Бинои судӣ-экспертизавӣ ба истифода супурда шуд

Дар вилояти Сурхондарё, ба мақсади баланд бардоштанит сифати хидматрасонии судиву экспертӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолӣ, боз як лоиҳаи муҳим – бинои нави шуъбаи вилоятии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судии ба номи Хадича Сулаймононва ба истифода дода шуд.

Дар маросими тантанавии ба истифода супоридани бино ҷонишини вазири адлия М. Оллоқулиев, муовини ҳокими вилоят А. Амиров, масъулони мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони идораҳои давлатӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар бинои нав тибқи талаби замон имконияту шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, бори аввал лабораторияи экспертизаи судӣ-биологии ДНК-и инсон фаъол гардид ва акнун шаҳрвандон метавонанд аз хидмати муайян кардани падари биологӣ, бевосита, дар вилоят баҳра бардоранд. Ин барои аҳолӣ имконияти сарфаи вақту маблағ, барои  ҷараёнҳои судию тафтишотӣ дақиқию тезкориро фароҳам меоварад.

Дар доираи чорабинии мазкур барои кормандони мақомоти судию тафтишотӣ ва намояндагони мудофиа семинари махсус доир ба экспертизаи судӣ ва тартиби кори лаборатория созмон дода шуд.

Ба кор шурӯъ кардани лабораторияи нав ба таъмини адолат, кафолати ҳуқуқии шаҳрвандон ва баланд бардоштани шаффофияти  хидматрасонии экспертизаи судӣ мусоидат менамояд.

Сурайё Норманӣ.

Вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: