Нақши Ҷӯрабек Назрӣ дар рушди илму фарҳанг

Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Нақши Ҷӯрабек Назрӣ дар рушди илм ва фарҳанги тоҷик» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ӯзбекистон низ ширкат намуданд.

Конференсия бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 80-умин солгарди гиромидошти Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагон, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ, муҳаққиқ, хунёгари мумтоз, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷӯрабек Назрӣ баргузор гардид.

Дар конференсия олимону муҳаққиқон, аҳли илму фарҳанг ва меҳмонон аз хориҷи кишвар оид ба саҳми назарраси Ҷӯрабек Назрӣ дар рушди илму фарҳанг суханронӣ намуданд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода зикр намуд, ки таҳқиқотҳои илмии Ҷӯрабек Назрӣ манбаи муҳими илмӣ маҳсуб мешаванд.

Хидматҳои Ҷӯрабек Назрӣ дар таҳқиқи адабиёти классикӣ ва мусиқии тоҷик беназир буда, ӯро дар сатҳи байналмилалӣ ҷой додаанд.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим сухан аз сифатҳои олии инсонии Ҷӯрабек Назрӣ намуда, иброз дошт, ки Ҷӯрабек Назрӣ баҳри ваҳдату баҳамоварии инсонҳо мекӯшид ва тарғибгари худшиносиву ватандӯстӣ буд.

Директори Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Лутфия Абдулхолиқзода қайд кард, ки таҳқиқотҳои илмиву адабии Ҷӯрабек Назрӣ барои илми филологияи тоҷик ғановати бузург аст. Лутфия Абдулхолиқзода ҳамчунин ёдовар шуд, ки дар Китобхонаи миллӣ даҳҳо асару рисолаҳои Ҷӯрабек Назрӣ маҳфуз буда, Китобхонаи миллии Тоҷикистон Китобномаи шарҳиҳолии Ҷӯрабек Назриро рӯйи чоп овардааст.

Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода бо арзи сипос аз Академияи миллии илмҳо ва хонаводаи Ҷӯрабек Назрӣ барои хидматҳои шоёни хунёгари мутоз дар баргардон намудани «Захираи Хоразмшоҳӣ»-и Исмоили Ҷурҷонӣ аз хатти форсӣ ба сирилик иброз дошт, ки ин амал яке аз дастовардҳои беназири Ҷӯрабек Назрӣ мебошад, зеро «Захираи Хоразмшоҳӣ» шоҳасари бебаҳои тиббӣ маҳсуб мешавад.

Комилҷон РАҲИМОВ,

ходими пешбари илмии Институти шарқшиносии ба номи Берунии ФУ Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: