ВАЗИФАИ МО — ТАРБИЯИ ОЛИМОНИ ЗАМОНАВӢ, АВЛОДИ БА ГУЗАШТАГОНИ БУЗУРГ МУНОСИБ

Математика ҳамеша чун падари илмҳо, шоҳи фанҳо тавсиф шудааст.

Математика ҳамеша чун падари илмҳо,  шоҳи фанҳо тавсиф шудааст. Воқеан, бе ин фан  ягон касбро мукаммал азхуд намудан ғайриимкон аст.
Аз ин рӯ, дар кишвари мо математика ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки рушди илм дар соли 2020 муайян шудааст. Дар давраи сипаришуда барои ба сатҳи нав баровардани илму маърифати математикӣ корҳои муназзам анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, барои олимони математика шароит фароҳам оварда, низоми рағбатноксозии онҳо ба роҳ монда шудааст. Дар дигар самтҳо низ кори самарабахш анҷом дода шудаанд.
Бо вуҷуди ин, дар соҳаи мазкур мушкилоти зиёди ҳалталаб мавҷуданд. Қарори Президенти кишвар «Дар бораи чораҳои баланд бардоштани сифати таълим ва рушди пажӯҳишҳои илмӣ дар соҳаи математика» аз 7 майи соли 2020 бо самташ  ба рафъи ин камбудиҳо ва рушди соҳа аҳамиятнок аст. Қарор тамоми зинаҳои таҳсилро фаро мегирад. Яъне, ҳаллу фасли марҳила ба марҳилаи масъалаҳо, аз таълими мактаб сар карда, то тадқиқоти илмӣ муайян шудааст.
Дар навбати худ, мо пешниҳоди маълумоти зеринро зарур мешуморем. Дар айни замон, дар мамлакати мо 357 мактабҳои махсусгардонидашуда ва мактаб-интернатҳо мавҷуданд, бо назардошти  ба таъмир эҳтиёҷ доштани 120-тои онҳо ва бинои худро надоштани 10-тои онҳо дарк намудани то чӣ андоза масъулиятнок будани  вазифаҳои дарпешистода  душвор нест. Аз ҳама муҳимаш — натиҷаҳои таълим дар мактаб бояд баланд бошанд. Барои ин чораҳои муҳим андешида мешаванд. Қарор барои рушду такомули минбаъдаи кор дар ин самт асос хоҳад буд.
Масалан, низоми  мукаммале таъсис дода мешавад, ки ҳамкории қаблан ноустувори байни таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, миёнаи махсус, касбӣ, мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмиро таъмин менамояд. Бо ин марҳилаҳои минбаъдаи таълим, инчунин баъзе таассуротҳои  донишандӯзон фароҳам оварда мешаванд. Гузашта аз ин, омӯзгорон мубодилаи афкор намуда, имкони беҳтар гардондани таълим, ҷорӣ кардани то қадри имкон навгониҳои бештарро ба даст меоранд.
Акнун бачаҳо дар бораи математика аллакай дар кӯдакистон тасаввурот пайдо мекунанд. Барои ин, дар асоси таҷрибаи пешқадами хориҷӣ оиди дар бачаҳои синни то мактабӣ ташаккул додани  таассуроти аввал дар бораи математика технологияҳои муосири педагогиро ҷорӣ кард. Инчунин баланд бардоштани сифати таълими математика дар ҳар як минтақа ва дар ҳар зинаи таълим, рушди мактабҳои махсус, ташаккули мактабҳои нав вазифаҳои афзалиятнок муайян шуданд. Ҳамзамон, кадрҳои баландихтисос заруранд. Аз ин рӯ, рушди системаи тайёр кардан ва бозомӯзии кадрҳо барои ин соҳа, аз ҷумла дар мактабҳои деҳот, такмил додани китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ аз фанни математика чораҳои таъхирнопазир муайян шудаанд.
Қарор аз ҷиҳати ҳаҷм ва мундариҷа миқёси васеъ ва бой дорад. Дар он инчунин ислоҳоти марбут ба рағбатноксозии шоистаи кори муаллимон, педагогҳо ва олимони соҳаи математика,  инчунин минбаъд баланд бардоштани ҳавасмандии хонандагон ба ин фан инъикос ёфтааст.
Бояд қайд кард, ки дар назди Агентии рушди мактабҳои президентӣ, эҷодӣ ва махсус мактабҳои ба математика ихтисосонидашуда фаъолият доранд. Имрӯз дар 4 мактаби президентӣ ва 2 мактаби махсус, аз ҷумла дақиқтараш мактабҳои ба номи Мирзо Улуғбек ва Ал-Хоразмӣ 1 ҳазору 420 хонанда риёзиётро амиқ меомӯзанд. Имтиҳонҳои тахассусӣ дар ин мактабҳо асосан аз фанни математика супурда мешаванд.
Барои самаранокии кор дар ин муассисаҳо як қатор тадбирҳо андешида шуданд. Аз ҷумла, олимони Донишкадаи математика ба ин мактабҳо вобаста гардида, барои донишҷӯён дарсҳои махсуси маҳорат баргузор мекунанд. Моҳи феврали соли ҷорӣ дар Мактаби президентӣ дар Тошканд дарси маҳорати академик Шавкат Аюпов баргузор шуд. Табиист, ки ин таҷриба ба донишҷӯён таъсири мусбат расонд. Дар дарсҳо таваҷҷӯҳ ва хоҳиши онҳо барои азхуд кардани математика зиёд мешавад.
Баробари ин,  дар Мактаби президентӣ дар пойтахт якҷоя бо Донишкадаи математика барои таъсиси маркази тайёр кардани тими миллии кишвар ба Олимпиадаи байналмилалии математика кор анҷом дода мешавад. Ғайр аз он, математика, ба мисли дигар фанҳои STEAM, низ бо забони англисӣ таълим дода мешавад. Ин, дар навбати худ, барои донишҷӯён имкониятҳои васеъ фароҳам меорад, то дониши худро оид ба математика дар арсаи байналмилалӣ нишон диҳанд.
Боз як чизи дигар: тибқи меморандуми байни агентӣ ва ширкати «SixClouds» имзошуда, 4 мактаби президентӣ ва 3 мактаби махсус ройгон бо методикаи таълими рақамӣ ва барномаи риёзӣ, ки аз ҷониби ширкат коркард шудааст, таъмин карда шуданд. Ин барнома барои ташкили дарсҳои иловагӣ барои хонандагони синфҳои 5-8 истифода мешавад.
Албатта, мо бояд корҳои зиёдеро анҷом диҳем. Бояд дар бораи тартиби татбиқ намудани онҳо фикр кунем. Ҷавонони лаёқатмандро муайян кардан ва иштироки бомуваффақияти онҳоро дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ таъмин кардан, дар онҳо ноил шудан ба ҷойҳои баланд муҳим аст. Таълим додан  дар асоси платформаи онлайн ва механизмҳои шаффофи баҳогузорӣ, баланд бардоштани сифати таълими фосилавӣ  бояд ба амал ҷорӣ карда шаванд.
Аз ҳама муҳимаш мо бояд кореро, ки ба зимма гирифтаем, бовиҷдонона иҷро кунем. Чунки ворисони олимони бузург ҳастем. Тарбияи пайравони арзандаи онҳо ва олимони замонавӣ вазифаи мост.

Сарвар БОБОХОҶАЕВ,
роҳбари Агентии рушди  Мактабҳои президентӣ, 
эҷодӣ ва махсус.
(ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: