Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Президенти Федератсияи Россия баргузор гардид

Дар рафти мулоқоти телефонӣ, ки 23 март сурат гирифт, Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва мардуми дӯсти Русия дар робита ба қурбониҳои зиёди инсонӣ дар натиҷаи амалиёти террористӣ дар толори консертии «Крокус Сити Холл» дар вилояти Маскав ҳамдардии амиқ баён кард.

Сарвари давлатамон аз номи халқи сермиллати Ӯзбекистон ба оилаҳои ҳалокшудагон суханони пуштибонӣ расонида, ба ҳамаи осебдидагон ҳарчи зудтар шифо ёфтанро таманно намуд. Бори дигар қатъиян маҳкум кардани ин ҷинояти зидди одамони бегуноҳ таъкид гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: