ФАЪОЛОНИ МАҲАЛЛА НИЗОЪҲОИ ХОНАВОДАГИРО ПЕШГИРӢ МЕКУНАНД

Ба наздикӣ Президент Шавкат Мирзиёев дар баромади худ дар робита бо издивоҷи духтарони ноболиғ сухан ронда, оқибатҳои онро барои ҷомеаи мамлакат нигаронкунанда арзёбӣ кард.

 Вай боз қайд намуд, ки бархе аз духтарон ба хешовандони наздики падару модари онҳо ба шавҳар дода мешаванд, ки ин ҳол низ оқибатҳои нохуш дорад. 
Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Навоӣ»-и ноҳияи Риштон 1 ҳазору 815 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад ки аз ин 800 нафарашон занону духтарон мебошанд. Инчунин ҷамоати мо 350 нафар ҷавонони аз 14 то 30 соларо муттаҳид намудааст. Дарвоқеъ, маҳаллаи мо аз минтақаҳои навбунёди шаҳри Риштон ба шумор меравад, аз ин рӯ, оилаҳои ҷавон аксариятро ташкил медиҳанд.
Ҷамоати шаҳрвандони маҳалла аз чунин ҳолатҳои ногувор, мисли низоъ ва зӯроварӣ, аз ҳам ҷудо шудани зану шавҳар то андозае орӣ мебошад. Зеро фаъолони маҳалла ба таври доимӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарад. Хусусан, баъди суханронии Президент чунин корҳо дар маҳаллаи мо беш аз пеш вусъат пайдо намудааст ва дар аснои бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ фаъолони маҳалла ба ин ҷиҳат бештар эътибор медиҳанд. 
Чанде қабл ба идораи ҷамоати маҳалла хабар расид, ки духтари ноболиғеро бар хилофи хоҳиши ӯ ба шавҳар медиҳанд. Дарҳол аъзои комиссияи маҳалла ба хонаводаи ин духтар рафта вазъиятро омӯхтанд. Маълум шуд, ки бидуни ягон сабаб падару модари духтару писар тӯйи арӯсӣ баргузор кардаанд ва ба гуфтаи онҳо худро аз як ташвиш раҳондаанд. Ба падару модари писару духтар фаҳмонда шуд, ки издивоҷи бармаҳали духтар метавонад ӯро ба бемориҳои гуногун рӯ ба рӯ намояд.
Хушбахтона, дар натиҷаи ин фаҳмондадиҳӣ қарор карда шуд, ки духтари арӯсшаванда аввал дар ягон муассисаи таҳсилоти олӣ рафта таҳсил кунад ва баъд ҷиҳати издивоҷи онҳо ба як қарор хоҳанд омад. Ҳоло ин духтар дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Қӯқанд  мехонад.  
Масъалаи зӯроварӣ ва низоъҳои хонаводагӣ низ аз тарафи сарвари давлат мавриди интиқод қарор гирифт. Чунин вазъият дар оилаҳое ба вуқӯъ мепайвандад, ки мард ба айшу нӯш ва майзадагӣ дода шудааст ва ё аз илму маърифат дур буда, ҳамеша худро аз дигарон боло мешуморад. Гумон мекунад, ки маҳз ӯ ҳокими хонадон аст ва зану фарзандон бояд ҳар фармудаи ӯро бекамбудӣ иҷро кунанд. Тайи се-чор соли охир боре нашудааст, ки дар ин ё он хонавода аз зӯроварии шавҳар доду фиғони зан ва кӯдакони ӯ баланд шавад. Ин беҳуда нест, зеро ғайр аз 15 нафар аъзои доимии комиссияи ҷамоати шаҳрвандони маҳалла, инчунин дар ҳар кӯчаи он фаъолони мо вобаста карда шудаанд ва онҳо саривақт аз низоъҳои хонаводагӣ пешгирӣ мекунанд.
Ногуфта намонад, ки соли 2023 танҳо се оила дар маҳаллаи мо рӯ ба парокандагӣ овард ва он бесабаб набуд. Баъди солҳои дарози зиндагӣ маҳз бефарзандӣ зану шавҳарро маҷбур намуд, ки аз ҳам ҷудо шаванд ва шояд издивоҷ бо шахси дигар онҳоро соҳиби фарзанд гардонад.   
Дар қаламрави ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Навоӣ» се кӯдакистони хусусӣ фаъолият дорад. Барои маълумот зикр кардан мумкин аст, ки ин кӯдакистонҳо сад фоиз фарзандони аз 3 то 6 солаи сокинони онро фаро гирифтаанд. Инчунин дар маҳалла 65 корхонаи хусусӣ мавҷуд аст, ки 45-тои он аз субъектҳои ба рӯйхат гирифташуда иборатанд. Маҳалла аз оилаҳои камбизоат низ орӣ мебошад.
Сокинони маҳаллаи моро асосан соҳибкорон ташкил медиҳанд. 
Роҳбари корхонаи оилавии «Mingboshi ceramic» Шокирҷон Аҳмадҷонов аз зумраи  соҳибкорони маҳаллӣ мебошад. Маҳсулоти корхонаи ӯ дар бозорҳои берун аз кишварамон харидорони худро дорад. Ҳоло ин корхона дар ҷумҳурӣ ҷиҳати содир намудани маҳсулоти кулолгарӣ мавқеи хосро ишғол мекунад.    
Муҳайё Сатторова дувумин шахсест, ки чун соҳибкорзани ноҳия муаррифӣ шудааст. Вай ширкати хусусии ҶДММ «ММ Porcelain»-ро таъсис додааст. Ҳоло духтари ӯ Сурайё бо гирифтани 1 миллиард сӯм кредити имтиёзнок талош дорад, ки аз ҳисоби ин маблағ корхонаи хусусии кулолгарии калонтарин дар ноҳияи Риштонро таъсис диҳад ва садҳо нафарро бо кор таъмин намояд. 
Назокат Дадабоева, Лолахон Яқубова ва Саёҳат Салоҳиддинова аз ҳамин шумори занҳои соҳибкор мебошанд. Дар айни ҳол аз 71 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи ноҳияи Риштон дар 39-тои он одамони зиёд ба кулолгариву косибӣ машғул мебошанд, ки марбути корхонаҳои соҳибкорони варзидаи маҳаллаи моянд.

Гулчеҳра ДОДОБОЕВА,
фаъоли занону 
духтарони ҷамоати 
шаҳрвандони 
маҳаллаи «Навоӣ»-и
ноҳияи Риштони 
вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: