ЧЕМПИОНИ ОЛИМПИАДА БА ЗОДГОҲ ОМАД

Аз рӯи реҷаи ҳаракат қатораи тезгарди «Афросиёб» субҳ дар вокзали шаҳри Самарқанд омада қарор мегирад.

 Бо вуҷуди он баъзе пешвозгирандагон ба назди маълумотдиҳанда омада мепурсиданд, ки поезди «Тошканд – Самарқанд» кай меояд. Ин бесабаб набуд. Зеро маҳз дар ҳамин поезд ғолиби Олимпиадаи 44-уми шоҳмот фарзанди фарзонаи Самарқанд, гроссмейстери байналхалқӣ Ҷаҳонгир Воҳидов меомад.
Ниҳоят қатора бонг заду дар роҳи пеш қарор гирифт. Мухлисони бешумори шатранҷ, ёру дӯстон, хешу пайвандон чемпионро бо гулдастаҳои тару тоза пешвоз гирифтанд.
Мо аз фурсат истифода бурда аз Ҷаҳонгир пурсидем, ки лаҳзаҳои гуворо ва хотирмони олимпиада кадом буд? 
– Баъди ғолибиятро ба даст даровардан шахсан занг зада, табрик гуфтани сарвари давлатамон,– бо ҳисси шодмонӣ лаб ба сухан кушод Ҷаҳонгир, – вуҷудамро ҳаяҷон пахш карда, аз номи дастаи яккачин арзи сипос намудам. 
– Нақшаҳои оянда аз чиҳо иборатанд? 
– Ӯзбекистон мизбони Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар соли 2026 мешавад. Мо тасмим гирифтем, ки шоҳсуфаи баландро аз даст надиҳем. Албатта дар чемпионати ҷаҳон низ парчами давлатамонро алвонҷ диҳем. 
– Ҷаҳонгир, имрӯз  мардуми зиёди Самарқанд ба пешвозат омадаанд ва дар байни онҳо наврасон бисёр... 
– Бо ташаббус ва дастгирии сарвари давлат дар Ӯзбекистон шоҳмот ривоҷу равнақ меёбад. Умедворам, ки дар оянда сафи чемпионони ҷаҳон, Аврупо ва Осиё бисёр мешаванд. Агар олимпиадаи соли 2026 дар Самарқанд баргузор гардад, нуран аъло нур буд...

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: