Марде бо мақсади омӯхтани макрҳои занон ба сафар баромад. Ӯ барои ин кор сию се соли умри худро сарф кард. Ба ҳар диёре, ки мерафт, бо бузургони он ҷо суҳбат мекард ва андешаҳои онҳоро дар бораи макру ҳилаи занон сабт менамуд.
Ниҳоят, вақте кори ӯ ба анҷом расид, мард роҳи бозгашт ба Ватанро пеш гирифт. Дар роҳ ба деҳае расид. Яке аз сокинони деҳа ӯро ба хонааш бурд ва худ барои иҷрои коре аз хона берун шуд.
Меҳмон дар хона танҳо монда, сандуқеро кушод ва ба ҷобаҷогузории навиштаҳои чандинсолаи худ машғул шуд.
Соҳибхоназан зани бисёр зебо буд. Ӯ коғазҳои зиёдеро дида, кунҷковона пурсид:
– Ин коғазҳо дар бораи чӣ ҳастанд?
Мард ҷавоб дод:
– Дар ин коғазҳо тамоми макру ҳилаҳои занон сабт шудаанд.
Зан боз пурсид:
– Оё ҳамаи макрҳои занонро навиштаву аз бар кардаӣ?
– Бале, – бо итминон ҷавоб дод мард.
Зан чун ин суханро шунид, ба фикре афтод ва ба макру ҳилае даст зад. Ӯ мардро аз роҳ берун кард ва ҳарду дар хона танҳо монданд.
Ҳамин ки мард ба зан наздик шуд, ӯ бо тамоми овоз фарёд зад:
– Эй мардум! Маро аз дасти ин мард раҳо кунед!
Мард аз ин ҳодисаи ногаҳонӣ сахт тарсид ва аз ҳуш рафт.
Мардум бо шитоб ба хона даромаданд. Зан ба онҳо гуфт:
– Шавҳарам ҳар рӯз як бенаво ё мусофиреро ба хона меорад ва ба ман мегӯяд, ки то бозгашти ӯ меҳмонро сер кунам. Сипас худаш ба кор меравад. Ин мусофир хеле гурусна будааст. Ҳоло ҳангоми хӯрдан устухоне дар гулӯяш дармондааст.
Мардум ба рӯйи мард об пошиданд ва ӯ ба ҳуш омаду чашмонашро кушод. Онҳо ба меҳмон гуфтанд:
– Меҳмон, ҳеҷ кас луқмаи шуморо аз даҳонатон намекашад. Дар хӯрдан шитоб накунед.
Сипас мардум аз хона берун рафтанд.
Чун хона боз танҳо монд, зан ба мард рӯ оварда гуфт:
– Оё ин макрро низ медонистӣ? Оё чунин ҳила дар китобҳои ту навишта нашуда буд?
Мард ҷавоб дод:
– Ба Худо қасам, дигар дар ин баҳр шино намекунам. Акнун фаҳмидам, ки ҳеҷ яке аз офаридаҳои Худо дар макру ҳила бо занон баробар шуда наметавонад.
Мард аз ҷой бархост, тамоми навиштаҳои сию се соли умрашро ҷамъ овард ва ба оташ зад.