Дар зиндагии инсон баъзан ҳодисаҳои аз нигоҳи аввал назарногире рӯй медиҳанд, ки баъдан маҳз ҳамон ҳаводис дар сарнавишти ӯ нақши бузург мебозанд, роҳи минбаъдаи фаъолашро муайян мекунанд...
Охири солҳои 60 – ибтидои 70-ум ба хонаи мо баробари чандин рӯзномаи тоҷикӣ ва маҷаллаи «Садои Шарқ» нашрияи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ҳам даромада омад. Ҳар кадоме аз онҳоро каму беш мутолиа мекардам. Бародарам Шоҳсалим Муҳаббатов (равонаш шод буд) – шефтаи матбуоту адабиёт ҳама сол муштарии «Ҳақиқати Ӯзбекистон» буд.
Пас аз хатми мактаби миёнаи деҳаи Сӯфиорифи ноҳияи Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) ба Душанбе рафта, ба факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шудам. Ин маскани илмро бо дипломи имтиёзнок хатм карда, дар Донишкадаи омӯзгории пойтахт ба кор шурӯъ намудам.
Аммо тақдир маро ба шаҳри бароям тамоман бегонаи Тошканд овард. Чун хидмати низомӣ бароям хеле риққатовар буд, аз дукон шумораҳои рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон»-ро харида, бо дӯстони ҳамхидматам мақолаҳояшро муҳокима мекардем. Гӯё дӯсти деринаамро дарёфта будам. Баъзеҳо забони рӯзнома «хеле сода» гуфта эрод мегирифтанд, дигарон аз соли 1924 нашр шудани рӯзнома ва дар пойтахти Ӯзбекистон интишор шудани онро чун як воқеияти неки таърихӣ қабул менамуданд.
23-юми феврали соли 1982 бинобар ҷашни Рӯзи артиши шӯравӣ бароямон рӯзи истироҳат таъин карданд. Он рӯз фурсат расид, ки майдони имрӯзаи «Мустақиллик»-ро сайр карда, зери бинои соатдори 17-қабатаи нашриёти КМ Ҳизби коммунистии Ӯзбекистон биёям. Дар даромадгоҳи бино чашмам ба номгӯйи рӯзномаву маҷаллаҳо афтид. Аз хондани «Ҳақиқати Ӯзбекистон» қалбам масрур гашт ва аз телефони дохилии бино ба идораи рӯзнома занг задам. Баъди гирифтани рухсатнома ба қабати ҳаштум боло шудам. Аз чанд кабинете, ки ақиби дараш номи шуъбаҳо ва кормандон сабт шуда буд, гузашта ба қабулгоҳи сармуҳаррир расидам. Котиба (баъдтар Марина ном доштанашро донистам) дари сармуҳаррирро боз намуд. Сармуҳаррир Шавкат Ниёзов, ки дар костюмаш нишони «Депутати Шӯрои Олии РСС Ӯзбекистон» дошт, аз ҷой бархеста, самимона маро пазируфтанд. Пас аз суолу ҷавоби кӯтоҳ донистанд, ки аз Ӯротеппа мебошам, ба шарҳи ҳолам таваҷҷуҳ карданд ва дар ин ҷараён чанд нафар шиносамон ҳам «баромаданд». Сипас, устод шумораи махсуси рӯзномаро бо номи «Ҷашннома», ки соли 1974 ба муносибати 50-солагии таъсиси он чоп шуда будааст, ҳадя карданд, ки он бешак таваҷҷуҳи ҳамаи дӯстони ҳамхизматамро ба худ ҷалб сохт. Хусусан, мақолаи Садриддин Айнӣ оид ба рӯзнома, табрики академик Бобоҷон Ғафуров ва шарҳи ҳоли баъзе асосгузорони рӯзномаи «Овози тоҷик» бароямон кашфиёти бузург менамуд.
Зимни он суҳбати чандлаҳзаина шахси ҳалиму хоксор ва равшанзамир – Шавкат Ниёзов гуфтанд, ки метавонед дар рӯзномаи мо санҷиши қалам намоед ва ҳатто чанд мавзӯъро тавсия карданд.
Баъди чанд рӯз дар рӯзнома мақолае дар бораи зарари тӯйю маъракаҳои серхарҷ чоп шуд. Баъди ин мақола ба он бо унвони «Аз пайи урфу одатҳо шуда...» ба қавле «Акси садо» навишта фиристодам. Чанд рӯз шумораҳои нави рӯзномаро паси ҳам гирифта, «акси садоям»-ро ҷустам. Баъдтар боз ба идораи рӯзнома рафтам. Устод Ш. Ниёзов маро бо мудири шӯъбаи маданият Маъруфулло Отахонов, ки ба таҳияи чунин мақолаҳо масъул будаанд, рӯ ба рӯ карданд. М. Отахонов воқиф намуданд, ки мақола барои чоп ба котибият супурда шудааст. Аз услуби навиштаам шикоят накарда, ба идома додани ҳамкорӣ даъват карданд.
Ҳамин минвол, ман дар солҳои хизмати ҳарбӣ ба як хабарнигори ҷамоатии «Ҳақиқат» табдил ёфтам. Зимнан бо ҳавои дӯстии идораи рӯзнома, бо қаламбадастони хушсалиқа Муайяна Хоҷаева, Тоҳир Олимбоев, Бекназар Тӯйназаров, Эҳсон Турдиқулов, Тӯхтамиш Тӯхтаев ва дигарон унс гирифтам. Номи Ҷонибекро дар овони донишҷӯӣ баъди чопи шеъри Барот Бойқобилов «Тоҷикам» дар тарҷумаи ӯ дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» охири солҳои 70-ум медонистам. Акнун имкони аз наздик ошно шудан бо ин шоири хушбаён пайдо шуда буд. Ва ҳамин мулоқотҳову ҳамкориҳо боиси афзудани меҳрам ба ин кошонаи табаррук шуд, ки ин ҷо пою қадамҳои мубораки афроди бузургу шинохта – Мирзо Турсунзодаву Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромию Фотеҳ Ниёзӣ ва монанди инҳо расидааст. Ниҳоят, қабл аз адои хизмати ҳарбӣ дар моҳи августи соли 1983 Шавкат Ниёзов ман ва ҳамсарамро ба кор ба идораи муътабари рӯзнома даъват намуданд. Албатта, ба сафи ходимони таҳририят ҳамроҳ шудан осон нашуд. Расо чор моҳ аз дунболи ба қайд гузоштани паспорт, яъне «прописка» саргардон гаштам. Агар кумаки инсони наҷиб Ҳамидака Қиличев ва устод Бекназар Тӯйназаров намебуд, шояд ба Душанбе бармегаштам. Бо сабаби «прописка» ман ҷияни сохтаи тағои апаи Сатира – ҳамсари Бекназарака худораҳматӣ Йӯлдошака – сокини Тоҷикмаҳаллаи ноҳияи Калинини вилояти Тошканд шудам. Бо ҳамин минвол ман акнун пурра сокини Тошкандшаҳру журналист шуда мондам.
Устод Ниёзов пеш аз қабул ба кор ба суҳбати Мӯҳсин Умарзода – ин шахси донишманду закӣ равон намуданд. Баъди саволу ҷавоби кӯтоҳ Умарзода гуфтанд:
– Хӯш, қабл аз ин дар донишгоҳ устоди кафедра шуда кор кардаед, дипломатон сурх. Мақолаҳоятонро ҳам дидам. Бисёр хуб. Аммо ин ҷо як шарте ҳаст, ки қариб ҳамаи ходимон ба он розӣ шуда, ба кор пардохтаанд. Барои он, ки чашматон ба кори рӯзнома «пазад», шуморо ба ҳайси мусаҳҳеҳ ба кор қабул мекунем. Агар мусаҳҳеҳиро ӯҳда кунед, дигар ҳар коре, ки бо фаъолияти рӯзнома вобаста аст, иҷро карда метавонед.
Ростӣ, аввал каме ранҷидам. Зеро вазифаи мусаҳҳеҳӣ дар кори редаксия баъди «подчитчик» меистод. (Эзоҳ: «подчитчик», оне, ки мусаҳҳеҳ бо овозаш матнро мехонаду ӯ ба аслияти матн нигоҳ мекунад, то хатое нагузарад). Аммо мусаҳҳеҳ шуда кор кардан ҳам ҳикмати калон доштааст.
Ниҳоят аз ин зинаи санҷиш ҳам гузашта, соли 1984 роҳбарияти рӯзнома ба лавозими мухбирӣ гузарониданд. Солҳои кор дар идораи рӯзнома шоҳиди бисёр воқеаҳои таърихӣ, суҳбату мулоқотҳои фаромӯшнопазир ва баъзан тақдирсоз шудам. Гарчанде то соли 1992 ин ҷо кор карда, ба Кумитаи радио ва телевизиони Ӯзбекистон гузаштам, ҳамеша бо «Овози тоҷик» будам. Аз мактаби бузурги эҷоду одамгарии ин даргоҳ баҳраманд гардидам. Кор дар идораи рӯзнома барои фаъолияти минбаъдаи ман дар ҷодаи журналистика роҳи васеъ кушод. Таҷриба ва энергияи эҷодие, ки аз ин ҷо бардоштам, ба ман то имрӯз неру мебахшад.
Хусусан, паҳлу ба паҳлу истода бо котиби масъули рӯзнома, марди хирадманд Раҳмат Норови самарқандӣ ё боз бо як нафар инсони наҷиби ҷаҳонгашта Ҳамидака Қиличеви бухороӣ дар як хона нишаста кору эҷод намудан баробари таҳсил дар донишгоҳ буд. Онҳо ҳар кадом дипломатияи фарҳангӣ доштанд. Назди Қиличев оҳангсози варзида, муаллифи суруди миллии Ӯзбекистон Мутаваккил Бурҳонов, Ҳунарпешаи халқӣ, боз як нафар оҳангсози варзида Мардон Насимови самарқандӣ ва даҳҳо нафар ашхоси машҳуру бонуфуз мунтазам ташриф меоварданд. Мулоқот бо онҳо, бешак як дарси ибрату одамгарӣ буд.
Боре аз ноҳияи Марҳамати вилояти Андиҷон мақолае навишта, боисророна «Чаро тоҷикони ин ҷо ба забони модариашон мактаб надоранд?» бонг задам. Ҳангоми таҳрир устод Ҷонибек наздаш хонда, «Додар, бо доду фарёд ба мақсуд касе нарасидааст. Ҳамин гапҳотонро метавонед ин тавр ифода намоед: «Кош фарзандони ин деҳа мисли фарзандони ӯзбек дар мактаб ба забони модариашон таҳсил мекарданд. Умедворем, ки роҳбарони оқили ноҳияву вилоят ин шароитро меомӯзанд ва ба қарори дуруст меоянд». Яъне таҳаммулро набояд фаромӯш кард.
Мудири шуъбаи ҳаёти ҳизб Журналисти хизматнишондодаи Ӯзбекистон, зани оқилаву доно Муайяна Хоҷаева дар аксар мавридҳо ғамхориашонро аз оилаи мо дареғ намедоштанд ва бо насиҳат бори вазнини зиндагии ман ва ҳамсарамро сабук менамуданд. Шоири дӯстдошта ва сухандон Паймон бо таҳрири зебояшон мазмуни мақолаҳои бандаро ғанитару хонданибоб мекарданд. Соли 1984 як мақола дар бораи муаммоҳои асппарварӣ дар Ӯзбекистон навиштам. Бо устод Бекназар дар як хона менишастем. Ба мақола сарлавҳаи муносиб наёфтам. Устод як ба матлаб мурур карда, гуфтанд: «Ҷойи асп холист!». Баъди ин ҳол ба интихоби сарлавҳаи мақола эътибори махсус медодагӣ шудам.
Тирамоҳи соли 1989 бо пешниҳоди Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон азми сафари Афғонистон доштам. Устод Ниёзов ишора карданд:
– Медонам, масъулияту ҷилав дар дасти москвагиҳост. Аммо шумо бештар ба масъалаи ба роҳ мондани робитаҳои бевоситаи ҳамкорӣ бо рӯзномаҳои Ӯзбекистону Афғонистон, аз ҷумла бо «Ҳақиқати Ӯзбекистон» эътибор диҳед. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Ҳангоми мулоқот бо сармуҳаррири рӯзномаи «Паём» шоир Бориқ Шафеӣ айнан он масъаларо ҳаллу фасл намудем. Шумораи муштараки рӯзномаи мо ва «Паём» ба чоп расид. Ин гуна мисолҳоро метавон бисёр овард.
Маҳз бо ҷидду ҷаҳди устод Ниёзов соли 1989 соҳиби манзил шудем. Муҳаммад Ҳиҷозӣ фармудааст: «Устоди ҳунарманд аз санг одам месозад, мураббии беҳунар аз одам дилсанг ба бор меоварад». Мактаби «Овози тоҷик» насли зиёди кадрҳои баландсалиқаро тарбия кардааст, ки имрӯз ифтихори Ӯзбекистон гаштаанд.
Бо камоли як олам ризояту мамнуният мегӯям, ки шахсан худи ман низ ба ҳар чие, ки дар солҳои зиндагӣ дар ин сарзамин комёб шудам, аз «Овози тоҷик» ёфтам. Бо роҳхати идораи рӯзнома қариб тамоми Ӯзбекистонро дидам, бо инсонҳои касбу кор ва миллаташон гуногун ҳамсуҳбат шудам, ҳаётро омӯхтам. Солҳои зиёд дар «Радиои байналмилалии Тошканд» ба ҳайси сармуҳаррир, масъули гурӯҳи таҳлили Агентии матбуот ва ахбороти Ӯзбекистон, сармутахассиси Иттифоқи журналистон кору эҷод намудам. Соли 1992 ва 2003 «Журналисти беҳтарини сол» дониста шудам. Дар озмунҳои «Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз»(с. 2019), »Ӯзбекистони нав–ҳамсоягии нав» (с.2021) ғолиб омадам, соҳиби ҷоизаи «Олтин қалам» («Зарринқалам») гардидам. Ниҳоят бино ба фармони Президенти кишварамон 26 августи соли 2023 бо ордени «Дӯстлик» мукофотонида шудам. Ҳамаи ин комёбиҳову муваффақиятҳоямро ман ҳосилаи неки кору таҷрибаомӯзӣ дар идораи рӯзномаи маҳбубамон «Овози тоҷик» медонам. Сад соли пуршарафи рӯзномаи азизро барои ҳамаи муштариёнаш сидқидилона табрик мегӯям.
Шоқаҳҳор САЛИМОВ,
узви иттифоқҳои журналистони
Ӯзбекистон ва Тоҷикистон.