ТАРҒИБГАРОНИ САЛОҲИЯТИ САЙЁҲИИ МАМЛАКАТ

21 феврал дар саросари олам ба сифати «Рӯзи ҷаҳонии роҳнамоён (гид)-ҳо» таҷлил карда мешавад.

Дар шаҳри Тошканд «Форуми 6-уми гидҳо» низ бахшида ба ҳамин рӯз баргузор гардид ва таҳти унвони «Фаъолияти экскурсионӣ: ҳамкорӣ ва инноватсияҳо» сурат гирифт. Муассисони ин чорабинии доманфарох Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Институти илмию тадқиқотӣ оид ба омӯзиши масъалаҳои объектҳои мероси фарҳангӣ ва рушди сайёҳӣ муаррифӣ шуданд.

Дар ин форум беш аз 250 роҳнамоён аз соири вилоятҳои кишварамон гирдиҳам омаданд, ки аз бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ намояндагӣ карданд. Онҳо дар атрофи масъалаи дурнамои рушди яке аз самтҳои муҳими соҳаи сайёҳӣ – экскурсия табодули афкор намуданд ва ба ҳамдигар пешниҳодҳои худро ироа карданд. 
Муовини вазири фарҳанг ва туризми Ҷумҳурии Ӯзбекистон Муродҷон Маҷидов гуфт, ки дар муаррифии ҳарчи бештари Ӯзбекистон ва гӯшаву канори он роҳбаладон ва тамоми кормандони соҳаи туризм нақши муҳим мебозанд. Барои ҳамин онҳо ин рисолатро бояд бо тамоми вуҷуд эҳсос намоянд. 
Ногуфта намонад, ки соҳаи сайёҳӣ  ғайр аз гидҳои касбӣ, инчунин тарҷумонҳои дорои таҷрибаи чандинсола, нозирони ботаҷриба, роҳбаладон, олимони маъруф, дар айни ҳол коршиносони байналмилалӣ ва амсоли онро низ тақозо менамояд. Барои ҳамин дар ҷараёни ин форум ба рушди кадрҳои босалоҳияти касбӣ низ таваҷҷуҳи хос сурат гирифт. Маълум шуд, ки соҳаи сайёҳии Ӯзбекистон дар солҳои охир ба пешрафти хеле бузург ноил мешавад ва дар ин раванд ҳамеша эҳтиёҷ ба чунин кадрҳо беш аз пеш рӯ ба афзоиш хоҳад овард. 
Алушка Ритчи – раиси Федератсияи иттиҳодияҳои роҳбаладони сайёҳии ҷаҳон гуфт, ки Ӯзбекистон дар Осиёи Марказӣ барои ҷалби бештари сайёҳон имкониятҳои фаровонро соҳиб мебошад.
– Ҳар як фарди олам орзуи омадан ба шаҳрҳои бостонии шуморо дар сар мепарварад. Дидани Самарқанду Бухоро, Хеваву Шаҳрисабз барин шаҳрҳои қадима ва ёдгориҳои таърихиву меъмории он хеле ҷолибу шавқангезанд, – изҳор намуд Алушка Ритчи.
Тавре ки ба мушоҳида расид, иддае аз маърӯзачиён назари худро оид ба рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ ҳамчун як бахши стратегии иқтисодиёти ҷумҳурӣ, дурнамои ташаккули диверсификатсия ва босифати ҷомеаи касбии гидҳо баён карданд. Дар баробари ин, масъалаҳои дигари муҳим ва барои замон мувофиқ ба таври васеъ баррасӣ гардид. Дарвоқеъ, аксари маърӯзачиён маҳз масъалаи тайёр кардани кадрҳои босалоҳиятро дар меҳвари гуфтугӯ қарор доданд ва барои ояндаи туризми мамлакатамон онро басо шоиста арзёбӣ карданд.
Дар чаҳорчӯби Форум намоишгоҳи китобҳои «Саёҳат бо китоб» ташкил карда шуд, ки муҳтавои аксари ин китобҳо доир ба самтҳои гуногун (таърих, бостоншиносӣ, диншиносӣ, мавзӯъҳои махсус ва ғайра) нигаронида шуда, Ӯзбекистонро ба чашми ҳар як сайёҳ аз ягон паҳлӯ муаррифӣ мекунад. Бешубҳа, ин намуди китобҳо ҳам барои роҳбаладони касбӣ ва ҳам барои мутахассисони соҳаи туризм низ ҳамчун манбаъи боэътимод  хидмат хоҳанд кард.
Илова бар ин, дар ярмарка навгониҳои нашриётҳои пешрафтаи ҷумҳуриявӣ ва пажуҳишгоҳҳои илмӣ, инчунин нусхаҳои таҷҳизоти махсус барои аҳли экскурсия ва ғайра ба намоиш гузошта шуданд. 
Гуфта шуд, ки баргузории ин форум ба рушди ҳамкориҳои гуногун такони нав хоҳад бахшид ва имкон хоҳад дод, ки технологияҳои инноватсионию фарҳангии ояндадор мавриди муаррифӣ қарор мегиранд ва лоиҳаҳои таълимӣ ба ҷомеаи сайёҳон ва мутахассисони он ҳамчун дастуруламал хидмат мекунанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: