ТОЛЕИ БАЛАНДИ САРДОР

Ҳамсояам Нодирбекро барои ёрӣ ба як кори хоҷагӣ даъват кардам.

Хирад беҳтар аз чашму биноӣ аст,
Ки биноӣ афзун зи доноӣ аст.
Абӯшакури БАЛХӢ.

Ҳамсояам Нодирбекро барои ёрӣ ба як кори хоҷагӣ даъват кардам.
Аз паси вай писараш Сардор ҳам зуд ба ҳавлиамон омад. Ҳанӯз ба кор шурӯъ накарда будем, ҳамсоя писарашро таъриф кард:
– Ин писари ман нағз, бепул мехонад.
Дуруст аст, ки дар мактаб хонандагон бепул, хубу аъло таҳсил мегиранд, ҳайратам афзуду пурсидам:
– Дар куҷо?
– Дар маркази таълим, – ҷавоб дод ҳамсоя.
Ин гуна марказҳо аксаран хусусианд. 
Пурсидам:
– Чӣ тавр?
– Агар аз санҷиш хуб гузарам, ман аз пардохт озод мешавам, – ба ҷойи падараш Сардор ҷавоб дод. 
Бале, Сардор Ҳамидҷонов (роҳбари синфаш Маҳфуза Амонова) талабаи тезфаҳму тавонои мактаби таълими умумии рақами 58-уми деҳаи Варзик аст. То нисфирӯзӣ дар маркази таълим, баъд дар басти дуюми таълимгоҳашон сабақ меомӯзад.
«Шунидан кай бувад монанди дидан». Рӯзе бо Сардор ба маркази таълим, ки дар деҳа ҷойгир буд, ҳамроҳ рафтем.
Дарҳои маркази таълим ҳоло боз нашуда, бачагони илмдӯсту шавқманд чун Сардор ҷамъ омада буданд. Баъди вохӯрӣ пурсидам:
– Сардор чӣ хел бача аст?
Аз онҳо, ки яке Акбаршоҳ ном дошт, ҷавоб дод: 
– Бачаи нағз.
– Чӣ хел мехонад?
– Зӯр.., – ҳамсуҳбати ман боз ким-чӣ гуфтанӣ буд, нагуфт, ин лаҳза дарҳо кушода шуда, бачагон ба маркази таълим даромаданд.
Сарвар Шуҳрат Ботиров будааст. Ба гурӯҳи математикаи марказ Муродҷон Абдумаликов машғулият мегузаронд. Вай донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Намангон, бо тарзи масофавӣ таҳсил мегирифтааст. Дар вақти холиаш ба насли наврас сабақ дода, бо ин роҳ ба маркази таълим ёрӣ мерасонад.
Мо каме дар машғулоти он иштирок кардем. Дарсгоҳ равшану гарм буд. Гурӯҳ аз 15 нафар иборат. Сардору дигар бачагон ба машғулотҳо рағбати зиёд доранд.
На танҳо Сардор, балки ҳар дарсхон ҳар моҳ аз санҷишҳо ғолиб шуда гузарад, дар моҳи оянда бе 170 ҳазор сӯм пардохт дар маркази таълим хонда метавонад. Сардор Ҳамидҷонов дар санҷишҳо бештар ғолиб аст. Ғайр аз машғулотҳо, рӯзҳои дигар дар дарсҳои забони англисӣ  дониши иловагӣ мегирад.
Модоме ки Сардору ҳамсабақонаш дар мактабу чунин маркази таълим донишомӯзиро ихтиёр кардаанд, толеашон баланду ояндаашон дурахшон аст.

Ш. МИРЗОЕВ, 
ноҳияи Чусти 
вилояти НАМАНГАН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: