ҶАҲОНИ КӮДАК БИСЁР ОСЕБПАЗИР АСТ

Ин ҳарфҳои нависандаи бузург Чингиз Айтматов мебошад.

 Тавре ки вай таъкид кардааст, ҳиссиёти кӯдакро набояд нобуд кард. Агар давраи кӯдакӣ бадбахтона гузарад, аз ҳамон кӯдак шахсияти пурқувват ва соҳибихтисос пайдо намешавад.  

– Дар баъзе хонаводаҳо ба олами кӯдак калонсолон таваҷҷӯҳ зоҳир намекунанд. Ҳатто ҳарфҳои ӯро ба инобат намегиранд ва дар муқобили дархостҳои кӯдаконаи ӯ вокуниши мусбат нишон намедиҳанд. Калонсолон намедонанд, ки бо ин рафтори худ ба дили кӯдак озор мерасонанд, дар натиҷа, дилсардиҳои пай дар пай ба вуқӯъ мепайванданд ва ин ҳол вайро аз ҳамтоёни дигараш ҷудо мекунад, ба атроф шавқу ҳавасаш коста мегардад, – мегӯяд номзади илмҳои педагогика Бобосодиқ Латифов.
Тавре ки вай меафзояд, дар ин маврид ба баъзе халқҳои аврупоӣ ҳавас кардан мумкин  аст. Онҳо  бо кӯдакони худ хеле ҷиддӣ муносибат мекунанд ва бо онҳо мисли калонсолон суҳбат мекунанд. Алломаҳои бузурги мо дар бораи тарзи муомилаву муошират бо кӯдакон фикрҳои ҷолиб гуфта рафтаанд, вале мардуми мо бо сабабҳои зиндагӣ аз маърифат андак дур шудаанд ва бештари вақташон дар назди телевизор бо тамошои сериёлҳои гуногун мегузарад ва бо фарзандони хурдсолу калонсоли худ хеле кам вориди суҳбату мулоқот мешаванд.
Дарвоқеъ, масъалаи дигаре, ки зимни тарбияи кӯдакони синни томактабӣ аҳамияти вижаро касб менамояд, харидани бозичаҳои гуногун аст.  
– Баъзе падарон барои кӯдакони худ бештар бозичаҳое мехаранд, ки ба силоҳҳои гуногуни оташфишонӣ, мисли мусалсал, милтиқ, туфангча ва танку зиреҳпӯшҳо монанд мебошанд. Кӯдак бо он бозичаҳо бо иштиёқи том машғули бозӣ мешавад. Вақте мусалсалро «ба кор медарорад» ва аз нӯги он оташ парида, ба самти нишонгирифтааш паҳн мешавад, кӯдак аз ин кори худ хурсанд гашта, ба атроф бо ифтихор менигарад. Вай гумон мекунад, ки ҳамаи одамҳои пеши рӯяш аз тири мусалсал «қир шуданд», – мегӯяд яке аз тарбиячиёни собиқадори кӯдакистони шаҳри Фарғона Зулхумор Қурбонова.
Вай меафзояд, ки зимни ба кӯдакистон оварда супурдани чунин кӯдакон онҳо ба бозичаҳое, ки он ҷо дар ихтиёрашон гузошта шудаанд, бидуни шавқу шӯр менигаранд. Барои онҳо бозӣ  бо тӯбҳои ҳархелаи хурду калон, мошинчаҳои рангоранг, ё бозичаҳои дигари марғуб рағбате ҳосил намекунанд.
– Ин хеле бад аст, – таъкид меварзад З. Қурбонова. – Мо бояд ҳамеша баҳри он кӯшем, ки дар дили онҳо меҳру муҳаббат, раҳму шафқат бедор шавад. Дар дунёи имрӯза он қадар ҷангу ҷидол ва даҳшату хунрезиҳо зиёд шудаанд, ки аз шунидани хабарҳои он дили мо –калонсолон ба воҳима афтодааст. Худо накунад, ки бо чунин рӯзҳои мудҳиш кӯдакони манотиқи дигари олам рӯ ба рӯ шаванду рӯзу шаби худро бо даҳшат сипарӣ намоянд.
Кӯдаконе, ки барои таълиму тарбия дар кӯдакистонҳо фаро гирифта шудаанд, аллакай ба чизҳои зиёд ақлу фаросаташон мерасад, яъне гармро аз сард, хубро аз бад, баландиро аз пастӣ фарқ мекунанд. Пас, барои онҳо фароҳам овардани шароите, ки созгор бошад, аз манфиат ҳаргиз холӣ нахоҳад буд. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки дар асри чордаҳи милодӣ ба сар бурдааст ва дар таърихи тасаввуф ва аҳли адаби Шарқ низ нақши муассире аз худ боқӣ гузоштааст, дар бобати тарбияи кӯдакон хеле бамавқеъ фикрҳои худро баён кардааст. Ба таври мисол, вай навиштааст: «Фарзандонро аз хурдӣ бояд  хушахлоқ таълим кунанд ва ба зинати дунё нафиребанд. Чун тифлро аз аввал бад-ин тартиб тарбият кунанд, вақте ба ҳадди балоғат расад, баракати он ба зоҳиру ботини ӯ зуҳур кунад. Агар ҳамчунин кардӣ, наҷот ёфтӣ ва ҳам халқро наҷот додӣ».
– Ба назарам, аксари кӯдакистонҳое, ки он ҷо фарзандони мардуми тоҷиктабор ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, аз камбуди шеърҳои бачагона азият мекашанд. Шеър дар вуҷуди кӯдакон низ эҳсосоти хуберо бедор мекунад. Хосатан, шеърҳое, ки Модар, Ватан, мактаб, табиат ва дӯстиро тараннум мекунанд, имрӯзҳо дастраси мо намебошанд, – мегӯяд Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон, тарбиятгари кӯдакистони рақами 13-уми ноҳияи Сӯх Сулҳия Раҳмонова.
Тавре ки вай изофа намуд, чанд сол пеш бо ҷаҳду талош чанд шеъри барои кӯдакон навиштаи устоди равоншод Асад Гулзодаи Бухороиро пайдо кард ва онро ҳамаи кӯдакони ин маскани таълиму тарбия азёд карданд. Ҳатто ҳангоми таҳсил дар синфҳои ибтидоӣ ин шеърҳои азёдкардаи кӯдакон борҳо такрор гардидаву дар зеҳнашон барои ҳамеша нақш бастааст.
– Солҳои пеш дар китобхонаи мактаби деҳ бастаҳои рӯзномаву маҷаллаҳои тоҷикӣ нигоҳ дошта мешуданд, аммо бо мурури замон хеле кӯҳнаву ғайри қобили истифода қарор гирифтаанд. Бо вуҷуди ин, зимни зарурат рафтаву онҳоро варақ зада, чанд шеъри барои кӯдакон иншонамудаи шоирони муосирро ёфта овардам. Шодию хурсандии кӯдакон хотирамро хеле болида сохт. Онҳо чанд шеърро бо шавқу рағбати том гӯш карданд. Баъд гуфтанд, ки ин шеърҳоро ба онҳо азёд кунонам, – мегӯяд С. Раҳмонова.
Маълум шуд, ки ба наздикӣ аз Тоҷикистон чанд китобу маҷалла ба ноҳияи Сӯх интиқол ёфтааст, ки шеърҳои зиёди он маҳз барои кӯдакон суруда шудаанд. Ҳоло ин шеърҳо дар варақҳои алоҳида нусхабардорӣ гардида, ба тамоми кӯдакистонҳои ноҳия тақдим гардидааст. 
– Дуруст аст, ки ҳоло дар сайтҳои шабакаҳои интернетӣ кас метавонад шеъру ҳикояҳои гуногунмундариҷаро пайдо намояд. Аммо ин роҳи ҳалли масъала нест. Бояд адибони мо дар баробари шеърҳои гуногунмавзӯю гуногунмазмун   ба гуфтани шеърҳое низ даст зананд, ки мундариҷаашон ба синну соли кӯдакон мувофиқ бошад. Тибқи имкониятҳои мавҷуда мо аз мағозаҳои китобфурӯшии шаҳрҳои Исфара, Конибодом ва Хуҷанд китобҳои бачагона харида меорем ва то андозае чунин эҳтиёҷи муассисаҳои томактабии ноҳияро рафъ месозем,– мегӯяд мудири шуъбаи таълими томактабӣ ва мактаби ноҳияи Сӯх Гулноз Усмонова.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: