Дар минтақаи Бухоро сохтани варзишгоҳи муосири марказии футбол барои 30 ҳазор тамошобин ба нақша гирифта шудааст.
Хабар дода мешавад, ки ин лоиҳа аз ҷониби ширкати чинии China CAMC Engineering Co. LTD дар маҳаллаи "Боғидашт"-и ноҳияи Бухоро амалӣ карда мешавад.
Айни замон корҳои тарҳрезии макони сохтмони варзишгоҳ оғоз шудаанд.
Қайд карда мешавад, ки иншооти нави варзишӣ барои рушди инфрасохтори варзишӣ дар минтақа, васеъ кардани имкониятҳо барои баргузории бозиҳои футбол ва мусобиқаҳои бузурги варзишӣ, ки ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд, хизмат хоҳад кард.