Роҳбарони Ўзбекистон ва Қатар ба мувофиқа расиданд шарикии дуҷониба ба сатҳи сифатан нав бароранд

  • Роҳбарони Ўзбекистон ва Қатар ба мувофиқа расиданд шарикии дуҷониба ба сатҳи сифатан нав бароранд
  • Роҳбарони Ўзбекистон ва Қатар ба мувофиқа расиданд шарикии дуҷониба ба сатҳи сифатан нав бароранд
  • Роҳбарони Ўзбекистон ва Қатар ба мувофиқа расиданд шарикии дуҷониба ба сатҳи сифатан нав бароранд
  • Роҳбарони Ўзбекистон ва Қатар ба мувофиқа расиданд шарикии дуҷониба ба сатҳи сифатан нав бароранд
  • Роҳбарони Ўзбекистон ва Қатар ба мувофиқа расиданд шарикии дуҷониба ба сатҳи сифатан нав бароранд

2 октябр дар маҷмӯи “Амири Девон”-и Доҳа музокироти байни Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Амири Давлати Қатар шайх Тамим бин Ҳамад Ол Сонӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар баргузор гардид.

Сарвари давлатамон ба Амири Қатар барои даъват ва меҳмоннавозии самимона ба ҳайати Ӯзбекистон изҳори сипос намуд.

Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсӣ, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фаъолгардонии табодули фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуданд.

Таъкид шуд, ки сафари таърихии Амири Қатар ба Самарқанд моҳи июни соли ҷорӣ дар равобити ду кишвар марҳалаи нав боз кард. Пайравӣ бобати ба боз ҳам сатҳи баланди шарикии стратегӣ баровардани  ҳамкории Ўзбекистон бо Қатар нишон дода шуд.

Вусъат ёфтани равобит дар сатҳҳои гуногун бо қаноатмандӣ қайд карда шуд. Ҳаҷми савдои байниҳамдигарӣ меафзояд, дар байни пойтахтҳои ҳар ду мамлакат парвозҳои ҳавоӣ ба роҳ монда шудааст. Татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо ширкатҳои бузурги Қатар оғоз шудааст.

Дар арафаи сафар дар Доҳа Сафорати Ӯзбекистон ифтитоҳ ёфт, ки фаъолияти он бояд ба пешбурди фаъоли шарикии судманд такони қавӣ бахшад.

Ба барномаи давлатии «Визион 2030», ки дар Қатар бомуваффақият амалӣ карда шуда, ба ҳадаф ва вазифаҳои Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав ҳамоҳанг аст, баҳои баланд дода шуд.

Омодагӣ ба афзоиши чандкаратаи нишондиҳандаҳои тиҷорат, татбиқи амалии лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетикаи анъанавӣ ва «сабз», нафту кимиё, коркарди амиқи маъдан, кишоварзӣ, сохтмон, сайёҳӣ, молия ва ғайра тасдиқ карда шуд.

Барои фаъол гардонидани робитаҳои соҳибкорӣ пешниҳод шуд, ки ҷаласаҳои нахустини Комиссияи байниҳукуматӣ, Шӯрои соҳибкорон ва форуми соҳибкорон моҳи январи соли 2024 дар шаҳри Доҳа ташкил карда шаванд.

Ба дастгирии ҳамаҷонибаи талошҳо, ки ба фаъол гардондани табодули фарҳангӣ, таълимӣ ва сайёҳӣ нигаронда шудаанд, изҳори омодагӣ карда шуданд.

Таъкид гардид, ки Ўзбекистон аз амиқсозии ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмию таълимии Қатар, гузарондани тадқиқотҳои муштарак дар соҳаи биотехнология ва зеҳни сунъӣ, энергетикаи “сабз” манфиатдор аст. Дар бораи баргузории Ҳафтаи фарҳанг ва сайёҳии Ӯзбекистон дар Доҳа тавофуқ ҳосил шуд.

Ҳамчунин масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуданд.

Аҳамияти дастгирии масъалаҳои пешбурди амалии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Трансафғон таъкид шуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки идомаи расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон барои таъмини сулҳу субот дар ин кишвар муҳим аст.

Дар поёни мулоқот сарони давлатҳо дастур доданд, ки як қатор "харитаҳои роҳ"-и муштарак омода карда, механизмҳои татбиқи босамари тавофуқоти ҳосилшуда фароҳам оварда шаванд.

Пас аз анҷоми музокирот бастаи устувори ҳуҷҷатҳо ба имзо расид, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба нигаронида шудаанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: