Имкони эътирофи мустақими шаҳодатномаҳои миллии ронандагии Ӯзбекистон дар Олмон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Дар ин бора Агентии муҳоҷирати Ӯзбекистон хабар додааст.
Ҳамчунин, пешниҳодҳо оид ба осон кардани раванди ба кор қабул намудани ронандагони автобус ва мошинҳои боркаши Ӯзбекистон дар Олмон ва омода кардани онҳо мутобиқи талаботи ин кишвар муҳокима шудаанд.
Бино ба иттилои агентӣ, муовини роҳбари он Элёр Тоштемиров бо намояндагони ширкатҳои олмонии «Global Talent Alliance» ва «TSK Logistik» мулоқот кардааст. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони Ӯзбекистон дар соҳаи нақлиёт ва логистикаи Олмон баррасӣ шудаанд.
Зимни мулоқот пешниҳод шудааст, ки имкони эътирофи мустақими шаҳодатномаҳои миллии ронандагии Ӯзбекистон дар Олмон бо ниҳодҳои дахлдори ин кишвар мувофиқа карда шавад. Ҳамчунин, нақшаи таъсиси мактаби муштараки ронандагии Ӯзбекистону Олмон баррасӣ шудааст, ки дар он ронандагони автобус ва мошинҳои боркаш мутобиқи талаботи корфармоён омода карда мешаванд.
Дар анҷоми мулоқот байни Агентии муҳоҷират ва ширкати «Global Talent Alliance» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Ҷонибҳо ҳамчунин мушкилотеро, ки номзадҳо ҳангоми омода кардани ҳуҷҷатҳои раводид рӯ ба рӯ мешаванд, баррасӣ кардаанд.
Агентии муҳоҷират омодагии худро барои дастгирии ташаббуси таъсиси мактаби муштараки ронандагӣ ва мусоидат ба татбиқи он изҳор доштааст.