Аксари қоидавайронкунандагони нақлиёти ҷамъиятӣ дар Тошканд ҷавонони то 30-солаанд

Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, 70,4 фоизи шахсоне, ки ҳаққи роҳкиро пардохт накардаанд, ба гурӯҳи шаҳрвандони 18–30-сола ва 22 фоизи дигар ба наврасони 16–17-сола рост меоянд.

Дар моҳҳои январ – октябри соли 2026 дар автобусҳои шаҳри Тошканд нисбат ба мусофироне, ки ҳаққи роҳкиро пардохт накардаанд, дар маҷмӯъ 138 780 санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёт хабар додааст.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, ҳуқуқвайронкуниҳо аз рӯйи гурӯҳҳои синнусолӣ чунин тақсим шудаанд:
Шахсони 18 – 30-сола – 97 747 нафар (70,4 фоиз);
Шахсони 16 – 17-сола – 30 533 нафар (22 фоиз).

Қайд карда мешавад, ки 92,4 фоизи санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии тартибдодашуда ба шахсони то 30-сола рост меоянд.
Ҳамчунин, ҳангоми таҳлили ҳуқуқвайронкуниҳо аз рӯйи ҷинс маълум шудааст, ки 105 272 ҳолат (75,9 фоиз) ба мардон ва 33 508 ҳолат (24,1 фоиз) ба занон рост меояд.
Вазорати нақлиёт аз мусофирон даъват намудааст, ки қоидаҳои истифодаи нақлиёти ҷамъиятиро риоя карда, ҳаққи роҳкирои худро сари вақт пардохт намоянд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: