Президент Шавкат Мирзиёев 19 март аз корхонаи рехтагариву механикии шаҳри Тошканд боздид ба амал овард.
Заводе, ки беш аз 40 гектар майдон дорад, пештар бо тамоми иқтидор кор намекард ва камдаромад буд. Бинобар ин ба ихтиёри Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари» гузаронида шуда, соли 2013-ум бозсозӣ гардид. Солҳои охир ҳудуди истеҳсолот хеле васеъ шуд, ки самарабахшии иқтисодии корхонаро афзун сохт.
Алҳол корхона метавонад соле 1,2 ҳазор вагон истеҳсол карда, 1,5 ҳазор адад вагонҳои боркашониро таъмир намояд.
Маҳсулоти корхона харидоргир мебошанд. Аз ҷумла, шаш навъи вагонҳои боркашонии нимпӯшидаву пӯшида, бо пойгоҳи тӯлонӣ, барои кашондани ғалла, симон, нуриҳои менералӣ истеҳсол карда мешаванд.
Истеҳсолоти рехтагарӣ соҳаи асосӣ ба шумор меравад, метавон онро «қалб»-и саноати вазнин ҳисобид. Дар корхона аз ҳисоби 120 миллион доллар сехи рехтагарӣ бунёд карда шуд, ки қодир аст соле 26 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол кунад. Дар ин ҷо тамоми навъи қисмҳои эҳтиётӣ, ки дар истифодабарии роҳҳои оҳан ва таъмири таркиби ҳаракаткунанда истифода мешаванд, истеҳсол мегарданд.
Роҳбари давлат бо маҳсулоти истеҳсолшаванда шинос гардид.
– Алҳол мақсади асоси мо ин фароҳам овардани миқдори зиёди ҷойҳои корӣ мебошад. Чунончӣ, соли равон мо мехоҳем дар мамлакатамон 100 ҳазор хона бунёд кунем. Ин хонаҳо кадом вақт ба мардум писанд меоянд? Вақте, ки дар шафати хонаҳо ҷойи корӣ бошад. Бинобар ҳамин ҳам дар маҳалҳо, чун дар қитъаҳои наздиҳавлигӣ, лоиҳаҳои иқтисодӣ бо дарназардошти наздикиашон ба хонаҳои бисёрҳуҷра тарроҳӣ мешаванд. Ба онҳое, ки бекоранд, бобати бо ҷойи кор таъмин шудан кумак расонида мешавад. Дар ин бобат чунин корхонаҳо нақши муҳим мебозанд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Қайд гардид, ки бояд дар маҷмӯъ истеҳсоли маводро барои сохтмон, хоҷагиҳои коммуналӣ ва дигар соҳаҳо зиёд карда, соҳибкоронро бо ин имкониятҳо шинос намуда, миқдори супоришҳоро афзун гардонд. Ин, дар навбати аввал, ба ташкили ҷойҳои корӣ дар соҳаҳои омехта мусоидат менамояд.
Дар корхона 26 сех, аз ҷумла сехҳои вагонсозӣ, механикиву ҷамъкунӣ, чархсозӣ, рехтагарӣ, таъмирӣ, тайёркунӣ ва мураттабсозӣ амал мекунанд. Президент ҷараёни истеҳсолотро дар сехҳои мазкур аз назар гузаронд.
Дар корхона тайи солҳои 2018-2023 барномаи азхудкунии истеҳсолоти тақрибан 100 навъи маҳсулот татбиқ шуд. Соли 2023-юм дар ҳаҷми умумии 267 миллиард сӯм маҳсулот истеҳсол гардид, 170 вагон ва қисмҳои эҳтиётии арзишашон 10 миллион долларина ба содирот бароварда шуданд. Соли равон то ба 15 миллион доллар зиёд кардани ҳаҷми содирот пешбинӣ гардидааст.
Дар корхона меъёрҳои байналхалқии низоми менеҷменти сифати ISO 9001 ва низоми менеҷменти энергетикии ISO 50001 ҷорӣ карда шудаанд.