Дар Олимпия (Юнон) маросими фурӯзон кардани машъали Бозиҳои олимпии Париж-2024 баргузор шуд

Дар Олимпия (Юнон) маросими фурӯзон кардани машъали Бозиҳои олимпии Париж-2024 баргузор шуд

Дар чорабинӣ президенти Юнон Катерина Сакеларопулу, сарвари Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Томас Бах, намояндагони кумитаи ташкилии бозиҳо, раҳбарони шаҳрдории Париж ва дигар шахсони расмӣ ширкат доштанд.

Тибқи нақша эстафетаи машъали олимпӣ дар Юнон 11 рӯз идома хоҳад кард.

Баъд, 26 апрел намояндагони кумитаи ташкилӣ дар киштии бодбондори «Le Belem»-и 120-сола машъалро ба Марсель мерасонанд.

Эстафетаи машъал дар саросари Фаронса 8 май оғоз шуда, 26 июл дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ ба анҷом мерасад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: