо ҳангоми асабонӣ шудан тамоку мекашад ё машрубот менӯшад. Аммо тадриҷан ин рафтор ба ҳолати доимӣ табдил меёбад ва ниҳоят бе сигор ё машрубот тоқат карда наметавонад...
– Ин раванд ба бозсозии сохторию функсионалии майна, яъне нейропластикӣ, вобаста аст. Он метавонад аз вайрон шудани мувозинати байни рафторҳои автоматӣ ва назорати иродавӣ оғоз шавад. Ин равандро метавон ба чанд марҳила ҷудо кард.
Аввал – озмоиш ва таскини муваққатӣ. Фарз кардем, шахсе ба стресс дучор шуд ё асабонӣ гардид ва барои ором шудан машрубот нӯшид. Дар натиҷа, ӯ муваққатан сабукӣ ва озодиро эҳсос мекунад. Майна ин ҳолатро дар шакли «Стресс → Машрубот → Сабукӣ» дар хотир нигоҳ медорад.
Дуюм – мустаҳкам шудани занҷираи нейронӣ. Вақте ки истеъмоли машрубот такрор мешавад, дар сохторҳои амиқи майна роҳҳои устувори нейронӣ ташаккул меёбанд. Акнун ҳангоми пайдо шудани нороҳатӣ ё хастагӣ инсон бе андешаи зиёд ба истеъмоли машрубот рӯ меорад.
Сеюм – вобастагии физиологӣ. Майна ба машрубот одат карда, фаъолияти низомҳои табиии нейромедиаториро тағйир медиҳад. Дар натиҷа, инсон метавонад изтироби шадид, эҳсоси холигии ботинӣ ва нороҳатии ҷисмониро аз сар гузаронад. Дар тиб ин ҳолатро «синдроми абстинентӣ» меноманд.
Чорум – тағйир ёфтани шахсият. Дар ин марҳила истеъмоли машрубот ба одати устувор ва вобастагӣ табдил меёбад. Тадриҷан фаъолияти қишри пешонии майна, ки дар тафаккури интиқодӣ, ирода ва назорати рафтор нақш дорад, халалдор мешавад. Бемасъулиятӣ, зудтаъсирпазирӣ, дурӯғгӯӣ ва бепарвоӣ метавонанд хусусияти доимӣ пайдо кунанд ва ба рафтори маъмулии инсон табдил ёбанд.
– Инсонро бештар чӣ идора мекунад: ақл, ниёз ё эҳсосот?
– Дар асл, дар қабули қарорҳои инсон эҳсосот ва ниёзҳои ниҳонӣ нақши муҳим доранд. Ақл бошад, аксар вақт кӯшиш мекунад, ки ин қарорҳоро таҳлил кунад, асоснок созад ва барои онҳо шарҳ пайдо намояд.
Аз нуқтаи назари нейробиологӣ, сохторҳои қадимии майна, ки барои эҳсосот ва ниёзҳо масъуланд, аз низомҳои тафаккури бошуурона зудтар вокуниш нишон медиҳанд. Интихобҳои фаврӣ, хоҳишҳо ва ангезаҳои ногаҳонӣ дар чунин низомҳо шакл мегиранд. Ақл бошад, баъдан қарори эҳсосиро таҳлил карда, метавонад дар инсон чунин тасаввурро ба вуҷуд орад, ки гӯё ӯ интихоби худро комилан мантиқӣ анҷом додааст.
Хулоса, ниёз самтро муайян мекунад, эҳсосот инсонро ба ҳаракат меорад ва ақл барои амали ӯ сабабу шарҳи мантиқӣ меҷӯяд.
– Силсилафилм, телефон, сигор ва қимор аз ҳам фарқ мекунанд. Аммо аз нигоҳи равоншиносӣ, магар дар паси ҳамаи онҳо як механизми умумӣ нест?
 – Ҳамаи ин рафторҳо метавонанд ба воситаи фирор аз воқеият табдил ёбанд. Вақте инсон стресс, ташвиш, танҳоӣ ё хастагӣ эҳсос мекунад ё аз худ қонеъ нест, майна тавассути чунин одатҳо ба ӯ як навъ «бедардкунандаи равонӣ» пешниҳод мекунад.
Масалан, ҳангоми қиморбозӣ инсон аз худ мепурсад: «Оё ҳоло мебарам ё не?». Ҳангоми истифодаи телефон интизор мешавад, ки шояд паём ё навори наве пайдо шавад. Ҳангоми тамошои силсилафилм мехоҳад бидонад, ки дар қисми баъдӣ чӣ рӯй медиҳад. Сигоркаш низ ба худ мегӯяд: «Агар ҳоло сигор кашам, каме сабук мешавам».
Ҳамаи ин интизориҳо майнаро дар ҳолати омодагӣ ба гирифтани мукофот нигоҳ медоранд. Тавре гуфтам, низоми допаминӣ на танҳо ҳангоми гирифтани мукофот, балки дар ҷараёни интизории он низ фаъол мешавад. Аз ҳамин сабаб, инсон метавонад ба такрори чунин рафторҳо майли бештар пайдо кунад.
– Оё худдорӣ кардан қобилияти тарбияшаванда аст? Яъне, оё метавон аз кӯдакӣ ба фарзанд фарқи байни хоҳишу ниёз, майлу заруратро омӯзонд?
– Бале, қобилияти худдорӣ ва назорати рафтор истеъдоди сирф модарзодӣ нест. Онро метавон аз кӯдакӣ ташаккул дод. Ба назари ман, ин раванд ба рушди қишри пешонии майна, ки фаъолияти фикрӣ ва рафтори инсонро танзим мекунад, инчунин ташаккули ирода вобаста аст.
Барои ба кӯдак фаҳмондани фарқи байни хоҳиш ва ниёз шарт нест, ки ҳар чизеро, ки мехоҳад, барояш муҳайё созем ё ба ҳар як нозу нузаш гузашт кунем. Агар қонеъ кардани баъзе хоҳишҳо каме ба таъхир гузошта шавад, кӯдак тадриҷан сабр кардан ва идора кардани хоҳишҳои худро меомӯзад. Ин барои рушди минбаъдаи ӯ аҳамияти калон дорад.
Аз хурдӣ тавассути суҳбат ба кӯдак фаҳмондан зарур аст, ки байни «Ман инро мехоҳам» ва «Ин барои ман зарур аст» фарқ вуҷуд дорад. Масалан, ширинӣ хӯрдан хоҳиши ӯст, аммо хӯроки нисфирӯзӣ барои организми ӯ зарурат мебошад.
Ҳамчунин, фарзанд бояд ҳудуди шахсӣ ва қоидаҳои рафторро омӯзад. Дар ин масъала нақши падару модар хеле муҳим аст. Агар дар оила ба қоидаи «Не!» бо гиря ё нозу нуз тағйир дода нашавад ва он ба «Ҳа!» табдил наёбад, кӯдак тадриҷан риояи маҳдудиятҳо ва худдориро меомӯзад.
Фарзандони мо рафтори калонсолонро мушоҳида карда, ба онҳо тақлид мекунанд. Агар падару модар тавонанд хоҳишҳои худро идора кунанд, кӯдакон низ аз онҳо ибрат мегиранд.
Ҳамчунин, ба фарзанд омӯзондани шинохтан ва номгузорӣ кардани эҳсосот муҳим аст. Масалан, ӯ бояд фаҳмад, ки чаро асабонӣ шудааст: «Ҳоло ман хашмгинам, зеро ба чизе, ки мехостам, нарасидам». Чунин дарк ба кӯдак ёрӣ медиҳад, ки пеш аз амал кардан таваққуф намуда, рафтори худро идора кунад.
Хулоса, худдорӣ як навъ неруи равонист. Агар ин қобилият аз кӯдакӣ дуруст ташаккул ёбад, инсон дар синни балоғат ба одатҳои зараровар ва вобастагӣ камтар дода мешавад.
– Мо худро то чӣ андоза хуб мешиносем? Мегӯем, ки «ман худамро хуб медонам». Аммо чаро баъзан аз рафтори худ қаноатманд намешавем ва оромӣ намеёбем?
– Баъзан фикр мекунам, ки ҳатто одамони калонсол низ худро ба қадри кофӣ намешиносанд. Агар инсон худро хуб дарк мекард, шояд ба корҳое, ки ба худаш зарар мерасонанд, камтар даст мезад.
Дар нейропсихология мафҳуми «диссонанси маърифатӣ» ё худ зиддияти ботинӣ вуҷуд дорад. Ин ҳолат вақте ба миён меояд, ки тасаввури инсон дар бораи худаш, масалан, «Ман шахси хубу оқил ҳастам», бо амале, ки зери таъсири эҳсосот ё ангезаҳои ногаҳонӣ анҷом додааст, мухолифат мекунад. Ин ихтилофи ботинӣ боиси изтироб ва нороҳатӣ мегардад.
Ҳангоми қабули қарор низоми лимбикии майна, ки барои эҳсосот масъул аст, метавонад бартарӣ пайдо кунад. Пас аз гузаштани муддате, вақте ки шиддати эҳсосот паст мешавад, қишри пешонии майна, ки бо ақл, ирода ва тафаккури мантиқӣ алоқаманд аст, фаъолтар мегардад. Он гоҳ инсон рафтори худро бо андешаи солим арзёбӣ карда, аз худ мепурсад: «Чаро ман чунин кардам?»
Натавонистани оромӣ баъди чунин амал метавонад нишонаи он бошад, ки инсон хатои худро дарк кардааст ва мехоҳад аз ҷиҳати шахсӣ рушд кунад.
Умуман, инсон пеш аз ҳама бояд худро бишносад ва дарк намояд. Қобилияти худшиносӣ яке аз бузургтарин дастовардҳои инсон аст.

Сӯҳбаторо Ғуломҷон
МИРАҲМЕДОВ, мухбири «ISHONCH».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: