Ҳунар чашмаи зоянда аст
Дар асоси ислоҳоте, ки дар ҷумҳурӣ татбиқ карда мешавад, солҳои истиқлолият мавқеъ ва эътибори ҷамоати шаҳрвандон боло рафта, роли онҳо дар худидоракунии шаҳрвандон торафт афзуда истодааст. Дар асоси фармону қарорҳои Президент хусусан солҳои охир ба ин масъала эътибори алоҳида дода мешавад. Аз ин ҷост, ки имрӯз ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии бошандагони маҳаллаҳои худ пеш аз беш таъсир гузошта истодааст. Маҳз бо фаъолияти самараноки онҳо дар деҳаҳоямон фаъолияти соҳибкорӣ торафт васеъ гардида, дар фаро гирифтани аҳолӣ бо шуғли доимӣ ва таъмини манбаи даромад зиёдтар нақш мегузорад.
Фаъолони ҷамоатҳои шаҳрвандон ба кори аз байн бурдани камбизоатӣ дар байни аҳолӣ, хусусан дар қишлоқҷойҳо бештар эътибор медиҳанд. Маҳз бо кӯмаку дастгирии онҳо дар қишлоқҳоямон сафи соҳибкорон зиёд мешавад. Фаъолияти ҷамоати шаҳрвандони Шергирони ноҳияи Бухоро ҳам далели ин фикрҳо мебошанд.
Дар ҷамоати шаҳрвандон қариб ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ карда, як қисми табақаи қобили меҳнати онҳо берун аз ҳудуди маҳалла, дар шаҳру ноҳияҳои дигар фаъолият доранд, қисми асосиашон дар маҳаллаҳои худ ба туфайли фаъолияти соҳибкорӣ ҳам ҷойи кор ва ҳам манбаи даромад пайдо кардаанду дар пешрафти иқтисодиёти Ватан саҳм мегиранд. Ҳоло дар ин ҷо 75 субъекти соҳибкорӣ фаъолият дошта, қисми асосии аҳолиро фаро гирифтааст. Аз ҳама асосиаш дар маҳаллаи Шергирон бештар ба фаъолияти соҳибкории маҳаллӣ, вусъат додани касбу кор ва ҳунармандии миллӣ эътибори ҷудогона дода мешавад.
Мо ҳангоми дар ин ҷо будан бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти ҳунарманд Ҳабиба Баҳронова дар коргоҳи ӯ шудем. Соҳибкор фаъолияти худро имконияташро ба назар гирифта, дар ҳавлии худ ташкил намудааст. Ҳабиба Баҳронова ва шогирдонаш чандин сол боз бо фаъолияти анъанавии миллии зардӯзӣ шуғл варзида, дар маҳалла нуфузи калон пайдо кардаанд.
Ҳоло соҳибкор бо 12 нафар шогирдонаш беш аз 40 номгӯй маҳсулоти зардӯзӣ тайёр мекунад, ки дар бозор харидорони зиёд доранд. Имрӯзҳо соҳибкорон на танҳо маҳсулоти тайёркардаашонро ба бозор мебароранд, балки қисми асосии маҳсулоти зардӯзиро дар асоси дархостҳои индивидуалӣ ва ҷамоавӣ тайёр мекунанд. Хурсандиовараш дар он аст, ки дар байни миҷозони онҳо хориҷиён ҳам ҳастанд, бо ибораи дигар гӯем, маҳсули ранҷи дастони зардӯзони Бухоро сайри олам мекунад.
Бо ташаббуси Ҳабиба Баҳронова беш аз пеш зану духтарони деҳа новобаста аз синну сол касби ҳунармандиро омӯхта, бо ин фаъолият шуғл меварзанд ва рӯзгорашонро обод мекунанд.
Мо хуб медонем, ки аз қадимулайём гузаштагони мо бо қаннодиву ҳалвогарӣ шуғл варзида, анвои гуногуни шириниҳоро тайёр мекарданд, ки шуҳрати онҳо аз ҳадди Бухоро берун рафтааст. Мо таърифи ҳалвоҳои Бухоро, қанди парварда, оби дандон, анвои дигари шириниҳои хушмазаи босифати қаннодони Бухороро борҳо шунидаем ва аз онҳо чашида, гувоҳи санъати волои ҳунармандони он гардидаем.
Ақидаи ман дар ин бобат пас аз шиносоӣ бо фаъолияти ширинипазии соҳибкорони оилаи Муҳсиновҳо боз ҳам тағйир ёфт. Аҳли хонавода аз орду шакар, тухму равған, ба иборае, ҳар дам ҳунари нав эҷод мекарданд. Онҳо 30 номгӯйи маҳсулоти нониву шириниҳои хушхӯрро истеҳсол карда истодаанд, ки дар бозор хеле серталаб аст. Хусусан нони сиёх, ки вақтҳои охир дар байни аҳолӣ талабот ба он меафзояд, дар ин ҷо бо сифати баланд пухта мешавад. Дар пешрафти фаъолияти корчаллонии соҳибкорон Муҳсиновҳо кӯмаки маҳалла бараъло эҳсос мешавад. Ин оила бо тавсияи ҷамоаи шаҳрвандони маҳалла аз бонк кредит гирифта, фаъолияташро васеъ намуд. Ҳоло соҳибкорон 10 нафар бонувони деҳаро бо шуғли доимӣ таъмин намудаанд ва дар серпурии бозорҳоямон бо намудҳои гуногуни маҳсулоти хӯрокворӣ саҳми муносиб ҳамроҳ мекунанд.
Дар маҳаллаи Шергирон соҳибкорон бо беш аз сад намуди фаъолияти корчаллонӣ машғул ҳастанд. Мебелсозӣ яке аз ин фаъолиятҳо ба шумор меравад. Мо ҳангоми дар ин ҷо будан бо фаъолияти соҳибкорони мебелсози оилаи Амон Ҷӯраев ҳам ошно шудем. Амон Ҷӯраев дар аввал ҳамроҳи фарзандонаш як сехи хурдакаки мебелсозӣ ташкил намуда, ба қавле, гаҳвораи рӯзгорашро меҷунбонд. Пас аз он, ки аз ҷониби сарвари мамлакат ба фаъолияти тадбиркорӣ роҳи васеъ кушода, имконияту имтиёзҳои нав фароҳам оварда шуд, соҳибкор фаъолияташро густариш дода, бештар манбаи даромад пайдо кард ва баробари ҳамин чанд нафар ҳамдеҳагонашро бо кор таъмин намуд.
Соҳибкорони маҳаллаи Шергирон ба туфайли чашмикордониву меҳнати суботкоронаи худ даромади калон ба даст меоваранд ва рӯзгорашон обод мегардад.
Яке аз фазилатҳои неки онҳо, чуноне ки дар ҷамоаи шаҳрвандон ба мо нақл карданд, дар хайру саховатпешагиашон мебошад. Онҳо дар давоми даҳ моҳи охир, ки пандемияи коронавирус дар қатори мамлакатҳои ҷаҳон мамлакати моро низ фаро гирифтааст, ба оилаҳои камбизоату ночор дасти кӯмак дароз кардаанд. Ба беш аз 300 оила, ки бар асари пандемия муваққаттан ҷойи кор ва манбаи даромади худро аз даст дода буданд, инчунин шахсони алоҳидае, ки ногиро ва ё аз нигоҳи иқтисодӣ мӯҳтоҷанд, кӯмакҳои моливу пулӣ расонданд. Ин фазилатҳои неки онҳо аз бисёр ҷиҳат фаъолияти пурсамар ва барори кори онҳоро таъмин месозад.
Беҳрӯзи ДАВЛАТ,
вилояти Бухоро.