САЁҲАТ БА САЙҚАЛИ РӮЙИ ЗАМИН

Шаҳри Самарқанд.

Шаҳри Самарқанд. Ин шаҳри азимро беҳуда сайқали рӯйи замин ё худ гавҳари Шарқ ном намебаранд. Тӯли чанд аср аст, ки ин шаҳри куҳан эътибори тамоми сайёҳони на фақат ватанӣ, балки кулли ҷаҳонро ҷалб менамояд. Мо — хонандагони мактаб, албатта, дар дарсҳои география ва ё таърихи Ӯзбекистон дар бораи ёдгориҳои таърихии шаҳри азим маълумоти муфассал ба даст овардаем, вале ин ёдгорӣ ва меъмориҳои таърихӣ, ки аз ҷониби халқи мо тӯли солҳо офарида шудаанд ва то имрӯз эътибори сайёҳонро ба худ ҷалб месозанд, бо чашми худ дидану худро дар ин олами сеҳрангез эҳсос кардан кайфияти дучандон доштааст.  
Сайёҳати як гурӯҳ хонандагони мактаби миёнаи рақами 43-юми ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд, ки орзуи зиёрати шаҳри Самарқанд доштем, ҷомаи амал пушид. Ростӣ, ин саёҳат орзуи деринаи мо – ҷавонон буд. Бо вуҷуди давраи пандемия ва карантин дар мамлакатамон бо ташаббуси роҳбарияти мактаб бо риояи қоидаҳои карантин, сафари мо тавассути шоҳроҳе, ки вилоятҳои Сирдарё, Ҷиззах ва Самарқандро мепайвандад, сурат гирифт. Дар ин сафар моро омӯзгорони мактаб Ҳомидҷон Ҳоҷиев ва Исфандиёр Алиев, омӯзгорон ва хонандагони мактаби 16-уми ноҳия, ки ҳамроҳи мо буданд, роҳбаладӣ карданд. Ҳини сафар майдони машҳури Регистонро, ки мардуми оламро мафтун кардааст, тамошо кардем. Мадрасаҳои Тиллокорӣ, Шердор ва Улуғбек, ки дар ин ҷо қад афрохтаанд, ҳар кадом бо таърихи худ барои мо – сайёҳони ҷавон таассуроти калон бахшид. Ҳамроҳи омӯзгорон Хона-музейи Устод Садриддин Айниро зиёрат намудем. Мизу курсиҳои корӣ ва меҳмонхонаву айвонҳои хонаи устодро дидем. Обидаҳои таърихии шаҳр, аз ҷумлаи маҷмӯаҳои ёдгории Гӯри Мир, Шоҳи Зинда, Бибихонум, муҷассамаҳоро дида, барои хотира аксҳо гирифтем. Гарчанде ки борони баҳорӣ беист меборид, мо аз зери чатрҳои худ, саёҳатро давом дода, аз таърихи куҳанбунёд ба ваҷд омадем. Санъати меъморӣ ва иморатсозии аҷдодамон ба мо таассуроти олиҷаноб бахшид. 
Бояд гуфт, ки саёҳат ба шаҳри бостонӣ барои мо ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллиро дар қалбамон боз ҳам зиёд намуд. Ҳангоми бозгашт, аз растаҳои бозори Сиёб ва дуконҳои савдои шаҳр савғотиҳо ва нони Самарқандро гирифта, бо умеди дидор ва зиёрати минбаъда ба хона баргаштем. 

Замира ҚОСИМОВА,
хонандаи синфи 11-уми 
мактаби рақами 43-юми ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: