Президент Шавкат Мирзиёев аз минтақаи хурди саноатии ҷавонони «Қумтепа»-и ноҳияи Уйчии вилояти Намангон дидан кард.
Масъалаҳои рушди касбу ҳунарҳои таърихӣ дар маҳаллаҳо, ба пешбарандагон табдил додани онҳо ва ба ин васила баланд бардоштани ҷойи кор ва даромади аҳолӣ имрӯз ба сатҳи сиёсати давлатӣ бардошта шудаанд. Дар чунин маҳаллаҳои ноҳияи Уйчӣ, монанди Қумтепа, Деҳқон, Баландариқ ва Ҷидакапа оҳангарӣ тараққӣ мекунад.
Дар соли 2021 дар ин ҷо минтақаи саноатии ба оҳангарӣ ихтисосонидашуда бо шароити зарурӣ барои устоёну ҳунармандон, ки дар хона кор мекунанд, созмон дода шуда буд. Маҷмаа, ки се гектарро фаро мегирад, бо тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла роҳҳо, неруи барқ, оби нӯшокӣ ва канализатсия таъмин мебошад.
Дар марҳилаи аввал дар ин ҷо 52 лоиҳа амалӣ гардида, беш аз 1500 ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Ҳунармандон аз корхонаи «Азия металл проф» ва комбинати металлургии Тошканд ашёи хом харида, аз металл дарвоза, дар, айвон, панҷара ва дигар маснуоти металлӣ месозанд.
Талабот ба ин маҳсулот зиёд аст. Аз ин рӯ, соҳибкорон дар ҳама минтақаҳо хонаҳои савдо ва филиалҳои истеҳсолии худро кушоданд. Бар замми ин, содироти маҳсулот ба маблағи 1,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя анҷом дода шудааст.
Дар раванди истеҳсолот усулҳои сарфаи энергия ҷорӣ карда шуда, аз панелҳои офтобӣ самаранок истифода бурда мешаванд.
Дар доираи марҳилаи дуюм дар майдони ду гектар татбиқи 45 лоиҳаи дигар дар назар аст. Дар натиҷа боз 1330 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.
Сарвари давлат оид ба истифодаи самараноки ҳудуди минтақаи саноатӣ, ҷалби ҷавонону шаҳрвандони бекор ба ҳунармандӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Дар ин ҷо вазифаҳои кам кардани бекорӣ бо роҳи пеш бурдани кор дар сатҳи маҳалла муҳокима шуданд.
Дар мисоли таҷрибаи Сайхунобод ба 788 маҳаллаи 14 ноҳияи вилоят роҳбарон ва коркунони масъули ташкилотҳои иқтисодӣ вобаста карда шудаанд. Онҳо якҷоя бо "ҳафтгонаи маҳалла" имкониятҳои 557 ҳазор хонаводаро омӯхтанд.
— Дар Сайхунобод гуфтам, ки «имсол соли бедории ҳаётӣ ва болоравии иқтисодиёти мо хоҳад шуд». Мақсад сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ, ҳавасмандгардонии фаъолият ва тағйир додани ҷаҳонбинӣ мебошад. Уйчӣ ноҳияи аз ҷиҳати иқтисодӣ вазъаш мураккаб ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо бояд низоми навро ба роҳ монда, ба бекорон барои аз қитъаи замини худ даромад ба даст овардан, тиҷорати шахсии худро кушодан, қобилиятҳояшонро амалӣ кардан ёрӣ расонд», — гуфт Президент.
Сарвари давлат аз маркази маҳаллаи Қумтепа низ дидан карда, бо шароити барои мардум фароҳам овардашуда шинос шуд.
Дар маҳалла қариб 5,2 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Хонаводаҳо ба коркарди металл, кишоварзӣ ва хизматрасонӣ тахассус доранд.
Имсол симои маҳалла беҳтар гардид. Барои ҷамоати шаҳрвандон бинои нав сохта шуд. Ҳамаи хонаҳо ба қубури об пайваст карда шудаанд. Роҳҳои дохилӣ ва шабакаҳои барқ таъмир карда шуданд. Дар доираи барномаи «Макони сабз» дар канори роҳҳо дарахтони мевадиҳанда ва ороишӣ шинонда шуданд.
Дар маҳалла устохонаи дӯзандагӣ, толори зебоӣ, майдончаҳои варзишӣ, пункти тиббӣ, китобхона, мағозаҳои хӯрокворӣ ва дорухонаҳо мавҷуданд.
Дар бинои нави маҳалла Маркази дастгирии соҳибкорон низ таъсис дода шуд. Дар ин ҷо аҳолӣ ва соҳибкорон метавонанд аз баъзе хизматрасониҳои давлатӣ истифода баранд. Президент инро маъқул дониста, зарурати то қадри имкон дар худи маҳаллаҳо ҳал намудани масъалаҳои ба мақомоти давлатӣ дахлдоштаро қайд намуд.