Дар арафаи 32-солагии истиқлолияти Ӯзбекистон дар маркази ноҳияи Вобканд «Сайргоҳи ҷавонон» ба кор даромад.
Он дар беш аз як гектар майдони бекор бунёд гардид.
Ҳоло ин майдони аз назар дурмонда ба ҷойи хурраму обод табдил ёфт. Барои обёрӣ намудани дарахтони мевадор аз фаввораҳои хурд истифода бурда мешавад. Дар доираи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» барпо намудани «Боғи сабз», «Боғи сабзи ҷамоат» ба амал омад. Қад-қади кӯчаҳои «Имом Бухорӣ» ва «Аҳмади Дониш» барпо гардидани «Сайргоҳи ҷавонон» волидону фарзандони онҳоро хеле шод гардонд. Барои амалӣ намудани ин лоиҳа аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 1 миллиарду 900 миллион сӯм, аз ҳисоби ҳомиён 4 миллиарду 700 миллион сӯм маблағ харҷ гардид. Вақтҳои охир ин ҷо хеле серодам гашта, ҷараёни таъминоти барқ, шабакаи обёрикунӣ ба танзим даромад ва 600 бех ниҳол шинонда шуд. Дар «Сайргоҳи ҷавонон» павилонҳои савдои яхмосу нӯшокиҳои ташнагишикан, ошхонаи хӯроки миллӣ ва қаҳвахона ба мардум хидмат мерасонад. Арғунчакҳою ҳавзи шиноварӣ, фаввораю аттраксион писанди бачагон мегардад.
Дар маросими баистифодасупории «Сайргоҳи ҷавонон» ҳокими ноҳия Фарҳод Умаров ва роҳбарони дигар секторҳо, собиқадорони меҳнат, ҷавонон, намояндагони ҷамоатҳо ва сокинон иштирок карданд. Роҳбари ноҳия ҳозиронро бо 32-юмин солгарди истиқлолияти мамлакат муборакбод намуд ва таъкид кард, ки ин маскани дилкаш ба ҷойи дӯстдошта ва истироҳати маданию маърифатии беш аз 76 ҳазор нафар ҷавонони вобкандӣ табдил меёбад.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.