АЗ ҒАЗАЛ ЯК БАЙТИ ДИЛБАР ӮЗБЕКАМ БО ТОҶИК АСТ

Дар ин мисраъҳои Қаҳрамони Ӯзбекистон, шоири халқӣ Абдулло Орипов дӯстии абадии ду халқи бародар хеле аҷоиб тараннум ёфтааст.

Дар ҳақиқат, решаҳои бародарона ва дӯстии халқҳои ӯзбеку тоҷик ба ҳазорсолаҳо сол мерасад. Ба муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳое, ки дар тӯли асрҳо аз як дарё об нӯшида, ба ҳамдигар паҳлӯ ба паҳлӯ зиста, хешу табор ва қудову анда шуда омадаанд, ба таъбири шоир, ба мисли «як байти ғазал» зистаанд, аҳлии тарафайн, ба якдигар меҳру муҳаббат, самимият, боварии баланд доштани гузаштагони бузурги мо – Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ мисоли равшан аст.
Дӯстат бошад, боғат мешукуфад

Ба шарофати иродаи сиёсии президентҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба муносибатҳои байни халқҳои ду кишвар, ки бар пояи эътимод, ҳамсоягии нек ва шарикӣ бунёд шудаанд, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад. «Дӯстат бошад, боғат мешукуфад» мегӯянд. Аз ин рӯ, дар минтақа робитаҳо мустаҳкам шуда, ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баръало зоҳир мегардад. 
Бо вуҷуди ин, дар алоқаҳоямон як вақт сардӣ ба вуҷуд омад. Ҳамкориҳо аз моҳи марти соли 2018, маҳз пас аз ифтитоҳи ботантанаи нӯҳ гузаргоҳ дар сарҳади давлатии Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки имкон дод, ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла дар бахши энергетика фаъол гарданд, тақвият ёфт. Ҳоло шумораи умумии ин гуна гузаргоҳҳо ба 17-то расидааст.
На танҳо таъмини нерӯи барқ, балки системаҳои нақлиёту коммуникатсия, робитаҳои саноатӣ ва тиҷоратии Ӯзбекистону Тоҷикистон, ки дар замони шӯравӣ бо ҳам зич алоқаманд буданд, дар солҳои истиқлолият амалан хароб шуданд. Нахуст, ҳаракати нақлиёт, аз ҷумла парвозҳо дар хатсайри Душанбе — Тошканд бекор карда шуд. Баъдан истифодаи роҳе, ки тавассути Тоҷикистон ба водии Фарғона мебурд, қатъ гардид. Бо ҷорӣ шудани низоми раводид миёни ду кишвар манотиқи марзӣ минакорӣ карда шуданд.
Ба шарофати сиёсати сулҳдӯстона сарҳадҳо кушода шуданд, роҳҳои ҳалли масъалаҳое, ки солҳо боз ҳал нагардида буданд, пайдо шуданд. Дар ниҳояти кор халқҳои мо боз ҳам муттаҳид шуданд, риштаҳои гумшуда барқарор гардиданд. Мардуми Тоҷикистон ба Президенти Ӯзбекистон бо эҳтироми амиқ муносибат мекунанд ва ӯро ҳамеша бо эҳсоси гарм истиқбол менамоянд.
Чанде пеш бо як зани солхӯрда суҳбат кардам. Вай дар ҳақи роҳбарони давлатҳои мо дуру дароз дуо кард. Солҳои зиёд бо духтараш, ки баъди издивоҷ дар Ургут зиндагӣ мекард, вохӯрда наметавонист.
– Ман ҳар соат интизори ифтитоҳи посгоҳи сарҳадӣ будам. Ҳазорон ташаккур ба президентҳои мо, ки ғами мардумро мехӯранд. Ман барин ҳамаи модароне, ки ду чашмашон дар  роҳ буданд,  дар ҳаққи онҳо дуо мегӯянд, – гуфт ӯ. 

Ҷомаи амал пӯшиданд орзуҳои нек

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба талошҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои барқарор кардани муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар бесабаб баҳои баланд надод. 
– Мушкилоте, ки қаблан ҷамъ шуда буданд, дар муддати кӯтоҳ бартараф карда шуданд. Ҳатто созмонҳои байналмилалӣ ба ин бовар надоштанд. Дар байни ҷумҳуриҳо масъалаи ҳалношуда намонд. Ташаббускор ва «меъмор»-и барқароркунии ин гуна муносибатҳои дӯстона муҳтарам Шавкат Мирзиёев аст, – гуфта буд пешвои мамлакатамон.
Сарвари Ӯзбекистон ба гуфтаи тоҷикон ислоҳгари қавӣ ва сиёсатмадори дурандеш аст. Мо ислоҳотеро, ки дар давлати шумо ба амал бароварда мешаванд, тарафдорӣ мекунем. Зеро, онҳо барои таъмини сулҳу осоиш ва ободии минтақа хизмат мекунанд. Мо натиҷаҳои кори бузургро мебинем. Ваҳдат қувваи мост. Бо муттаҳид шудан мо бойтар мешавем, тавонотар мешавем.
Ман саъю кӯшишҳои роҳбарияти кишвари шуморо бобати бунёди Ӯзбекистони Нав  мушоҳида менамоям. Сиёсати фаъоли хориҷӣ ба муттаҳид гардондани минтақа нигаронида шудааст. Солҳои охир Ӯзбекистон дар ҷаҳон бо сиёсати кушоди дохилӣ ва хориҷӣ, дипломатияи парлумонӣ, комёбиҳояш дар соҳаи таъмини ҳуқуқи инсон ва озодии сухан, барҳам додани меҳнати бачаҳо ва маҷбурӣ шуҳрат пайдо кард.  
Аввали моҳи март Президенти Ӯзбекистон зимни сафари расмӣ ба Покистон оид ба сохтмони хатти нави роҳи оҳан ба самти ҷануб, ба самти бандарҳои уқёнуси Ҳинд (Тирмиз – Мазори Шариф – Кобул – Пешовар) музокирот анҷом дод. Ин лоиҳаи ояндадори инфрасохторӣ ва логистикӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳи кӯтоҳтаринро мекушояд. Дар сурати роҳандозии масири нави транзити нақлиётӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, ки мисли Ӯзбекистон роҳи мустақим ба обҳои ҷаҳонӣ надорад, нафъ хоҳад дошт ва миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ пулҳои тиҷоратӣ бунёд мегардад.

Қадамҳои дилпуронона ба сӯйи тамаддуни нав

Ӯзбекистон аввалин Форуми байналмилалии сармоягузории Тошкандро бо муваффақият баргузор намуд. Дар чаҳорчӯби он ба маблағи беш аз 7,5 миллиард доллар қарордод ва созишномаҳо ба имзо расидаанд. Дар форум намояндагони беш аз сӣ ширкат ва соҳибкорони Тоҷикистон фаъолона ширкат варзиданд. Онҳо бо ҳамкасбон аз Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои ширкаткунанда ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ гуфтушунидҳои судманд анҷом доданд. 
Роҳбарони давлатҳои мо дар мулоқотҳои соли 2021 барои рушди минбаъдаи шарикии мутақобилан судманд нуқтаҳои нави афзоишро муайян карданд. Кор оиди ба таври ҳадди аксар истифода бурдани имкониятҳои минтақаҳои ду кишвар, дар сатҳи ноҳияҳо пайвастани онҳо шуруъ мешавад. Дар натиҷа, ҳаҷми муомилоти моли байниҳамдигарӣ афзоиш ёфта, табодули таҷриба дар соҳаи илму маориф ва фарҳанг фаъол мегардад, ки ба пешрафт, ба вуҷуд омадани ғояву навовариҳои нав хизмат мекунад.
Аз моҳи сентябри соли 2016 то имрӯз мулоқоту гуфтугӯҳои телефонии роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон мунтазамӣ касб менамоянд. Хусусияти гуфтушунид бештар ба боварии хамдигарии сардорони давлатҳои мо вобаста аст. Ин ҷиҳат дар муносибатҳои ғайрирасмӣ низ зоҳир мешавад, ки дар он роҳбарони давлат ба ҳамдигар ҳамчун “бародари азиз” муроҷиат мекунанд. Муколамаи ошкоро ва самимонае, ки дар сатҳи олӣ роҳандозӣ шуд, барои таҳкими ҳамкориҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ заминаи мустаҳкам гузошт. Гуфтугӯи гарму дӯстонаи президентҳо бо имзои як қатор санадҳо, аз ҷумла созишнома дар бораи шарикии стратегӣ ва делимитатсия ва демаркатсияи марзи давлатии ду кишвар анҷом ёфт.
Мо ба истиқболи ҳамдигар ҳаракат дорем. Дар мавриди пурзӯр намудани кори муштарак оид ба татбиқи лоиҳаҳои кооператсияи саноатӣ ва беҳтар намудани шароит барои рушди савдои мутақобила бо роҳи пайваста бекор кардани чораҳои мавҷудаи тарифӣ ва ғайритарифӣ ва мусоидат намудан ба воридшавии маҳсулоти Ӯзбекистону Тоҷикистон ба бозорҳои ду кишвар мувофиқа ҳосил шуд. 

Иқтидорамонро бояд
 муттаҳид кунем

Инсоният ба марҳалаи нави тараққиёт дохил мешавад, ки дар он кашфиёти илмӣ ва қарорҳои навоварона нақши асосӣ мебозад. “Иқтисоди дониш” ва “иқтисоди рақамӣ”, рушди нерӯи зеҳнӣ, таҳия ва татбиқи ғояҳои инноватсионӣ ва технологияҳои олӣ ба омилҳои муайянкунандаи рушди босуръат ва устувори ҳар як кишвар табдил меёбад. Илми ҷаҳонӣ дар чунин соҳаҳо, аз қабили зеҳни сунъӣ, нанотехнология, биотехнология, тадқиқоти кайҳонӣ, тибби ҳастаӣ ва энергетикаи “сабз” ба натиҷаҳои муҳим ноил мегардад. Мо шоҳиди онем, ки Ӯзбекистони дӯст дар ин роҳ муваффақиятҳои калон ба даст оварда истодааст. Мо метавонем ҳамкориро инкишоф диҳем, иқтидори худро муттаҳид кунем. Зимнан, 8 апрели соли равон дар шаҳри Тошканд таҳти раёсати Ӯзбекистон ҷаласаи шашуми роҳбарони вазорату идораҳои илму техникаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар он ин масъалаҳо ҳамаҷониба баррасӣ шуданд. 
Муносибатҳои байни кишварҳои мо ба зинаи сифатан нав баромада, робитаҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ густариш меёбанд. Муколамаи ошкоро ва самимонаи ба роҳ мондашуда барои таҳкими ҳамкории байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ заминаи мустаҳкам гузошт. Дар давраи гузашта дар муносибатҳои дутарафа бисёр чиз тағйир ёфт. Танҳо дар соли 2017 гардиши мол 70 миллион долларро ташкил дод, дар соли 2020 — соли душвори пандемия ин рақам бори аввал ба 500 миллион доллар расид. Вазифа гузошта шуда буд, ки ин рақам ба як миллиард доллар расонда шавад. Тасдиқи амалии ин он  аст, ки шумораи корхонаҳои муштарак 8 баробар афзуда, ҳоло онҳо зиёда аз 200 ададро ташкил медиҳанд, аз он ҷумла корхонаи муштараки «Artel Avesto Electronics», ки дар шаҳри Душанбе асбобу анҷоми рӯзгор истеҳсол мекунад, самарабахш фаъолият дорад.
Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳамчун кишварҳои шарик пайваста аз ташаббусҳои ҳамдигар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ пуштибонӣ мекунанд. Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ ва дастгирии ҳамдигар дар чаҳорчӯби чунин сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили СММ, ИДМ, СҲШ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Сандуқи байналмилалии наҷоти Арал тасдиқ карданд. 
Тоҷикистон сиёсати нави минтақавии Ӯзбекистонро пуштбонӣ мекунад. Инро иштироки Президент Эмомалӣ Раҳмон дар нишастҳои машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои охир тасдиқ кард. Ҳамзамон, Тоҷикистон ба қабули қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид «Тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар соҳаи таъмини сулҳу субот ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ», баргузории вохӯриҳои мунтазами сарони идораҳои роҳи оҳани кишварҳои аъзои СҲШ ва қабули муроҷиатномаи муштараки сарони давлатҳои СҲШ ба ҷавонон манфиатдор аст. Дар омодагӣ ва баргузории ҷамъомади Шӯрои оид ба илм ва технологияҳои соли 2020 Шавкат Мирзиёев ташаббусҳои дар Ӯзбекистон баргузор намудани ҳамоиши дуюми СҲШ-ро пурра дастгирӣ кард. 
Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар мавриди зарурати истифодаи оқилона ва баробар аз манбаъҳои обу энергетика мувофиқи манфиатҳои кишварҳои минтақа ба як ақида расиданд. Тавре коршиносони хориҷӣ қайд кардаанд, хусусияти созандаи равобити Ӯзбекистону Тоҷикистон дар ин самт метавонад ба талошҳои минтақавӣ барои таъмини бехатарии об дар Осиёи Марказӣ таъсири фаъол гузорад.
Тошканду Душанбе ҷонибдори рушди ИДМ дар заминаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, табдил додани ин иттиҳод ба платформаи самарабахш ва муассир барои ҳалли мушкилоти таъхирнопазири таъмини суботу амният мебошанд. Ягонагии назарҳо дар самтҳои муҳим дар пуштбонии Ӯзбекистон аз ташаббуси Тоҷикистон дар мавриди таъсиси Маркази зидди маводи мухаддири СҲШ зоҳир шуд. 

Риштаҳои аз ҷиҳати таърихӣ гусастанашаванда

Мероси фарҳангии халқи ӯзбекро тоҷикон баланд қадр мекунанд. Шоҳасарҳои фарҳанги тоҷиконро ӯзбекҳо ҳамеша қадршиносӣ мекарданд. Мо ҳамеша дар шодиву ғам якҷоя будем. Ин як халқест, ки бо ду забон ҳарф мезанад. Тавре Шавкат Мирзиёев дар мулоқот бо Президент Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, «мардумҳои Ӯзбекистону Тоҷикистонро риштаҳои бародарӣ мепайвандад. Асрҳо боз паҳлӯ ба паҳлӯ зиндагӣ карда, онҳоро решаҳои таърихию маънавӣ, омезиши фарҳанг, анъана ва расму оинҳо ба ҳам мепайвандад». Дар ин суханон орзую умеди ду халқи бародар таҷассум ёфтаанд.
Гузаштагон ва мутафаккирони бузург Навоӣ ва Ҷомӣ, Абдурауфи Фитрат ва Садриддин Айнӣ, Ғафур Ғулом ва Мирзо Турсунзода, Абдулло Орипов ва Лоиқ Шералӣ дӯстии самимӣ ва покизаи ӯзбеку тоҷиконро тараннум кардаанд. Бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев гузоштани муҷассамаи Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ дар Самарқанд ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Ӯзбекистон бо шодии зиёд пешвоз гирифта шуд. Дар Душанбе хиёбони ба номи Алишери Навоӣ кушода шуд, ки дар он ҷо ҳамин гуна муҷассама гузошта шуд. 
Ходимони барҷастаи маданият ва санъат ҳамеша ба ғанӣ гардидани маънавияти ҳар ду халқ хизмат кардаанд. Сарнавишти мо чунон ба ҳам печида аст, ки ягон тӯйи ӯзбек бе суруди тоҷикӣ ва тоҷик бе ӯзбекӣ намегузарад. Сафари байниҳамдигарии ходимони маданият ва санъат пурзӯр шуда истодааст. Гастролҳои деринтизор ва вохӯриҳои эҷодӣ барпо гардиданд. Дар Тоҷикистон аз 30 март то 1 апрел Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон барпо гардиданд. Дар давоми се рӯз дар Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар шаҳру вилоятҳо филмҳои устодони Ӯзбекистон намоиш дода шуданд.
Моҳи майи соли гузашта дар чаҳорчӯби Рӯзҳои кино дар Тоҷикистон миёни киностудияи «Ӯзбекфилм» ва «Тоҷикфилм» ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расида буд. Дар ҳуҷҷат чунин вазифаҳо, ба монанди офаридани якҷояи филмҳо, мубодилаи кадрҳо, дар донишкадаҳои  Ӯзбекистон, аз ҷумла, дар филиали Институти давлатии  кинематографияи Русия дар Тошканд ташкил намудани омӯзиши режиссёрҳои ояндаи кино пешбинӣ шудаанд.
Аз замонҳои қадим санъаткорони ӯзбекро дар Тоҷикистон мешиносанд, мешунаванд ва эҳтиром мекунанд ва баръакс. Масалан, Ортиқ Отаҷонов, Шералӣ Ҷӯраев, Ғуломҷон Ёқубов ва дигарон ба қалби ҳаводорони Тоҷикистон амиқ роҳ ёфтаанд. Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев, Шоиста Муллоҷонова, Ҳанифа Мавлонова, Давлатманд Холов ва дигаронро дар Ӯзбекистон дӯст медоранд ва гӯш мекунанд, ҳамчун сарояндаи бузург эътироф менамоянд. 

Таълиму тарбия, 
илм – пойдевори рушд

Мо шароитеро, ки барои тоҷикони муқими Ӯзбекистон фароҳам оварда шудааст, хеле қадр мекунем. Дар мамлакати бародари мо Маркази ҷумҳуриявии маданияти миллии тоҷикон амал мекунад, ки даҳ маркази маданияти миллии тоҷикони ҷумҳуриро муттаҳид менамояд. 245 мактаб бо забони тоҷикӣ (дар 55-тоаш дарс пурра ба забони тоҷикӣ мегузарад) фаъолият дорад. Дар донишгоҳҳои Самарқанд, Тирмиз ва Фарғона гурӯҳҳое мавҷуданд, ки дар онҳо машғулиятҳо ба забони тоҷикӣ мегузаранд. Ба забони модарии мо чор нашри чопии даврӣ интишор меёбад, панҷ барномаи телевизион намоиш ва 30 барномаи радио шунавонида мешавад. Дар навбати худ, ҳукумати Тоҷикистон низ барои ҳифз ва рушди фарҳанги миллии ӯзбактабор ва ҳувияти он талошҳои худро идома медиҳад.
Робитаҳои фарҳангӣ ва башардӯстона низ соҳаҳои варзиш ва маорифро фаро мегиранд. Аз ҷумла, миёни кумитаҳои олимпии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Солҳои 2018-2022 миёни донишгоҳҳои мо 17 созишнома ва меморандум ба имзо расидаанд. 
Корҳои муштарак оид ба тайёр кардани кадрҳои илмию педагогӣ, табодули академӣ, табодули маълумот оид ба масъалаҳои эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳои таҳсилот, тахассус ва дараҷаҳои илмӣ идома доранд. 
Мо бояд ҳамроҳи халқи бародару ҳамсояи ӯзбек дӯстии аз қаъри асрҳо меросмондаро ҳифз кунем. Ба қадри шаъну шарафи аҷдоди худ зиндагӣ кардан, барои таҳкими минбаъдаи робитаҳои ҳамкорие, ки роҳбарони кишварҳоямон барқарор кардаанд, садоқатмандона меҳнат кардан вазифаи муқаддаси ҳар яки мост.

Кобилҷон ХУШВАХТЗОДА, 
ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 
доктори илмҳои иқтисод, 
профессор.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: