Шеърҳои Асад Гулзодаи Бухороӣ, ки дар «Куллиёт»-аш фароҳам оварда шудаанд, асосан, мавзӯъҳои Ватан, ишқу муҳаббат, забони модарӣ ва гузаштаи пурифтихори халқро дар бар гирифтаанд.
Манзараҳои нотакрор, ёдгориҳои меъмории таърихӣ ва зиёратгоҳҳои шаҳри бостонии Бухоро дар эҷодиёти шоир бо хусусиятҳои ба худ хосашон инъикос ёфтаанд:
Бухоро сарҳаду дарвозае дошт,
Дар олам шуҳрату овозае дошт.
Зи душман қалъаашро ҳифз мекард,
Ҳамеша як муҳити тозае дошт.
Шоир асосан ёдгориҳои меъмории Бухорои Шарифро дар ашъори худ ба риштаи тасвир кашидааст. Дарҳақиқат, дар вилояти Бухоро бештар аз як ҳазору ҳафтсад обидаи таърихӣ мавҷуд аст. Дар Бухоро таваллуд шуда, ба обидаҳои таърихии он дил набастан аз доираи ақл берун аст.
Шоир дар порашеъри зерини худ ба маркази ҳунармандону санъаткорон будани Бухорои бостонӣ ишора кардааст:
Шаҳри ҳунармандон аст,
Корхонаи ҷаҳон аст.
Макони зардӯзон аст,
Мактаби патдӯзон аст.
Аз ин шеър метавон хулоса кард, ки шоир таърихро бо либоси бадеият ба хонанда расондан мехоҳад. Зардӯзони Бухоро бо офаридаҳояшон Бухороро шуҳратманд гардондаанду мегардонанд.
Яке аз ёдгориҳои меъмории Бухоро Манораи Калон мебошад. Онро Манораи Арслонхон низ номидаанд. Дар вақти ҳуҷуми Русияи подшоҳӣ ба болои он 26 бомба афтода бошад ҳам, хароб нагардидааст.
Дарҳақиқат калон аст
Шаҳсутуни осмон аст.
Доимо пеши назар,
Машҳур дар ҷаҳон аст.
Калон будани манора, сарсутуни осмони Бухоро ва дар ҷаҳон машҳур буданашро шоир дар шеър бо либоси бадеӣ ба қалам додааст.
Гулзода ба мадрасаи Мири Араб ҳам шеъре бахшидааст. Инак, порае аз он:
Қатор-қатор ҳуҷраҳо
Пурсафову хушҳаво.
Хонаҳои таълиманд,
Сарчашмаҳои илманд.
Қуръонро таълим диҳанд,
Дарси муаллим диҳанд.
Шогирдон мулло шаванд,
Фозилу доно шаванд.
Мадрасаҳои Бухорои Шариф таълимгоҳи динӣ буданд, ки дар онҳо асосан китоби муқаддаси дини ислом – Қуръони карим таълим дода мешуд. Шоир ин хусусияти ба худ хоси мадрасаҳоро равшан ифода кардааст.
Мақбараи Исмоили Сомонӣ дар Осиёи Марказӣ яке аз ёдгориҳои меъмории нодир буду ҳаст. Шоир дар васфи ин меъмории таърихӣ, аз ҷумла, фармудааст:
Қадамҷои мӯътабар,
Набошедаш бехабар.
Мақбараи шоҳон аст,
Машҳур дар ҷаҳон аст.
Беш аз ҳазору сад сол,
Истода пойбарҷо.
Зиёратгоҳи мардум,
Ибодатгоҳи мардум.
Қадамҷойи қадимтарин будани мақбара, дар он дафн гардидани шоҳ ва шаклу шамоили он дар шеър бо калимаҳои содаву равон ифода шудаанд.
Асад Гулзода на фақат бахшида ба шаҳри Бухоро, балки дар васфи шаҳрҳои Самарқанд, Душанбе, Теҳрон низ шеърҳо навишта, диди эстетикии худро ба рӯйи авроқ овардааст.
Яке аз шаҳрҳои қадимии Ӯзбекистон Самарқанд мебошад. Шоир бахшида ба Регистони ин шаҳр шеъре дорад, ки порае аз онро иқтибос меоварем:
Як майдони хоса аст.
Фаршаш гӯё пури рег.
Ба болои манораш,
Бароӣ – осмон наздик.
Идҳои байналхалқӣ,
Дар ин ҷо барпо шавад.
Аз ваҳдати одамон,
Регистон зебо шавад.
Дар шеъри «Теҳрон» ба чунин сатрҳо рӯ ба рӯ меоем:
Ассалом, Теҳрони ман, Эрони ман,
Ассалом, бар пайкари ман –
ҷони ман!
Дар ҷаҳони муслимин имони ман,
Дар тани озурдаам дармони ман.
Дил бихоҳад маркази олам шавӣ,
Қиблагоҳи оламу одам шавӣ.
Дар ту будам ҳамчу меҳмон ҳафтае,
Меҳри ту дар дил барам чун туҳфае.
Бояд гуфт, ки забони шеърҳои Асад Гулзода басе содаву фаҳмоанд. Вай дар каломаш аз забони зиндаи халқ бештар истифода кардааст.
Беҳрӯз БОЙМУРОДОВ,
донишҷӯйи бахши аввали факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бухоро.