Дзюдочии Ӯзбекистон боз ғолиби мусобиқаи «Мастерс» шуд

Дастаи мунтахаби Ӯзбекистон оид ба дзюдо ширкатро дар мусобиқаи «Мастерс» дар Венгрия анҷом дод. Қаҳрамони ҷаҳонии Тошканд-2022 Музаффарбек Тӯрабоев дар вазни то 100 кг ғолиб омад ва медали тиллоро ба даст овард, ки мактаби дзюдои ӯзбек 12 сол боз интизораш буд.

Мусобиқаро бо пирӯзӣ бар қаҳрамони дукаратаи олимпӣ ва барандаи қаҳрамони сайёра Лукаш Крпалек оғоз карда, Тӯрабоев дар роҳи қаҳрамонии худ пай дар пай рақибонашро шикаст дод: Шейди Элнахас (Канада), Майкл Коррел (Нидерландия), Боян Досен (Сербия) ва Петер Палчик (Исроил). Ҳамчунин дирӯз Давлат Бобонов дар вазни то 90 кг медали биринҷӣ ба даст овард. Ба ивази ин муваффакият Турабоев дар активи худ 1800 хол ва Бобонов 900 холро сабт мекунанд.

Қобили зикр аст, ки бори охир Суруди миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мусобиқаи солонаи силсилаи «Мастерс»  соли 2011 ба ифтихори Ришод Собиров садо дода шуда буд.

Ба ин тартиб, мунтахаби кишвари мо мусобиқаи Будапештро бо 1 медали тилло ва 2 биринҷӣ ба анҷом мерасонад.

Ба иттилои хидмати матбуоти КМО, дар рӯзи аввали мусобиқот Диёра Келдиёрова дар вазни то 52 кг мақоми севумро касб кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: