Бемориҳои узвҳои нафаскашӣ дар сурати сари вақт табобат нагирифтан метавонанд оқибати вазнин оранд.
Бо истифода аз маҷмўаи гиёҳҳои шифобахш метавон дар табобати баъзе ихтилолҳои узвҳои нафаскашӣ ҳамчун воситаи ёрирасон истифода бурд. Ба ин бемориҳо ва ҳолатҳо дохил мешаванд: диққи нафас, бронхити шадид ва музмин, илтиҳоби шуш (пневмония), бемории музмини обструктивии шуш, сили шуш, плеврит, сулфаи балғамдор ва сулфаи хушк.
— Ширинбия яке аз гиёҳҳои дорувории маъруф дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ширинбия ба луобпардаи гулў ва роҳҳои нафас таъсиринармкунанда дошта, метавонад озурдагии гулўро коҳиш диҳад. Ҷўшобаи решаи он балғамрон буда, хориҷшавии балғамро осон месозад. Дар баъзе тадқиқот таъсири зиддибактериявӣ ва зиддивирусии моддаҳои таркиби ширинбия қайд шудааст.
— Сапали шутур (мать-и-мачеха) метавонад барои осон кардани хориҷшавии балғами зиёдатӣ аз роҳҳои нафас ва нарм кардани луобпардаҳо мусоидат намояд. Баъзе таҳқиқот истифодаи онро ҳамчун воситаи ёрирасон ҳангоми сулфа, бронхит, астмаи бронхӣ ва дигар бемориҳои роҳҳои нафас омўхтаанд. Ин гиёҳро дар шакли хушк метавон чой карда, истифода бурд.
— Сесанбар (чабрец) низ ба осон шудани хориҷшавии балғам ва пешгирии ҷамъшавии балғам дар роҳҳои нафас мусоидат мекунад. Чойи сесанбар аз замонҳои қадим дар тибби халқӣ ҳамчун воситаи ёрирасон ҳангоми сулфа, сироятҳои роҳҳои нафас ва бемориҳои илтиҳобии системаи нафаскашӣ истифода мешавад. Бо ин мақсад ду қошуқча сесанбарро бо ду стакан оби ҷўш ба термос андохта, ним соат дам диҳед. Аз ин ҷўшоба рўзе чор маротиба ним стаканӣ ним соат пеш аз ғизо нўшед.
— Барои тайёр кардани дам кардаи кокутӣ 1 қошуқи калон баргу пояи хушки онро гирифта, ба болояш 1 стакан оби ҷўш резед. Зарфро маҳкам пўшида, тақрибан 1 соат нигоҳ доред. Ҳангоми бад шудани ҳолати умумӣ, ки ба нишонаҳои шамолхўрӣ вобаста аст, дамкардаи каме гармро рўзе як қошуқӣ 3 маротиба истеъмол кунед.