Китобҳо киштиҳои тафаккуре ҳастанд, ки ба муқобили мавҷҳои пурталотуми вақт шино карда, бори гарону пурарзиши худро эҳтиёткорона аз насл ба насл интиқол медиҳанд.
Френсис Бекон.
Миллатҳоро аз таърихашон дур нигоҳ доред, дар он сурат бароҳатӣ контрол мешаванд.
Карл Маркс.
Илм он нест, ки ба дасти ёд супурдаед, балки ҳамонест, ки манфиат мебахшад.
Имом Шафеӣ (р. а.)
Агар наметавонӣ дӯсте пайдо кунӣ, худ дӯсти худ бош.
Пифагор.
Ҳеч вақт зери бори ситам нарав ва ба зиндагӣ дил мабанд, ончунон бош, ки фардо рӯзи марги туст, аммо чунон биомӯз, ки гӯӣ то абад зиндаӣ.
***
Аз ҳар чизе наву тозаашро интихоб кунед, вале аз дӯст куҳнаашро.
Маҳатма Гандӣ.
Агар пул дошта бошӣ, инсонҳо туро хоҳанд шинохт, аммо агар надошта бошӣ, ту инсонҳоро мешиносӣ.
Афлотун.
Одамони берӯҳ ба дунболи ҷисманд, танҳо соҳибдилон ба дунболи рӯҳ раванд.
Ҷозеф Гринберг.
Ман танҳо ҳаминро медонам, ки ҳеч чизро намедонам.
Суқрот.
Мисли ин, ки меҳнат ҷисмро обутоб медиҳад, мушкилот ақлро таҳким мебахшад.
Сенека.
Доштани мағз далели инсон будан нест, пиставу бодом низ мағз доранд. Барои инсон будан бояд шуур дошт.
Лев Толстой.
Инсони хуштолеъ ҳамонест, ки аз сангҳои ба сӯяш партобшуда пойдевори бахти худро месозад.
Ҷонеон Бринкли.
Варзиш ҷойи бисёр доруву дармонро мегирад, вале ягон дору ҷойи варзишро гирифта наметавонад.
Алфредо де-Мюссе.
Мо ду гӯш ва як забон дорем, ки бештар гӯш кунем ва камтар ҳарф бизанем.
Дивҷон Калбӣ.
Тарҷума ва таҳияи А.Субҳон.