Дар моҳи июни соли ҷорӣ нерӯгоҳҳои бузурги офтобӣ ва бодии Ӯзбекистон дар маҷмӯъ 1 миллиарду 293,7 миллион киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол карданд.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 241,2 миллион киловатт-соат, ё 22,9 фоиз бештар мебошад.
Дар ин бора Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар дод.
Аз ҷумла, нерӯгоҳҳои фотоэлектрикии офтобӣ 1 миллиарду 48 миллион киловатт-соат, нерӯгоҳҳои бодӣ бошанд, 245,7 миллион киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол намуданд.
Ба шарофати ин натиҷаҳо:
344 миллион метри мукааб гази табиӣ сарфа гардид;
партоби 743 ҳазор тонна моддаҳои зараровар ба атмосфера пешгирӣ карда шуд.
Барои муқоиса, дар моҳи июни соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ аз нерӯгоҳҳои офтобӣ ва бодӣ 1 миллиарду 52 миллион киловатт-соатро ташкил дода буд.
Ҳаҷми нерӯи барқи «сабз»-и истеҳсолшуда дар моҳи июн ба ҳисоби миёна ба истеъмоли якмоҳаи 6,5 миллион хонавода ё ба истеъмоли солонаи 541 ҳазор хонавода баробар мебошад.