САХОВАТИ ҲАМДИЁРИ МО

Ҳимматбаландӣ, саховат ва некӣ аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳост.

Ҳимматбаландӣ, саховат ва некӣ аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳост. 
Гулӣ Шайхмуродова ҳоло дар Англия умр ба сар барад ҳам, дар зодгоҳаш корҳои ҷолибро ба сомон мерасонад. Бояд таъкид намуд, ки дар мамлакати мо маркази таълимии «London College of English» бо шарофати вай таъсис ёфтааст. Баъди 27 апрел дар вилояти Бухоро рух додани офати табиӣ вай баҳри дастгирии эҳтиёҷмандон ва оилаҳои камдаромади ноҳияи Олот дасти ёрӣ дароз кард. Мавсуф дар қатори онҳое, ки ба ҳаракати умумихалқии «Саховат ва кӯмак» ҳамроҳ шудаанд, ба ноҳияи Олот омада, аз аҳволи 40 оилае, ки ба маризӣ гирифтор шуда, ба дастгирии иҷтимоӣ ниёз доранд, огоҳ гардид. Дар натиҷа сокини ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ганҷи Чандир» Диёрбек Нарзуллоеви 18-сола, ки ба бемории саратони хун гирифтор шудааст, аз ду миллион сӯмина инъоми ӯ баҳраманд гардид. Инчунин бошандаи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Бунёдкор» Азиза Ҳотамова соҳиби аробачаи маъюбӣ шуд. Ҳамон рӯз Раъно Чориева аз ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Опшох», Сафаргул Самадова аз ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Оқ олтин», Камолҷон Баротов аз ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Наврӯз», Шоҳида Саломова аз ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ёш ботир» ва дигарон низ аз ҳиммати Гулӣ Шайхмуродова ва шуъбаи дастгирии маҳалла ва оилаи ноҳия сарафроз гардиданд. Гуфтан ҷоиз аст, ки ин дуюмин ташрифи саховатмандонаи духтари ӯзбек ба ноҳияи Олот буд.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: