ДИЁРА – ҒОЛИБИ МУТЛАҚ

Дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку мусобиқаи байналхалқии «Тоскулоҳи бузург» оид ба намуди дзюдо баргузор гардид, ки аз Ӯзбекистон, устоди варзиш Диёра Келдиёрова медали тиллоро ба даст овард.

– Дар зинаи ниҳоӣ рақиби  ман аз Италия Одетта Гиуффорида  буд,– гуфт  Диёра, – мо, ҳар ду  барои пирӯзии худ талош варзидем, ҳакамон дасти маро баланд бардоштаанд, ки парчами кишвари азизамон зери мадҳияи мо алвонҷ хӯрд. Инчунин эълон гардид, ки ман барои рейтинги бозиҳои олимпии Париж – 2024 ва чемпионати ҷаҳон 1000 холро ба даст овардаам.
Мақсади ман дар олимпиадаи навбатӣ ба шоҳсуфаи баланд баромада, кишвари азизамонро боз ҳам машҳур кардан аст. 
Бояд таъкид намуд, ки Диёра  Келдиёрова дар шаҳри Ҷумъаи ноҳияи Пастдарғами вилояти Самарқанд чашм ба олами ҳастӣ кушода, аз бачагӣ бо варзиш машғул мебошад. Вай то имрӯз якчанд маротиба чемпиони Ӯзбекистон ва Осиёи Марказӣ гардида, дар мусобиқаҳои «Тоскулоҳи  бузург» панҷ карат ғолиб омад. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори
 «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: