Ӯзбекистон стратегияи рушди таҳсилот дар соҳаи молияи исломиро муаррифӣ кард

  • Ӯзбекистон стратегияи рушди таҳсилот дар соҳаи молияи исломиро муаррифӣ кард
  • Ӯзбекистон стратегияи рушди таҳсилот дар соҳаи молияи исломиро муаррифӣ кард
  • Ӯзбекистон стратегияи рушди таҳсилот дар соҳаи молияи исломиро муаррифӣ кард

Дар шаҳри Тошканд Форуми V кишварҳои ИДМ оид ба бонкдорӣ ва молияи исломӣ баргузор гардид, ки аз ҷониби созмони аморотии AlHuda CIBE ташкил карда шуд.

Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, муассисаҳои байналмилалии молиявӣ, доираҳои илмӣ ва коршиносони пешбар дурнамои рушди молияи исломӣ дар кишварҳои ИДМ, такмили заминаи меъёриву ҳуқуқии соҳа ва омодасозии кадрҳои баландихтисосро баррасӣ намуданд.

Дар кори форум сардори шуъбаи Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияҳои Ӯзбекистон Азамат Абдуллаев иштирок намуда, дар мавзӯи рушди таҳсилот дар соҳаи молияи исломӣ ва ташаккули сармояи инсонӣ ҳамчун асоси рушди устувори соҳа маърӯза кард.

Ӯ дар суханронии худ панҷ самти асосии такмили низоми омодасозии мутахассисон дар соҳаи молияи исломиро муаррифӣ намуд. Аз ҷумла, таҳкими заминаи меъёриву ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассуси ҳайати профессорону омӯзгорон, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва принсипҳои ESG, эҳёи мероси миллии илмӣ, инчунин мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ ба стандартҳои байналмилалӣ аз самтҳои калидӣ арзёбӣ шуданд.

Иштирокчиёни форум ба ислоҳоте, ки дар Ӯзбекистон барои рушди таҳсилот дар соҳаи молияи исломӣ ва омодасозии мутахассисони замонавӣ амалӣ мегарданд, баҳои баланд доданд.

Дар доираи чорабинӣ инчунин мулоқотҳо бо намояндагони муассисаҳои байналмилалии молиявӣ ва донишгоҳҳои пешрафтаи хориҷӣ баргузор шуданд. Ҷонибҳо имкониятҳои ҳамкориро, аз ҷумла таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон ва ҷорӣ намудани низоми байналмилалии сертификатсияи касбиро баррасӣ карданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: