«ХУШ ОМАДЕД, БА ТОҶИКИСТОН!»

Наврӯзи оламафрӯз нафақат дар шаҳру деҳоту маҳаллаҳо, балки дар тамоми муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ низ васеъ таҷлил мегардад.

Дар мактаби миёнаи рақами 71-уми ноҳияи Мирзо Улуғбеки пойтахт бошад, ба муносибати ин ҷашн баргузор намудани ҷашнвораи «Дӯстии халқҳо» ба ҳукми анъана даромадааст.
– Дар мамлакати мо имрӯз беш аз сад намояндагони миллат ва халқият умр ба сар мебаранд, — гуфт директори мактаб Саодат Қуқонова. – Дар доираи ҷашнвора хостем, тавассути намоишҳои саҳнавиву лавҳаҳо аз  урфу одат ва анъанаҳои халқиятҳо дар қалби ҳар як хонанда таҳаммулпазириву эҳтиром ба ҳамдигар, ки аз фазилатҳои неки инсонӣ ба шумор меравад, бедор намоем. Ҷамоаи мактаб ба ин муносибат омодагии алоҳида дид. 
Хонандагон ҳар як кунҷи даромадгоҳи мактабро бо намунаҳои ашёву хӯроквориҳои хоси миллатҳо оростанд.  Аз як сӯ фламинкои испанӣ танин андозад, дар сӯйи дигар киманои ҷопонӣ бабаркардаи хонандагони синфҳои болоӣ атрофиёнро ба чашидан аз таомҳои ҷопонӣ таклиф мекарданд.
Ҳар як синф аз рӯйи хоҳиш миллатеро интихоб намуда, бо сарварии роҳбари синф таърих, фарҳанг, урфу одат ва тарзи либоспӯшиву ошхонаи миллати интихобнамудаашонро омӯхтанд. Аз ҷумла, синфи 6 «Б» бо роҳбари синфашон Лилия Мӯсоева Тоҷикистони ҳамсояву дӯстро интихоб намуданд. Рақси гулдухтарони синф дар суруди «Ноз-ноз» ба иштирокдорон таассуроти хуб гузошт.  Онҳо меҳмононро ба дасторхони пурнозу неъмат, ки аз он оши палав, самбӯсаи алафин ва суманак ҷой гирифта буд, бо суханони «Хуш омадед, ба Тоҷикистон!» даъват мекарданд.
— Маданият ва урфу одати халқҳои тоҷику ӯзбек бо риштаҳои ногусастанӣ пайваст аст, — мегӯяд роҳбари синф Л. Мӯсоева. – Аҷдоди мо гуфтаанд, ки Наврӯзро чӣ қадар бо хушӣ, орзуву омоли нек  пешвоз гирем, он сол табиат низ барои одамон саховатноктар мешавад.

Назокат ҲАМРОҚУЛОВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: