ОФАРИН, АФРӮЗА!

Дар Италиия чемпионати ҷаҳон аз рӯйи шоҳмот дар байни наврасони аз 14 то 18-сола ба поён расид, ки дар он аз 92 кишвари дунё 760 нафар барои ғалаба талош варзиданд.

Хонандаи синфи 8-уми мактаби миёнаи рақами 42-юми шаҳри Самарқанд Афрӯза Ҳамдамова байни ҳамсолони худ чемпиони ҷаҳон шуд, ки  дар байни духтаракон нахустин қаҳрамон аст. 
Вақте ӯ чорсола буд, падараш  Акбарҷон  Ҳакимов  бо амалҳояш рӯйи  тахта дона ронда калимаҳои «кишт», «мот», «фарзин», «рух» истифода  мебурд, ки  барои  ӯ  тамоман  бегона буданд. Аз бозӣ ба ваҷд  омада, дар  ғайби  қиблагоҳаш  тахтаи  шоҳмотро  гирифта, гӯё  мебозид ва  ба ҳарифаш «мот» мегузошт. Падараш  ҳаваси  фарзандро  дида, бо муҳраҳои шоҳмот  шинос  кард ва баъди он ки аз Сариосиёи Сурхондарё ба Самарқанд кӯчида омаданд,  назди Шаҳоб  Ҳамроқулов (рӯҳаш шод бод) оварда гуфт, ки ба шогирдӣ  қабул карда, ин бозии ақлу хирадро ёд диҳад. 
Афрӯза дар байни  ҳамсолонаш бо ғайрату  шуҷоат, интизомнокӣ, қатъият фарқ дошт, ки  дар  муддати кӯтоҳ  комёбиҳои  назаррасро ба даст оварда, мураббиёнро ба ҳайрат гузошт. 
Ӯ дар 7-солагӣ дар Эрон, сипас  дар  Бразилия, Русия, Руминия, Қазоқистон, Туркия ба шоҳсуфаи баланд баромад.
Қаҳрамонии ӯ дар Италия  боиси ифтихор аст. Зеро  вай аз сабаби  мушкилоти визаи Шенген як  рӯз  дер ба чемпионат  омада, як  холро  аз даст  дода бошад ҳам, аз  9 бозӣ   ба 9 ғалаба соҳиб шуд. Хушбахтона бо ин  комёбӣ чемпиони  ҷаҳон гардид. 
Баъди эълон  шудани  натиҷаҳои  мусобиқа мо ба  Италия  занг зада,  ӯро  аз номи  мухлисони рӯзномаи «Овози тоҷик» табрик гуфтем ва барояш, комёбиҳои нав ба нав таманно намудем. 
– Вохӯрии охирин  ниҳоят пуршиддат анҷом ёфт, – иброз дошт Афрӯза, – аммо масъулият дар назди  кишвари  азизамон, ғамхории  сарвари давлатамон  мо — варзишгаронро  водор  сохт, ки бозиҳоро бо ғалаба анҷом диҳем.
Дар  толори мусобиқа ба ғайр аз мухлисон  падараш, устодаш ҳозир  буданд, ки бешубҳа ба ӯ рӯҳи  тоза  бахшид.
– Соли  оянда дар  Самарқанд олимпиадаи навбатӣ оид ба шоҳмот  баргузор хоҳад шуд. Мақсад қаҳрамон шудан аст, – мегӯяд вай.
Бояд таъкид намуд, ки  ҳоло  дар  Самарқанд  ҳафт нафар  гроссмейстер ҳамчун аъзои  дастаи  мунтахаби ҷумҳурӣ шарафи кишвари  моро  ҳимоя мекунанд. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: