КОМЁБИИ НАВБАҲОРИ МУШТЗАН ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН

Дар чемпионати ҷаҳон аз рӯйи бокс, ки дар Ҳиндустон гузаронида шуд, муштзани самарқандӣ Навбаҳор Ҳамидова шарафи ватанамонро дар вазни 66 килограмм муносиб ҳимоя карда, соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Навбаҳор дар чорякниҳоии мусобиқа ба Имане Хелифи алҷазоирӣ имкониятро бой дод. Сипас, муштзани алҷазоирӣ дисквалификатсия карда шуд ва Навбаҳор ба ҳайси ғолиби зинаи чорякниҳоӣ эътироф гардид.
Боиси ёдоварист, ки донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Самарқанд Навбаҳор Ҳамидова соли гузашта дар чемпионати Осиё оид ба бокс, ки дар Урдун гузаронида шуд, медали тилло ба даст оварда буд.
Инчунин, дар чемпионати Осиё, ки соли ҷорӣ дар Бангкок байни муштзанҳои синнашон то 22-сола баргузор шуд, Навбаҳор Ҳамидоваи ҷомбоӣ пирӯзиро ба даст овард.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: