Ўзбекистон ва АМА ба мувофиқа расиданд, ки басомади парвозҳоро якчанд маротиба зиёд кунанд

Дар чаҳорчӯби чорабиниҳои ИКАО “ICAN-2023” байни Ӯзбекистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб дар бораи зиёд кардани ҳаҷми ҳамлу нақли ҳавоӣ созишномаи самарабахштарин ба даст омад.

Дар рафти гуфтушуниди маъмурияти ҳавопаймоии ҳар ду мамлакат дар бораи хеле зиёд кардани ҷуғрофия ва басомади парвозҳо созишнома ба имзо расид.

Тибқи ин созишнома, дар баробари фурудгоҳҳои Тошканд ва Самарқанд аз тамоми фурудгоҳҳои минтақавии байналмилалии Амороти Муттаҳидаи Араб ба шаҳрҳои Дубай, Абу-Даби, Шарҷа, инчунин Рас-ал-Хайма ва Фуҷайра парвозҳо анҷом дода мешаванд.

Ширкатҳои ҳавопаймоии ҳарду кишвар мувофиқи созиши ҳосилшуда метавонанд парвозҳои зеринро дар самтҳои зерин анҷом диҳанд:

“Тошканд – Абу-Даби”, “Самарқанд – Абу-Даби”, “Урганҷ – Абу-Даби”, “Бухоро – Абу-Даби”, “Намангон – Абу-Даби”, “Фарғона – Абу-Даби”, “Қарши” – Абу-Даби”, «Термиз – Абу-Даби», «Нуқус – Абу-Даби» – 41 парвоз дар як ҳафта;

“Тошканд – Дубай”, “Самарқанд – Дубай”, “Намангон – Дубай”, “Бухоро – Дубай”, “Навоӣ – Дубай”, “Фарғона – Дубай”, “Нуқус – Дубай” – ҳафтае 35 парвоз;

“Тошканд – Шарҷа”, “Намангон – Шарҷа”, “Самарқанд – Шарҷа”, “Фарғона – Шарҷа”, “Қаршӣ – Шарҷа”, “Термиз – Шарҷа” – ҳафтае 23 парвоз;

«Тошканд – Рас ал-Хайма», «Самарқанд – Рас ал-Хайма» – ҳафтае 6 парвоз;

"Тошканд - Фуҷайра" - ҳафтае 3 парвоз.

Ин созишнома ба табодули сайёҳони хориҷӣ ва мусофирони транзитӣ миёни ду кишвар, рушди сайёҳии зиёратӣ, инчунин тавсеаи ҷуғрофиёи парвозҳо ва афзоиши ҳаҷми содироти хизматрасонӣ барои ширкатҳои ҳавопаймоии навтаъсиси Ӯзбекистон мусоидат хоҳад кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: