Ҳудуди ин минтақаҳо аз ҷониби ҳокимияти шаҳри Тошканд тасдиқ шудааст.
Дар 21 ҳудуди воқеъ дар 10 ноҳияи шаҳри Тошканд нақшаҳои муфассали шаҳрсозӣ (мастер-режа) таҳия карда мешаванд. Масоҳати умумии ин ҳудудҳо 1 440,5 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин бора Кумитаи миллии рушди устувори урбанизатсия ва бозори манзил хабар додааст.Маркази ҷумҳуриявии таҳияи ҳуҷҷатҳои урбанизатсия ва шаҳрсозӣ барои интихоби ташкилотҳои лоиҳакаш, ки ба таҳияи мастер-режаҳо машғул мешаванд, озмуни электронӣ эълон мекунад. Дар он ташкилотҳои маҳаллӣ ва хориҷии дорои таҷриба дар соҳаи шаҳрсозӣ метавонанд иштирок намоянд. Дархостҳо тавассути платформаи etender.uzex.uz қабул карда мешаванд. Озмун дар шакли электронӣ ва тибқи тартиби хариди давлатӣ баргузор мегардад.
Ҳудуди минтақаҳои мазкур аз ҷониби ҳокимияти шаҳри Тошканд тасдиқ шудааст. Дар онҳо бунёди маҷмааҳои истиқоматӣ, иншооти иҷтимоӣ, марказҳои хизматрасонии маишӣ ва иншооти тиҷоратӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳудудҳое, ки барои онҳо мастер-режа таҳия мегардад, дар маҳаллаҳо ва минтақаҳои зерин ҷойгир шудаанд:
Ноҳияи Миробод: маҳаллаҳои «Абдурауф Фитрат», «Байналминал», «Янги Миробод», «Мингӯрик» ва «Ойбек»;
Ноҳияи Чилонзор: маҳаллаҳои «Катта Чилонзор-2», «1-Чарх Комолон» ва ҳудуди бозори Бешёғоч;
Ноҳияи Мирзо Улуғбек: маҳаллаҳои «Навниҳол», «Олтинтепа», «Авайхон» ва «Чингелдӣ»;
Ноҳияи Яшнобод: маҳаллаҳои «Амир Темур», «Ҷарқӯрғон» ва «Парвоз»;
Ноҳияи Бектемир: маҳаллаҳои «Забардаст» (Бектемир Сити), «Нурафшон» ва «Миришкор»;
Ноҳияи Сергели: маҳаллаҳои «Юқори Дархон», «Суғдиёна», «Кӯҳна Қумариқ», «Султонобод», «Зиёлилар» ва «Эскиҷалойир»;
Ноҳияи Учтепа: маҳаллаи «Катта Чӯпонота»;
Ноҳияи Янгиҳаёт: маҳаллаи «Гулшанобод»;
Ноҳияи Олмазор: маҳаллаи «Мискин»;
Ноҳияи Шайхонтоҳур: маҳаллаҳои «Оқлон» ва «Олим Хӯҷаев».