Айни замон дар Ӯзбекистон тавассути Портали ягонаи интерактивии хизматрасониҳои давлатӣ – my.gov.uz барои аҳолӣ ва соҳибкорон имкони истифода аз 44 намуди хизматрасонии электронии тиббӣ фароҳам оварда шудааст.
Рӯйхати ин хизматрасониҳо ва пайвандҳои дахлдор чунин аст:
1. Навбат гирифтан барои қабули духтур;
2. Тақвими эмгузаронии кӯдакон;
3. Санҷидани ҳуқуқ ба табобати имтиёзнок;
4. Гирифтани ҳуҷҷати тиббии шакли 086;
5. Гузаштан аз муоинаи скринингӣ оид ба диабети қанд ва гирифтани натиҷаи он;
6. Бақайдгирии давлатии доруворӣ;
7. Додани дараҷаҳои тахассусӣ ба кормандони соҳаи тиб ва дорусозӣ;
8. Ба қайд гузоштани шахсони воқеӣ дар поликлиникаҳои оилавӣ;
9. Аккредитатсияи муассисаҳои тиббӣ;
10. Сабти ном барои эмгузаронӣ бар зидди COVID-19 ва санҷидани вазъи он;
11. Гирифтани натиҷаи скрининги антропометрӣ;
12. Гирифтани маълумотнома аз диспансери бемориҳои рӯҳӣ;
13. Гирифтани маълумотнома аз диспансери наркологӣ;
14. Бақайдгирии давлатии лавозимоти тиббӣ;
15. Санҷидани сертификатҳои кормандони соҳаи тиб ва дорусозӣ;
16. Гузаштан аз скрининги бемориҳои дилу раг ва гирифтани натиҷаи он;
17. Гирифтани маълумотномаҳо оид ба варақаҳои корношоямии муваққатӣ;
18. Гирифтани натиҷаи санҷишҳои санитарию эпидемиологӣ ва стандартҳои давлатӣ;
19. Додани роҳхат ба осоишгоҳҳо барои табобати пиронсолон ва шахсони дорои маъюбият;
20. Гирифтани маълумотнома дар бораи надоштани сирояти ВНМО;
21. Санҷидани ордери тиббӣ;
22. Гирифтани маълумотномаи тиббӣ барои сафар ба ҳаҷ ва умра;
23. Шиносоӣ бо маълумоти духтури дармонгоҳи оилавӣ;
24. Додани хулосаи санитарию эпидемиологӣ барои маҳсулоти хӯрокворӣ;
25. Санҷидани маълумот дар бораи эмгузаронии пешгирикунанда;
26. Гирифтани маълумотномаи тиббии шакли 083/ҳ;
27. Гирифтани маълумот дар бораи фаъолияти муҳаққиқони илмӣ;
28. Санҷидани навбат барои роҳхат ба осоишгоҳ;
29. Гирифтани маълумот дар бораи нишондиҳандаҳои саломатӣ;
30. Гирифтани маълумот дар бораи доруҳои бо дорухат таъиншуда;
31. Ҷуброни хароҷоти табобат;
32. Тақвими муоинаҳои пешгирикунандаи аҳолӣ;
33. Хизматрасониҳои марбут ба фаъолияти тиббӣ;
34. Гирифтани маълумот дар бораи бақайдгирӣ дар муассисаҳои фтизиатрӣ;
35. Ҳисобкунаки вазни бадан;
36. Гузаштан аз скрининги бемориҳои саратонӣ ва гирифтани натиҷаи он;
37. Феҳристи электронии иловаҳои фаъоли биологӣ;
38. Санҷидани натиҷаҳои таҳлилҳои клиникӣ;
39. Гирифтани маълумотнома аз диспансери наркологӣ;
40. Номограмма барои арзёбии хавфи бемориҳои дилу раг пас аз 40-солагӣ;
41. Гирифтани маълумотнома аз диспансери бемориҳои рӯҳӣ;
42. Гирифтани маълумот дар бораи доруҳое, ки аз ҷониби давлат ройгон пешниҳод мешаванд;
43. Гирифтани маълумот дар бораи нархи доруворӣ;
44. Гирифтани маълумот дар бораи доруҳои бо дорухат ва бе дорухат фурӯхташаванда.
Ёдовар мешавем, барои истифода аз ин хизматрасониҳо, ки дар бахши «Тандурустӣ»-и портали my.gov.uz ҷой дода шудаанд, довталаб бояд дар портал сабти ном шуда ва/ё аз қайди шахсият гузарад ва дархости дахлдор ирсол намояд.
Дархостҳо ба таври автоматӣ баррасӣ шуда, маълумоти зарурӣ дар шакли электронӣ пешниҳод мегардад.
Хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии Ӯзбекистон