Ҳарорати миёнаи шабонарӯзии сайёра аз нишондиҳандаи давраи то индустриализатсия ба таври рекордӣ 2,23 дараҷаи Селсий баландтар шуд. Дар ин бора агентии Anadolu хабар медиҳад.
Тибқи маълумоти пешакии Хадамоти аврупоии назорати тағйирёбии иқлим – Copernicus, ин нишондиҳанда аз рекорди қаблӣ, ки рӯзҳои 17 ва 18 ноябри соли 2023 ба қайд гирифта шуда, 2,05 дараҷа гармиро ташкил медод, баландтар аст. Дар ин бора Kazinform хабар додааст.
Дар се соли охир 11 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки ҳарорати миёнаи шабонарӯзии сайёра аз сатҳи давраи то индустриализатсия беш аз 2 дараҷа баландтар буд. То моҳи ноябри соли 2023 чунин ҳолатҳо мушоҳида нашуда буданд.
Иқлимшиноси амрикоӣ Зик Хаусфатер эҳтимол медиҳад, ки дар рӯзҳои наздик фарқи ҳарорат аз нишондиҳандаи давраи то индустриализатсия метавонад ба 2,3 дараҷа расад.
Олимон болоравии ҳароратро асосан ба партовҳои газҳои гулхонаӣ ба атмосфера, ки дар натиҷаи сӯзондани ангишт, нафт ва гази табиӣ ба вуҷуд меоянд, рабт медиҳанд. Илова бар ин, падидаи табиии Эл-Нинйо низ гармшавии глобалиро тақвият дода, хатари хушксолӣ ва обхезиро дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон зиёд мекунад.
Тибқи пешгӯии иқлимшиносон, эҳтимол аст, ки ҳарорат то моҳи марти соли 2027 аз ҳадди 2 дараҷа боло боқӣ монад.
Ҳамзамон, мутахассисон таъкид мекунанд, ки нав шудани рекордҳои ҳарорати шабонарӯзӣ маънои вайрон шудани ҳадафҳои дарозмуддати иқлимии Созишномаи Парижро надорад.
Аз асри XIX ба ин сӯ ҳарорати миёнаи сатҳи Замин тақрибан 1,3 дараҷаи Селсий баланд шудааст.