Хотираи қаҳрамонони Ватан абадӣ боқӣ мемонад

  • Хотираи қаҳрамонони Ватан абадӣ боқӣ мемонад
  • Хотираи қаҳрамонони Ватан абадӣ боқӣ мемонад
  • Хотираи қаҳрамонони Ватан абадӣ боқӣ мемонад
  • Хотираи қаҳрамонони Ватан абадӣ боқӣ мемонад
  • Хотираи қаҳрамонони Ватан абадӣ боқӣ мемонад
  • Хотираи қаҳрамонони Ватан абадӣ боқӣ мемонад
  • Хотираи қаҳрамонони Ватан абадӣ боқӣ мемонад
  • Хотираи қаҳрамонони Ватан абадӣ боқӣ мемонад
  • Хотираи қаҳрамонони Ватан абадӣ боқӣ мемонад
  • Хотираи қаҳрамонони Ватан абадӣ боқӣ мемонад

Президент Шавкат Мирзиёев дар маросим ба муносибати 9 май – Рӯзи хотира ва қадр ва 79-умин солгарди Ғалабаи бузург дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ иштирок кард.

Дар Ӯзбекистони Нав дар замири  тамоми ислоҳоте, ки дар тамоми соҳаҳо татбиқ мегарданд, тамоюли «Баҳри шаъну шарафи инсон» ниҳон аст.

Ин хусусият дар кори абадӣ гардондани хотира ва корнамоиҳои аҷдодони мо, ки дар майдонҳои муҳорибаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ барои озодии Ватан ва халқ ҷони худро нисор кардаанд, ҷанговарони шуҷоъ, ки дар солҳои истиқлолият баҳри сулҳу осоиши халқамон ва иҷрои қарзи хидматии худ ҳалок шудаанд, зоҳир намудани таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба собиқадороне, ки дар ақибгоҳ меҳнат карда, тамоми сахтиҳои ҷангро устуворона паси сар кардаанд, намудор мегардад.

Бо ташаббуси сарвари давлатамон дар шаҳри Тошканд ҳамчун рамзи равшани корнамоиҳои халқи мо Боғи боҳашамати Ғалаба қомат афрохт ва он дар муддати кӯтоҳ ба макони тамошои ҳамагон табдил ёфт.

Имрӯз Президент Шавкат Мирзиёев ба Боғи Ғалаба ташриф оварда, дар маросими хотира иштирок карда, ба муҷассамаи «Мадҳияи матонат» гул гузошт.

Ҳар як экспозитсияи ин маҷмӯъ  воқеияти мудҳиши ҷангро инъикос мекунад. Муҷассамаи «Мадҳияи  матонат» ба шарафи ҳамаи заноне, ки фарзандон ва наздикони худро дар ҷанг талаф додаанд, гузошта шудааст. Мусиқии ғамангез, ки дар боғ танин меандозад, талафоти халқи мо, сарнавишти одамони фавтидаро  хотиррасон мекунад.

– Мо ин санаро ҳам бош шодӣ ва ҳам бо ҳасрат ҷашн мегирем. Офатҳои сахти ҷанге, ки ба сари халқи мо омада буд, бо гузашти солҳо ҳам фаромӯш намешавад. Дар он вақт аҳолии ҷумҳурии мо шашуним миллион нафар буд, ки зиёда аз 1 миллиону 950 ҳазор нафарашон дар ҷанг иштирок доштанд. Зиёда аз 538 ҳазор нафари онҳо дар набардҳои хунин ҳалок гардида, зиёда аз 150 ҳазор нафарашон бедарак шуданд ва ин барои мо талафоти ислоҳнашаванда аст. Солҳои охир мо барои мустаҳкам намудани ин ҳақиқат бисёр чунин ёдгорӣ ва осорхонаҳо бунёд кардем. Саъю кӯшишҳои мо барои таълиму тарбияи халқамон, хусусан ҷавонон аҳамияти муҳим дорад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Имрӯз Боғи Ғалаба барои ҳамватанону ҷавонони мо ҳамчун як навъ мактаби ватандӯстиву сулҳпарварӣ хидмат мекунад. Дар ин ҷо «Вохӯрии се насл», чорабиниҳои хотиравӣ, дарси таърих гузаронда мешаванд. Маҷмааро то имрӯз зиёда аз 2 миллиону 200 ҳазор нафар тамошо карда, бо таърихи мардонагӣ ва устувории халқи сермиллати Ӯзбекистон дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон шинос шуданд.

Кормандони маҷмаа ҳудуди 50 китоб-албом ва монография эҷод карданд, садҳо далелҳои таърихии то ин замон номаълумро ба муомилоти илмӣ ворид карданд, рӯйхати тақрибан 2 миллион нафар иштирокчиёни ҷангро тартиб доданд, дар асоси муроҷиати шаҳрвандон дар бораи сарбозони гумшуда маълумот ҷамъоварӣ карданд.

Дар мамлакати мо  хидматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар иҷрои вазифаҳои хидматӣ фавтидаанд, собиқадорони ҷангу меҳнат мунтазам қадрдонӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, Фармони Президент аз 16 апрели соли 2024 дар бораи рағбатноксозии иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон боз як инъикоси амалии чунин эҳтиром ва эътибор мебошад. Мувофиқи ин фармон ба иштирокдорони ҷанг ва маъюбон мукофотҳои пулӣ ботантана супурда шуданд. Хонаҳои собиқадорони танҳои ҷанг ва меҳнат, оилаҳои хидматчиёни ҳарбӣ, ки ҳангоми иҷрои қарзи ҳифзи истиқлолияти мо фавтидаанд, таъмиру ободу зебо гардонда шуданд.

Дар чорабинӣ намояндагони Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон, ташкилотҳои давлатию ҷамъиятӣ, фаъолони маҳаллӣ ва оқсақолон иштирок карда, ба пояи муҷассамаи «Мадҳияи матонат» гул гузоштанд.

Президент ташаббуси таъсиси маҷмааи дигар дар ҳудуди Боғи Ғалаба – Хиёбони қаҳрамонони истиқлолиятро пеш гузошт. Дар рафти сафар лоиҳаи ин маҷмаа муаррифӣ гардид.

– Ба фикрам бо бунёди ин хиёбон дар таркиби Боғи Ғалаба ва ба он  номи Хиёбони Қаҳрамонони истиқлолиятро гузошта ба сифати  идомаи мантиқии корҳоямон дар самти баланд бардоштани шаъну шарафи инсон, мо орзуву ормонҳои наҷиби мардуми худро амалӣ мегардонем, – гуфт сарвари давлат. – Пос доштани хотираи фарзандони шуҷоъ, ки дар солҳои истиқлолият Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳаёти осоиштаи мардуми моро ҳимоя карда фавтидаанд, қарзу ӯҳдадории мост. Намунаи фидокорие, ки онҳо ба хотири сулҳу ояндаи Ватан нишон додаанд, барои халқи мо, бахусус насли наврас ҳамеша намунаи ибрат хоҳад буд.

Мувофиқи лоиҳаи нодире, ки якҷоя бо мутахассисони хориҷӣ таҳия шудааст, ном ва хотираи сарбозону афсарон, ки дар ҳамлаҳои террористӣ алайҳи кишвари мо ва дар иҷрои  вазифаҳои ҳарбӣ ҷон бохтаанд, дар Хиёбони Қаҳрамонони истиқлолият ҷовидон хоҳад монд.

Сарвари давлатамон оид ба муҳтавои ғоявӣ ва бунёди маҷмаа ба масъулин супоришҳои дахлдор дод.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: