24 ноябр дар шаҳри Женеваи Швейтсария партияи аввали рақобат барои тоҷи ҷаҳонии дар шоҳмот байни гроссмейстери Ӯзбекистон Ҷавоҳир Синдаров ва чемпиони феълии ҷаҳон, шоҳмотбози ҳиндӣ Гукеш Доммараҷу баргузор гардид.
Ҷавоҳир Синдаров, ки бо муҳраҳои сафед бозӣ мекард, рақобати нахустро мусовӣ анҷом дод.
Ҳамин тариқ, пас аз бозии аввал дар рақобате, ки аз 14 партия иборат аст, ҳисоб 0,5:0,5 мебошад.
Мубориза барои тоҷи ҷаҳонии шоҳмот идома дорад!
Партияи дуюми рақобат имрӯз, соати 19:00 бо вақти Тошканд баргузор мешавад.