«ҲАЁТИ БЕШ АЗ НИМАСРААМРО БА ПЕШРАФТИ КОРИ МАТБУОТИ ТОҶИК БАХШИДАМ» мегӯяд мухбири собиқи «Овози тоҷик» Каримҷон Муҳиддинов

Ба пешвози 100-солагии «Овози тоҷик»

Ибтидои нек, 
ё аз донишкада – ба оғӯши кор 

Вай зодаи деҳаи Гулистони ноҳияи Сӯх мебошад. Баъди хатми мактаби миёна дар факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд таҳсил карда, соли 1971 онро бо дипломи имтиёзнок хатм намудааст. Ҳамон солҳо гуфторҳои тоҷикии Кумитаи радиошунавоии вилояти Фарғона ба кадрҳои ҷавон хеле эҳтиёҷ дошт. Барои ҳамин Каримҷон Муҳиддинов бо даъвати раиси он-вақтаи кумита Акрам Қамбаров дар ин радио ба фаъолияти хабарнигорӣ оғоз кард.
– Солҳои аввали кор каму беш мушкилӣ мекашидам. Зеро дар радиожурналистика  таҷриба надоштам, аз тарафи дигар, ҳамагӣ се-чор асбоби сабти овоз мавҷуд буд ва он аз даст ба даст мегузашт. Барои ҳамин баъзан маро лозим меомад, ки бидуни дастгоҳи сабти овоз ба гирдоварии маълумот шитобам. Талош менамудам, ки директори кумитаро аз натиҷаи кори худ қаноатбахш намоям, – ёдовар шуд Каримҷон Муҳиддинов.
Ба гуфтаи ӯ гумон мекард, ки кори радио осон аст, вале дар ҷараёни кор дарк намуд, ки он як қатор нозукиҳои худро низ доштааст. Барои ҳамин бо кумаки ҳамкорони таҷрибанок оҳиста маҳорату малакаи худро такмил бахшид. Дере нагузашта дар байни ҳамкорон шинохта шуд. Вай мусоҳибаҳо ташкил мекард ва дар гузоришҳои худ низ мавзӯъҳои рӯзмарра ва муҳимро ба самъи шунавандагони радио мерасонд.
– Соли 1978 маро ба кумитаи вилоятии ҳизби коммунист даъват карданд. Мудири шуъбаи агитатсия ва пропаганда гуфт, ки маро ба мактаби олии ҳизбии Тошканд мефиристанд ва омодаи сафар шавам. Ҳамон давра таҳсил дар ин муассисаи олии ҳизбиро аксарияти кормандони идораҳои давлатӣ орзу мекарданд, – иброз дошт ҳамсуҳбати мо.
Тавре ки вай боз тазаккур дод, дар давоми ду соли таҳсил дар мактаби олии ҳизбӣ доир ба масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ бештар малака ҳосил намуд. Бо итмоми ин мактаб ба Фарғона баргашт ва кори пештараи худро идома дод. Муносибати роҳбарон ва ҳамкорон нисбати ӯ хеле тағйир ёфта буд. Аксарият ба вай эҳтиром қоил мешуданд, лозим ояд, аз ӯ маслиҳату машварат мегирифтанд. 
Масъулияти мухбири вилоятӣ
 
Дере нагузашта Каримҷон Муҳиддинов мухбири рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» дар водии Фарғона таъин шуд. Минбаъд навовариҳо ва навигариҳои соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии се вилоят дар саҳифаҳои ин рӯзнома бозтоб меёфтанд. Инчунин вай дар бораи оммавӣ гардонидани таҷрибаи пешқадами фидоиёни истеҳсолот дар миқёси ҷумҳурӣ мақолаҳо эълон мекард.
– Баъди шурӯи кор ба ҳайси мухбири рӯзнома шаҳру ноҳияҳои се вилоятро аз сар то по қадам задам, бо мардуми зиёд суҳбату мулоқотҳо анҷом додам. Афзоиши теъдоди муштариёни рӯзнома яке аз авлавияти кори маро ташкил мекард. Дарвоқеъ, аввалин коре, ки ба ҳайси мухбири рӯзнома анҷом додам, дар шафати бинои кумитаи вилоятии ҳизб кушодани қабулхонаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» буд. Одамони зиёд омада, дар ҳалли масъалаҳо кумак мехостанд – мегӯяд Каримҷон Муҳиддинов.
Вай ҳаргиз гумон намекард, ки ин қабулхона дар фурсати кӯтоҳ шуҳрат пайдо мекунад ва ба ҷойи дӯстдоштаи муштариёни рӯзнома табдил меёбад. Аммо Каримҷонака бо таассуф изҳор намуд, ки мақомоти маҳаллӣ ҳоло барои ташкили чунин қабулхонаҳо чандон эътибор намедиҳанд ва ягон шароит фароҳам намеоваранд. 
– Бо вуҷуди ин, ба чоп расидани лавҳаву очерк ва гузоришҳои муҳтавояшон гуногунранг дар байни мардум муштариёни рӯзномаро беш аз пеш афзоиш бахшид. Хусусан, вақте ки муҳтавои суҳбати ихтисосиам бо Котиби якуми бознишастаи КМ ҲК Ӯзбекистон Бузрукхӯҷа Усмонхоҷаев дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» интишор ёфт, он диққату эътибори журналистони зиёдро ба худ ҷалб намуд. Зеро дар мусоҳиба масъалаҳои гуногуни ҳаллашон ногузири ҳамон давр дар водии Фарғона матраҳ гардидаву роҳҳои бартараф намудани он акси худро меёфт, – мегӯяд Каримҷон Муҳиддинов. 
Баъд силсилагузоришҳои «Сӯх диёри ман аст», мақолаҳои таҳлиливу танқидии «Чуст оё обод мешавад?», «Шуҷоати мардуми Поп», «Ба Марҳамат – марҳамат!», мусоҳиба бо котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Косонсой Самарахон Каримов дар бораи «Косонсой: дирӯз, имрӯз ва фардо» низ вокунишҳои зиёдро дар байни муштариёни рӯзнома ба бор овардааст.  
Ба таъкиди Муҳиддинов баъди чопи ин мавод ҳудуди 400 нома ба унвони идораи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» расидааст, ки дар аксарияти он муштариён барои чопи он арзи сипос кардаанд. 

Қадамҳои устувор – фатҳи қулла бобарор

Соли 1976 аз байни журналистони водии Фарғона ӯро низ ба Форуми байналхалқии журналистони ҷаҳон вакил интихоб карданд. Ин форум дар шаҳри Маскав сурат гирифт ва боис гардид, ки вай бо журналистони зиёд робита барқарор кунад ва бо онҳо табодули таҷриба намояд.
Солҳои салтанати шӯравӣ пайвастан ба узвияти ҳизби коммунист барои ҳар як фарди ҷомеа қадами муҳим ба шумор мерафт. Вай аз ин тариқ метавонист ба қуллаҳои баланди касбу кор бирасад ё ҳадди ақалл фикру дархостҳояшро дар ҷаласаҳову бюроҳои ҳизбӣ дар миён гузорад. 
– Маро рӯзе ба бюрои навбатии ҳизби коммунистии вилоят даъват карданд. Як гурӯҳ бо тантана ба сафи ҳизби коммунист пазируфта шуданд, ки дар миёни онҳо банда низ шомил будам. Баъд дере нагузашта дар бинои обком гувоҳномаи узви Иттифоқи журналистони ИҶШС-ро низ ба дастам доданд. Ин раванд аз як тараф маро хеле рӯҳбаланд намуд ва аз тарафи дигар, масъулиятамро нисбати кору вазифае, ки бар дӯш доштам, ба карат афзуд, – гуфт ҳамсуҳбати мо.
Ба гуфтаи Каримҷон Муҳиддинов дар ҳамаи давру замон мардуми мо бо меҳнатдӯстӣ ва заҳматписандӣ тамоми сахтиҳои зиндагиро паси сар намудаанд ва ба дастовардҳои бузург ноил шудаанд.
 
Насиҳат гӯш кун, ҷоно! 

Падари Каримҷонакаро «Муйдин Мустафо» ном мебурданд. Ҳоло он кас дар қайди ҳаёт нестанд (равонашон шод бод). Ин одати дерини сӯхиён, ки даҳсолаҳо хеле роиҷ буд, дар айни ҳол аз байн рафтааст. Ҳоло танҳо мардум агар аз шахсоне ёд кунанд, ки аксарияташон бо ин дунё падруд гуфтаанд, ин тарзи номгириро истифода мекунанд, мисли Ҳомид Одилӣ, Нарзиддин Ғанӣ, Аюб Нишон, Муйдин Юнус, Ҳомид Нишон, Мирзо Ҷӯра ва амсоли он.
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, падараш одами хеле сахтгиру ҳақиқатҷӯ, вале поксиришту меҳрубон буд. Вай чанд сол ба сифати раиси кумитаи маҳалла низ вазифа анҷом додааст. Муҳиддинамак ҳамеша аз писарони худ – Каримҷон ва Орифҷон тақозо намудааст, ки ҷилави кореро ба даст гиранд, онро бо масъулияти том иҷро кунанд, вагарна дар ин кор ҳаргиз муваффақ нахоҳанд шуд.
– Маҳз ҳамин насиҳати падар маро ба қуллаҳои баланди мурод расонид, дар байни мардум соҳиби обрӯву эътибор гардонид. Банда аз падари шодравонам панди зиёд гирифтаам ва аз фарзандони худ низ тақозо мекунам, ки бо қадамҳои устувор барои фатҳи қуллаи мурод талош намоянд. Дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки «Падар розӣ – Худо розӣ». Унсурулмаолии Кайковус «Насиҳатнома»-ро навишт ва ба писараш гуфт, ки вуҷуди падару модаратро ғанимат бишмор! Устодатро ҳамчун падар дӯст бидор! Сарчашмаи зиштиҳоро аз дунёпарастӣ ва мастию нодонӣ бидон! Агар биҳиштро металабӣ, аз фасоду ситам ва гарданкашӣ парҳез кун! Умрро барои амалу ибодат ва покию парҳезкорӣ ғанимат бидон! Бар ин назарам, ки ҷавонони имрӯза бояд китоби мазкурро гаштаву баргашта хонанд ва ба он амал кунанд, он гоҳ дар ҳар кор муваффақ хоҳанд шуд. 

«Бепарвоии ҳаммиллатон маро ба ҳайрат овардааст»

Каримҷон Муҳиддинов дар аснои суҳбатамон изҳор намуд, ҳар чизе, ки дар варақ ё коғаз нигошта мешавад, ҳатман умри дароз хоҳад дид. Инро зиндагӣ собит намудааст. Ҳар як  навиштаи рӯи коғаз дар бораи чизе ё ҳодисае баҳс мекунад. Рӯзнома низ иҷрои чунин рисолатро бар дӯш дорад. Беҳуда устод Айнӣ нафармудааст: «Миллате, ки рӯзнома надорад, забон надорад». Ҳайронам, ки чаро ин гуфтаҳои Садриддин Айнӣ барин абармарди миллатро мо нодида мегирем ва ба он амал намекунем?! 
– Солҳои пеш рӯзномаи «Овози тоҷик» танҳо дар водии Фарғона ҳудуди чаҳор ҳазор ва баъзан аз он ҳам бештар муштарӣ дошт. Аксарияти онҳоро бошандагони ноҳияҳои Сӯх, Риштон, Олтиариқу Фарғона ташкил менамуданд. Хусусан, сӯхиён, риштониён ва тоҷикони рустоҳои атрофи шаҳри Фарғона ҳамеша дар ин маврид парчамбардору пешсаф буданд. Аммо ҳоло онҳо низ мисли тоҷикони  вилоятҳои дигари кишвар зери бори ғафлат мондаанд. Бояд онҳоро аз хоби ғафлат бедор кард, то ки дар ҳар ҳолату вазъият ин рӯзнома – минбари ягонаи худро дастгирӣ кунанд! – гуфт бо эҳсоси ноҳинҷорӣ Каримҷон Муҳиддинов. 
 Вай афзуд, хушбахтона, бо иқдоми ҳукумати ҷумҳурӣ ва кумакҳои молии як идда саховатмандони маърифатдӯст теъдоди «Овози тоҷик» ба бештар аз 4 ҳазор нусха расид. Дар акси ҳол худи мо барои ба вартаи нестӣ наздик шудани он мусоидат мекунем ва айби худро ба дӯши дигарон бор мекунем. 
– Мо замонеро пушти сар кардем, ки ҳар як шумораи ин рӯзнома ба ҳар як хонаи коргару деҳқон, омӯзгору муҳандис, олиму аҳли маърифат медаромад ва аз даст ба даст мегашт. Ҳатто  он ҳафтае панҷ маротиба нашр мешуд, аммо ҳоло дар ҳафта ду шумора интишор меёбад, бо вуҷуди ин теъдоди муштариёни он сол аз сол кам шуда меравад, – мегӯяд бо таассуф Муҳиддинов.

 Қадри зар заргар бидонад

– Ман аз устоди равоншоди худ – Султоналӣ Исмоилов хеле сипосгузорам. Он кас барои тамоми журналистони тоҷики водии Фарғона ҳаққи устодӣ доштанд. Инчунин ҳамкорони собиқам дар Ширкати садову симои вилоят Баҳодур Абдуллоев, Олимҷон Ҳусанов, Раҳимахон Раҷаббоева, Масъуди Мирзо ва як идда журналистони дигар, ки даст ба дасти ҳамдигар дода, заҳмат кашидаанд, саломатӣ мехоҳам, – мегӯяд мусоҳибам.
Ба гуфтаи ӯ ҳоло кори гуфторҳои тоҷикии радиои вилоятро яке аз шогирдони умедбахш, донишҷӯи курси дуюми гурӯҳи тоҷикии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Фарғона  Фархундаи Равшанзод бо маҳорати том идома медиҳад. Вай бо таҳияи барномаҳои дилкашу ҷаззоб аллакай шуҳрат пайдо кардааст. 
– Дар арафаи 100-умин солгарди таъсиси рӯзномаи «Овози тоҷик» ин санаи муҳимро барои ҳамаи ҳамкорон самимона шодбош мегӯям ва барояшон дар кори таълифу нашри маводи қобили таваҷҷуҳи муштариён муваффақияту бурдбориҳо мехоҳам! – гуфт Каримҷон Муҳиддинов.

Ба ҷои 
охирсухан

 Барои меҳнати пурсамар Каримҷон Муҳиддинов соли 1992 бо нишони сарисинагии 1-солагии Иди истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, соли 2004 бо фармони Президент бо медали «Шӯҳрат» сазовор дониста шуд. Соли 2023 медали «Ӯзбекистон меҳнат фахрийлари»-ро ба даст овард. Ҳамсари ӯ – Салимахон танҳо бештар аз бист соли фаъолияташро ба ҳайси мудир дар муассисаи таълими томактабии рақами 10 сарф намудааст ва ба нафақа баромадааст. 
Зану шавҳар соҳиби як писару ду духтар мебошанд. Писарашон Қаҳрамон подполковники идораи корҳои дохилӣ, Гулрухсор – омӯзгори мактаб ва Гулбаҳор корманди бонк. Атрофи Каримҷонака ва Салимахонапаро 11 набераву абера иҳота кардаву барои онҳо шодиву нишот мебахшанд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА. 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: