Аврупо дастгоҳи ҷамъоварии партовҳои кайҳониро ба мадор мебарорад

Оҷонсии кайҳонии Аврупо қасд дорад барои дастгир ва аз мадор берун овардани моҳвораҳои сунъие, ки муҳлати истифодаашон ба охир расидааст, дастгоҳи махсусро ба кайҳон фиристад.

Барои таҳияи ин технология беш аз 102 миллион евро ҷудо шудааст, хабар медиҳад нашрияи BILD.
Лоиҳа аз ҷониби консорсиуми байналмилалӣ таҳти роҳбарии ширкати олмонии OHB амалӣ мешавад. Ба нақша гирифта шудааст, ки миссияи ClearSpace-1 соли 2030 ба кайҳон фиристода шавад.
Ҳадафи аввалини дастгоҳ моҳвораи сунъии PROBA-1 хоҳад буд, ки соли 2001 ба мадор бароварда шудааст. Дастгоҳи ҷамъоварии партовҳои кайҳонӣ мустақилона ба он наздик шуда, бо ёрии чор бозуи роботӣ моҳвораро дастгир мекунад. Сипас ҳар ду дастгоҳ ба сӯи атмосфераи Замин равона карда мешаванд ва ҳангоми ворид шудан ба он бояд пурра сӯхта нобуд шаванд.
Бо зиёд шудани миқдори партовҳо дар мадори Замин, зарурати истифодаи чунин технологияҳо низ бештар мегардад. Тибқи маълумоти Оҷонсии кайҳонии Аврупо, ҳоло дар мадори Замин беш аз 47 ҳазор объект пайгирӣ карда мешавад. Шумораи пораҳои хурди андозаашон аз 1 то 10 сантиметр бошад, метавонад ба 1,5 миллион адад расад.
Ба далели суръати баланди ҳаракат дар кайҳон ҳатто зарраҳои хурд низ метавонанд ба моҳвораҳои амалкунанда осеби ҷиддӣ расонанд, хабар медиҳад Kazinform.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: