Назорати бонкӣ: 8 ташкилоти молиявӣ ҷарима шуданд

Дар шаш ҷаласаи Кумитаи назорати бонкии Бонки марказӣ, ки моҳи октябри соли 2026 баргузор гардид, дар маҷмӯъ 43 масъала баррасӣ шуда, вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Аз шумораи умумии масъалаҳои баррасишуда 23-тои он ба бақайдгирӣ ва додани иҷозатномаҳо, 20-тои дигар бошад, ба вазъи молиявии ташкилотҳои қарзӣ ва пардохтӣ марбут буданд.
Аз ҷумла, барои риоя накардани меъёрҳои эҳтиётии бонкӣ ва талаботи қонунгузорӣ, инчунин қоидавайронкуниҳои ҳангоми санҷишҳои нозиротӣ ошкоршуда нисбат ба 6 бонк ва 2 ташкилоти маблағгузории хурд ҷаримаҳои молиявӣ татбиқ карда шуданд.
Ғайр аз ин, 1 бонк ва 1 ташкилоти маблағгузории хурд дар бораи татбиқи чораҳо ва таҳримҳо огоҳ карда шуданд.
Дар самти бақайдгирӣ ва додани иҷозатномаҳо масъалаҳои бақайдгирии тағйирот ба оинномаи ташкилотҳои қарзӣ, додани шаҳодатномаҳои тахассусии аудиторӣ, ки ҳуқуқи гузаронидани аудити бонкҳоро медиҳанд, ба ҳисоб гирифтани ташкилотҳои маблағгузории хурд, аккредитатсия ва додани иҷозатнома ба ташкилотҳои пардохтӣ баррасӣ гардиданд.
Ҳамчунин, масъалаҳои додани иҷозат барои соҳиб шудан ба ҳисса дар сармояи оинномавии ташкилотҳои қарзӣ, баррасии номзадҳо ба ҳайати шӯрои нозирон ва раёсати бонкҳои тиҷоратӣ, инчунин кормандони дорои аҳамияти муҳим мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар доираи масъалаҳои марбут ба вазъи молиявӣ риояи дастуру супоришҳои Бонки марказӣ ва талаботи меъёрҳои эҳтиётӣ, натиҷаҳои санҷишҳои нозиротӣ дар ташкилотҳои қарзӣ ва ғайрибонкии қарзӣ, инчунин масъалаҳои санҷиши хизматрасониҳои молиявӣ дар доираи «озмоишгоҳи танзимшаванда» баррасӣ карда шуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: