«МАН БА ГУМРОҲОН НАГАРДИДАМ ШАРИКИ РӮЗГОР...»

Ӯ дар оғӯши ривояту афсонаҳо ба воя расида, роҳи зиндагиро бо мизони ақл баркашид, дар интихоби касбу пеша шуғли падарро интихоб намуд.

Касби падарро беҳ аз мероси падар пиндошт.
Дар хурдӣ аз модаркалонҳояш ривояту афсонаҳои зиёд шунида, некиро аз бадӣ фаҳм мекард. Дар синни чаҳорсолагӣ аз мазмун ва ғояи қиссаи машҳури устод Садриддин Айнӣ огоҳӣ дошт. Шабҳои дарози фасли сармо омӯзгори овозадори кӯҳпояи Нурато, Аълочии таълими халқи ҷумҳурӣ Саломатуллоҳи Олизод мазмуни қиссаи «Одина»-ро ба аҳли оила нақл мекард. Он солҳо байни мардуми кӯҳпояи Нурато ривояту афсонагӯйӣ, байтбарак ва нақли асарҳои алоҳида ба ҳукми анъана даромада буд. Иззатулло маҳз дар чунин оила буду бош дошт. Ин ҳама кӯдаки наврасро бетаъсир набуд. Дар дили кӯчаки кӯдак аллакай шарораҳои меҳр ба адаб, нигаронӣ ба зиштиву бадрафторӣ падидор мегардид. 
Солҳои аввали таҳсил дар мактаб қаҳрамони мо туфайли устод Саломатуллоҳи Олизод бо маҷаллаҳои «Машъал» ва »Садои Шарқ», «Занони Тоҷикистон», ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» ва рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» шинос буд. Пайваста мутолиа мекард. Он солҳо аксар хонадонҳо ҳар ҳафта даста-даста рӯзномаву маҷалла мегирифт. Дар чунин муҳит Иззатулло мактаби он вақт хеле овозадори рақами 38-уми зодгоҳро хатм намуд.
Завқу шавқ ва дилбохтагӣ ба забону адабиёти тоҷик дили бедори Иззатуллоро ором намегузошт. Пас аз хатми мактаби Синтаб ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи омӯзгории давлатии Самарқанд ба номи С. Айнӣ супорид. Ӯ донишҷӯ гардид. Ба рӯяш натанҳо дари забону адабиёти оламгири форсии тоҷикӣ, балки дарвозаи адабиёти ҷаҳон боз гардид. Он солҳо ҳар гуна китобро дарёфт кардан мушкил набуд. Дар шаҳри Самарқанд дукони «Тоҷиккитоб» фаъолият дошт. Китоби дилхоҳро дастрас кардан мумкин буд. Сабақҳои аз устод Саломатуллоҳ Олизод гирифтааш кор дод. Дар интихоби китоб иштибоҳ намекард. Интихоби китоб низ як сабақ аст. 
Ҳангоми донишҷӯйӣ ба ташаккули ҷаҳонбинӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва азбар намудани асосҳои дониш саҳми устодони шинохтаи Самарқанд – забоншиносон Султон Иброҳимзода, Самариддин Аслиддинов, Луъбат Назарова, Азиза Юсупова, Салим Кенҷаҳо хеле бузург аст. Ва ҳамеша аз онҳо изҳори сипос дорад.
Иззатулло бо як ҷаҳон умеду орзу ба зодгоҳ баргашт. Мехост дар қалби шогирдон завқу шавқ ва меҳру муҳаббатро ба омӯзиши забони модарӣ ва адабиёти тоҷик бедор кунад. Ба ин мақсади нек камари ҳиммат баст. Аз соли 1985 то ба имрӯз дар мактаби худ хатмнамудааш – мактаби рақами 38-уми деҳаи Синтаби ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ ба толибилмон аз забон ва адабиёти тоҷик сабақ медиҳад. Муаллимест сахтгир, вале хеле ҳалим. Ба дили хонанда зуд роҳ меёбад. Метавонад завқу шавқи хонандаро ба илмомӯзӣ бедор кунад.
Бори аввал бо Иззатулло дар шаҳри Нурато шиносоӣ пайдо кардем. Зинаи ноҳиявии озмуни фаннӣ аз забону адабиёти тоҷик мегузашт. Ман ҳамчун роҳбари мактаб он ҷо ҳузур доштам. Ҳақталош аст Иззатулло. Бори дувум дар шаҳри Навоӣ бо ҳам вохӯрдем. Муаллимон аз аттестатсия мегузаштанд. Дар даст даҳ номгӯй китоб дошт. Кам андар кам муаллимонро мебинам, ки аз дукон китоб харанд. 
Чанд рӯз пеш дар мактаби мазкур будам. Аз роҳбарияти мактаб хоҳиш намудам, то ки ҳамаи омӯзгоронро як ҷо гирд оваранд. Ба хонаи омӯзгорон даромадам, ки Иззатулло Олибоев дар пешгоҳ менишаст. 
Ман ҳанӯз даҳон накушода гуфт: – Устод, ман барои шаш моҳ ба «Овози тоҷик» обуна мешавам. Баъдтар боз давом медиҳам. Нархи солонаи рӯзнома гарон аст: 914 ҳазор сӯм. Бинобар кам-кам обуна мешавем. 
Доири ҷашни садсолагии рӯзномаи «Овози тоҷик» сӯҳбат оростем. Муаллимони мактаби мазкур дар масъалаи обуна аз ҳамаи муаллимони мактабҳои тоҷикии ноҳия фаъол буданд.
Иззатулло Алибоев пайваста меомӯзад, китобу рӯзнома мехонад. Ба маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ» низ обуна шудааст. Пешсафи ҷамоа аст Иззатулло. Месазад, ки ҷавонон ӯро пайгирӣ кунанд. Кош дар ҳар маҳаллаву мактаб чунин ашхоси фаъолу соҳибмаърифат зиёд бошад. Солҳои охир дар бисёр давраву нишасти синтабиҳо ҳузур дорам. Як нуктаро ба одамони чандин деҳоти дигар таъкид доштам, такроран таъкид медорам: дар Синтаб қисми зиёди одамон китоб мехонанд. Зимни суҳбат на аз боби молу пул, балки доири китоби хондаашон баҳс мекунанд. Борҳо ба ин ҳодисаи хурсандибахш шоҳид будам.
Хушбахт аст муаллими Иззатулло. Даҳҳо нафар шогирдонаш имрӯз дар донишгоҳҳои Самарқанд, Бухоро, Чирчиқ, Тирмиз ва Ҷиззах таҳсил доранд. Парвин барин шогирдон аз пайи устод рафта, бо ӯ паҳлӯ ба паҳлӯ кор мекунанд.
Мегӯянд, ки шогирд аз устод мегузаронад. Оре, чунин ҳам ҳаст. Маҷмӯаи шеърҳои Парвин бо номи «Башорат» («Тамаддун», 2017) бо раҳнамоӣ ва маслиҳати Иззатулло чоп гардид.
Оилаи намунавӣ дорад Иззатулло. Ҳоло се нафар духтарони хурдиаш дар Самарқанд ва Чирчиқ таҳсили илм доранд: Таҳмина, Марворид ва Фарангис.
– Бисёр хушбахтам, – гуфт зимни суҳбат Иззатулло. – Соли хониши гузашта 16 нафар толибилм синфи ёздаҳро хатм намуд. Аз онҳо дувоздаҳ нафар донишҷӯ гардиданд. Ин аст самараи меҳнати пурмашаққати муаллим.
Шоир фармудааст:
Ман ба гумроҳон 
нагардидам шарики 
рӯзгор,
З-ин сабаб дар 
синаам меҳри ҷаҳон 
шуд нурбор.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: