ё худ фишору зӯроварӣ алайҳи занон муборизаи дастаҷамъонаро тақозо мекунад
Дар мамлакатамон пешгирии фишору зӯроварӣ зидди занон дар сатҳи сиёсати давлатӣ қарор дорад. Тавре муовини ҳокими вилояти Фарғона – сардори Садорати кор бо оила ва зану духтарон Комила Кавланова дар суҳбат бо мо изҳор намуд, дар ин росто Фармони Президент аз 3 марти соли 2026 «Дар бораи чораҳои иловагии ташкилӣ ва ҳуқуқӣ оид ба тақвияти ҳифзи ҳуқуқи занону кӯдакон ва пешгирии ҳолатҳои зулму ситам нисбат ба онҳо»-ро ҳамчун сармашқи асосии фаъолияти худ қарор додаанд.
– Пеш аз ҳама ҷилавгирӣ аз сабабҳои сар задани зӯроварӣ зидди занон омили асосии муваффақият ба шумор меравад. Маҳз бар асоси фармони Сарвари давлат дар садорат гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфтааст, ки фаъолияти онҳо ба роҳандозии корҳои таблиғотӣ байни занон дар шаҳру ноҳияҳо равона шудааст. Аллакай аз тарафи ин гурӯҳҳо бо ширкати 229 ҳазору 665 шаҳрванд 12 ҳазору 686 чорабинии ҳуқуқӣ баргузор шуданд, ки натиҷаҳои хурсандибахшро ба бор овардаанд, – гуфт Комила Кавланова.
Вай афзуд, ки илова бар ин, ҷиҳати таъмини иҷрои ин фармон 4-нафарӣ аз ҳар маҳалла дар гурӯҳҳои маҳаллабайъ 50 гурӯҳи таблиғотии ноҳиявӣ ва 30 гурӯҳи шаҳрӣ таъсис дода шудаанд. Дар он 19 мудири шӯъ-баҳои шаҳриву ноҳиявӣ, масъулини ташкилотҳои шарик дар ҳамкорӣ бо аъзои Шӯрои ҷамъиятии «Мактаби бибиҷонҳо» ва ҳаракати «Занони оқил» барои пешгирӣ аз ҳолатҳои ногувори фишору зӯроварӣ алайҳи занон корҳои таблиғотиро вусъат бахшидаанд.
– Яке аз масъалаҳои умда фаҳмондани оқибатҳои манфии издивоҷ ва таваллуди бармаҳал, инчунин издивоҷи байни хешовандони наздик мебошад. Дар ин кор ба мо имом-хатибони масҷидҳо кумак мерасонанд. Онҳо аз тариқи мавъизаҳои худ дар намозҳои рӯзи ҷумъа ба мардум мефаҳмонанд, ки аз издивоҷҳои бармаҳал ва пинҳонии байни хешовандон пешгирӣ кунанд, дар акси ҳол аз оқибатҳои ногувори он ҷавонони зиёд зарар мебинанд ва мӯъҷиби ҷудошавию пароканда шудани оилаҳо мегардад, – иброз дошт К. Кавланова.
Дар Маркази барқарорсозӣ ва мутобиқсозии занон 60 нафар тӯли 10 моҳ мавриди омӯзиш қарор ёфтаанд. Онҳо баъди анҷоми курси омӯзишӣ ба манзури таъмини ҳифзи иҷтимоии занон, инчунин ҷалб кардани зану духтарон ба курсҳои дӯзандагӣ ва қаннодӣ хеле мусоидат кардаанд. Ҳатто қурбониёни фишору зӯроварӣ таҳти ҳимоя қарор гирифтаанд ва фарзандони онҳо бо кумаки аъзои ин гурӯҳ дар мактаб, бо назардошти истеъдод ба маҳфилҳои гуногун ҷалб шудаанд.
– Ногуфта намонад, ки ходимони садорат сабабу омилҳои талоқи байни навхонадорон ва ҷудошавиҳоро низ таҳлил мекунанд ва бар асоси он корҳои фаҳмондадиҳиро пиёда менамоянд. Онҳо бештар ба он диққат мекунанд, ки оё ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ омодаанд ё на. Дар ин замина ба марказҳои омодасозии ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ 16 ҳазору 716 ҷавононе ҷалб гардидаанд, ки барои бастани ақди никоҳ қарор кардаанд, – қайд намуд К. Кавланова.
Бо ибтикори садорат ҷиҳати баланд бардоштани огоҳии аҳолӣ дар бораи масъалаҳои бунёди оила ва тарзи ҳаёти солим 1 ҳазору 985 мизи мудаввар ва вохӯриҳо ташкил шуданд, ки иштирокчиёни асосии онро номзадҳои эҳтимолии издивоҷ ташкил мекарданд. Дар ин кор ба садорат Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва мутахассисони соҳаи тиб дасти ёрӣ дароз кардаанд.
– Мо тавонистем дар натиҷаи системаи огоҳкунӣ аз 36 ҳолати издивоҷи бармаҳал пешгирӣ кунем. Ҳоло дар саросари вилоят 237 духтар ба феҳрасти гурӯҳи хавф ворид шудаанд. Қисми асосии онҳоро духтароне ташкил медиҳанд, ки волидонашон муддати тӯлонӣ ҷои дигар рафтаанд, бе парастор ё бо волидайни дигар зиндагӣ кардаанд, аз оилаҳои ҷудошуда, хонаводаҳое буданд, ки волидони бемор, бахусус бемории рӯҳӣ доштанд ва наметавонистанд ба духтарашон таваҷҷуҳи кофӣ зоҳир кунанд, – зикр намуд сардори садорат. – 79 нафари онҳо дар оилаҳои ноором ба воя расидаанд. Ҳоло барои ҳар яки онҳо нақшаҳои инфиродӣ таҳия гардида, кумакҳои ҳуқуқӣ, равонӣ, тиббӣ ва молиявӣ расонида мешавад.
Дар даҳ моҳи аввали соли ҷорӣ, ба 17 ҳазору 666 зане, ки қурбони зулму зӯроварӣ буданд, «Ордери ҳимоя» дода шуд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 ҳазору 887 адад зиёд аст. 13 ҳазору 260-то зулму ситам дар оила, 2 ҳазору 785-то дар кӯча ва ҷойҳои ҷамъиятӣ, 102-то дар муассисаҳои таълимӣ, 261-то дар ҷамоаҳои меҳнатӣ, яъне дар ҷойҳои корӣ ва 1 ҳазору 258-то дар ҷойҳои дигар рух додаанд.
– Ордерҳои ҳимоя асосан барои ҳифзи 8617 нафар зан аз шавҳар, ҳимояи 1158 келин аз хушдоман, инчунин ҳифзи 512 нафар хушдоман аз зулми келинҳо дода шудаанд, – мегӯяд муовини ҳокими вилоят.
То ҳол 1208 нафар барои риоя накардан ба талаботи ордери ҳимоя ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Дар натиҷаи корҳои пешгирикунанда дар оилаҳое, ки ордери ҳимоя доранд, дар ҳамкорӣ бо «ҳафтгона»-и маҳалла ва аъзои ҳаракати «Занони оқила» 7276 оила оштӣ дода шуданд ва низоъҳои 9856 оила мусбат ҳал гардиданд, 275 оила аз ҳам ҷудо шуданд ва кор бо 259 оила, ҳоло идома дорад.
Комила Кавланова ишора намуд, ки ба 345 зани ба кумаки иҷтимоӣ ниёзманд дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои салоҳиятдор ҷои кор фароҳам оварда шуд, 688 нафар аз кумаки моддӣ ва иҷтимоӣ баҳраманд гардиданд, ҳуҷҷатҳои 479 нафар барқарор шуд, 210 нафар барои табобат дар муассисаҳои тиббӣ ҷойгир шуданд, 104 нафар барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ кумак гирифтанд ва 136 нафар ба муассисаҳои таълимӣ барои идомаи таҳсил баргардонида шуданд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.